logo

иҷтимоиёт

АЗ АДАБИЁТИ ПРОЛЕТАРӢ ТО МУБОРИЗАҲОИ ШАДИД

Соли 1932 дар қаламрави Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ Ассотсиатсияи нависандагони пролетарӣ барҳам хӯрд. Он дар шаклу номи дигар зуҳур кард: Иттифоқи нависандагони шуроӣ. Маҷаллаи «Роҳбари дониш» низ дар ин зимн ба «Адабиёти сотсиалистӣ» табдили ном кард ва он чун нашрияи Иттифоқи нависандагони шуроии Тоҷикистон моҳе як бор мебаромад. 
 
Қарори Кумитаи Марказии ВКП (б) аз 23 апрел «Дар бораи аз нав сохтани ташкилотҳои адабӣ ва бадеӣ» баромад. Мувофиқи қарори мазкур дар назди ин ташкилот як фраксия – фраксияи коммунистӣ амал мекунад.
Вазифаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ин марҳала, яъне солҳои 1932-1946, муайян гардиданд. Тибқи он бояд тамоман «унсурони капиталистӣ ва умуман, синфҳоро барҳам дода ва сабабҳоеро, ки боиси пайдо шудани тафриқаандозӣ ва истисмор мешавад, маҳв намуда, дар иқтисод ва дониши аҳолӣ бидъатҳои куҳнаи капиталистиро нест намуда, тамоми аҳолии меҳнаткаши мамлакатро ба бинокунандагони бодониш ва фаъоли ҷамъиятӣ табдил намояд».
Дар ин асос муборизаи шадид бо ғаразҷӯиву кинатузӣ, рашку ҳасад оғоз ёфт. Адибоне, ки имрӯз номашон бештар ба хонандагони асилу мутахассисони соҳа маълум аст, аз қабили Мунзим, Зеҳнӣ, Суҳайлӣ, Ҳусейнзода, Икромӣ, Пӯлодӣ, Ҳаким Карим ва Улуғзода гурӯҳе ба панисломизм, оппортунизм нисбат дода шуда, зери фишори сахт қарор гирифтанд.
Бо ин ҳама аз ин миён Пӯлодӣ ва Улуғзода ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Адабиёти сотсиалистӣ», дар баробари Лоҳутӣ, Айнӣ, Расулӣ, Азизӣ, Рашид Абдулло, таъин гардиданд.
Назарҳо ба шакли пешини ин Иттифоқ ба маънии манфиаш тағйир меёбад. Албатта, дар ин қатор ба бархе аз адибону муҳаққиқон низ. Таърих онро чунин бозгӯ мекунад: «Ҷамъияти нависандагони Тоҷикистон дар як вақте ташкил шуда буд, ки дар адабиёти миллӣ таъсироти унсурҳои ғайрииҷтимоӣ, миллатпарастӣ, пантуркизм (монанди Фитрат, Вадуд Маҳмудӣ ва ғайра) бисёр буд. Ин унсурҳои аксулинқилобӣ аз суст будани корҳои нависандаҳои пролетарии Тоҷикистон истифода бурда, ҳар гуна асарҳои бадбинӣ – акси пролетариро чоп кунондаанд.
Барои мактабҳо дар таҳти ниқоби навиштани китобҳои забони модарӣ («Сарфу наҳв»-и Фитрат ва ғайра) мехостанд, ки таъсиротҳои давраи куҳнаро дар байни зиёиёни мо паҳн намоянд». Суоле пайдо мешавад, ки бо чунин нигоҳ, мавқеъ чӣ тадбирҳо андешиданд. Посухҳо вуҷуд доранд. Аз ҷумла: «Лекин дар натиҷаи ҳушёрии фирқавӣ ва тайёр шудани кадрҳои нав ин асарҳои акси пролетарӣ фош карда шуд. Қисмати китоб ва рисолаҳо аз доираи мактабу маориф берун карда шуд».
Зеҳнӣ ва як қатор дигар шоиронро ба он гунаҳкор менамоянд, ки бо истифодаи шиорҳои фирқа (партия) шаклан тобиши сотсиалистӣ дода, мазмунан онҳоро «ба мафкураи буржуазии миллӣ дар майдони мубориза барои пешрафти мафкураи аксулинқилобӣ ба кор мебаранд».
Дар хусуси Суҳайлӣ Ҷавҳаризода менависанд, ки «Як қадам ҳам дар ҷабҳаи адабиёти мо пеш рафта наметавонад». Сарвар, Муҳиддин Аминзодаро низ ба ин гурӯҳ дохил мекунанд.
Пайрав Сулаймонӣ ҳам, ки гӯё дар эҷоди шеър аз символизм истифода кардааст, мавриди танқид қарор мегирад. Шарҳи ин ҷараён ва мисолҳои оварда имрӯз тааҷҷуббарангез аст, аммо дар он даврон таъсири сахту бади руҳӣ дошт. Ҳамчунин, имкон ба вуҷуд оварда метавонист, ки чун душмани синфӣ, сохти нав маҳв гарданд. «Душманони синфӣ акнун фикри худашонро рӯирост гуфта натавониста, усулҳои символизмро кор мефармоянд... Тамоми шеърҳое, ки Фитрат ва Вадуд Маҳмудӣ навиштаанд, ба усули символизм аст. Дар шеърҳои Суҳайлӣ, Пайрав ҳам символизм кор фармуданаш дида мешавад. Символизм, яъне, ҳар як мақсадашонро дар зоҳир ба як чизи сода шабеҳ карда мегӯянд, лекин дар амал мақсадашон дигар аст». Дар ин маврид шеъри «Сабзаҳои навхез»-и Вадуд Маҳмудиро мисол меоранд, ки аз дамидани шамоли хунук ба гулзор, баргҳои кабуду сафед хазон густурда мешавад. Ҳамчунин, барои исботи гуфтаҳо шеъри «Тирамоҳ»-и Фитратро низ чун намуна меоранд:
Ин фасли хазон аст, дарахтон ҳама зарданд,
Ку сабза? Куҷо лола? Ба гулзор чӣ карданд?
Аз чангу ғуборе, ки бувад моҳи хазонро,
Бечора дарахтон ҳама олудаву зарданд.
Дар хусуси ин шеър менависанд: «Ҳоҷат ба шарҳ додани ин шеър нест. Фитрат «ҳама олудаи дарданд» гуфта худаш, боён, муштзӯрон ва муллоён – душманони пролетариён – аксулинқилобчиёнро мегӯянд...».
Имрӯз дар асоси адабиётшиносии муқоисавӣ агар мисраъҳои Фитратро ба ин мисраъҳои Манучеҳрӣ, шоири классик, муқоиса ва таҳлил намоянд, ҳақиқат равшан мегардад. Яъне, пас аз ин ӯро бо истифодаи «символизм» гунаҳкор карда наметавонем:
Хезеду  хаз оред, ки ҳангоми хазон аст,
Боди хунук аз ҷониби Хоразм вазон аст.
Он барги ризон аст, ки дар шохи разон аст,
Гӯӣ ба масал пираҳани рангразон аст.
Деҳқон ба тааҷҷуб сари ангушт газон аст,
К-андар чаману боғ на гул монду на гулнор.
Ҳамин тавр, пайравӣ ба адабиёти гузашта, шоирони оламшумули тоҷик хавфи зиёд эҷод карда метавонист. Бояд мақсад урён ва дар доираи талаботи сохти ҷамъиятӣ ва ҳизб мебуд.
Агар ҳам Манучеҳрӣ дар солҳои 30-юми асри рафта чунин эҷод мекард, бешак, чун душмани синфӣ шинохта мешуд ва барои мусаммати дар асл олияш мавриди танқиди шадид қарор мегирифт. Махсусан, ин банди дуюми мусамматаш синфгароёни аршадро сахт ба ташвиш меовард:
Товуси баҳориро дунбол биканданд,
Парраш бибуриданду ба кунҷе бификанданд.
Хаста ба миёни боғ ба зориш писанданд,
Бо ӯ нанишинанду нагӯянду наханданд,
В-ин парри нигорин-ш бад-ӯ боз набанданд,
То озаримаҳ бигзараду ояд озор.
Тавре зикр шуд, Пайрави Сулаймонӣ низ аз чунин бадгумониҳои ҳамзамонони синфгарояш дар канор намонда буд. «Символизм» - ин тамғаи эҷодшуда ӯро низ насиб гардид. Аз саҳифаи таърих мехонем: «Инчунин, дар «Шукуфаи адабиёт»-и Пайрави Сулаймонӣ, дар шеърҳое, ки «Оҳанги тор», «Қалам», «Шаби ҳиҷрон», «Ба хаёли ҷонон», «Парвоз мекунад», «Насими баҳор», «Оташ» бо усули символизм навишта шудааст:
Дил боз дар ҳавои ту парвоз мекунад,
Пирест, ёди кӯдакӣ оғоз мекунад.
Пайрав бо ин шеъри худаш ҳукумати буржуазиро орзу мекунад». Ин шоири асилу боистеъдод чандин бор мавриди танқиди шадид қарор мегирад, аммо ба ақидаи мухолифони эҷодаш «дар платформаи шуроӣ буданашро дар амал нишон» намедиҳад ва хомӯш нишастанро авлотар медонад.
Ин гуна муборизаҳои шадид сабаб гардиданд, ки бархе аз эҷодкорони дигар на танҳо хомӯш бишаванд, балки барои муддате тарки кишвар бинамоянд.
Дар бораи Ҷалол Икромӣ навиштани ин сатрҳоро дар он рӯзгор раво диданд: «Дар бораи оппортунизми рост дар эҷодиёти адабӣ аввалан, Ҷ. Икромиро мисол гирифтан зарур аст. Дар бисёре ҳикояҳои Ҷ. Икромӣ муборизаи синфӣ инкор карда мешавад».
Дар бораи муҳаққиқи соҳа Ш. Ҳусейнзода рӯирост бадгӯӣ мекунанд ва гуфтаи ӯро баръакс, бар зидди худаш ва адабиёт шарҳу тафсир мекунанд. Аз ҷумла: «Ш. Ҳусейнзода бо ин суханони худаш, ки «бунёд намудани адабиёти нави тоҷик ба ҷавонони меҳнаткаше махсус мебошад, ки ҳоло онҳо дар мактабҳои шуроӣ машғули тарбиягарӣ мебошанд гуфта, дар мо набудани адабиёти пролетариро таъкид менамояд..., инчунин, рафиқ Ш. Ҳусейнзода сухани Тротскийро қувват дода, гул-гул шукуфтани адабиёти пролетарии моро танҳо ба воситаи дар мактаб хонда истодагон... медонад.
Ба ин сабаб, барои будани адабиёти пролетариро мункир шуданаш ва ҳам аз тамоюли зиёиёни буржуазии майда чашм пӯшиданаш... рӯирост зуҳури оппортунизми рост аст. Дар баробари ин, ба воситаи зиёиён донистани тараққии адабиёти пролетарӣ гуфтанаш ба лагери тротскийчигӣ мебарад».
Бар зидди Абулқосим Лоҳутӣ, шоири инқилобӣ, низ мехоҳанд бароянд, аммо пеши роҳи ин амал гирифта мешавад. «Шеърҳо- эҷодиёти адабии адиби пролетарӣ рафиқ Лоҳутӣ як дарси сиёсӣ аст, вайро дар кружокҳои сиёсӣ кор карда баромада мешавад.
... Бояд инро ҳам қайд карда гузарем, ки руҳияҳои ба шоири инқилобӣ рафиқ Лоҳутӣ қимат надодан ҳам буд, балки ҳозир ҳам ёфт мешавад. Мо дар таҳти роҳбарии Кумитаи Марказии фирқа... ба он руҳияҳо зарбаи сахт расондем... боз ҳам зарбаҳои сахт зада, муборизаҳои болшевикӣ мебарем».
Бо вуҷуди ин, пас аз ҳашт сол, яъне соли 1940, Абулқосим Лоҳутӣ дар матбуоти даврӣ мавриди танқид қарор мегирад: «Аммо вақте ки мо бо асарҳои ҷаҳоншумули устод Лоҳутӣ фахр мекунем, як қисм асарҳои охирини ӯро аз назар дур партофта наметавонем, ки дар асарҳои он сарояндаи баландовозаи ҳаёти нав ва ба қуллаҳои баланд расондани поэзияи револютсионии тоҷик дар қафаси лирикаи «соф»-и бадбинона ва ба ҷавонони имрӯзаи мо бегона мемонад. Вақте ки мо сатрҳои:
Хуршеди ман куҷоӣ?
Сард аст хонаи ман!
Дур аз рухат сарои
Дард аст хонаи ман!
-ро мехонем, дар ҳайрат мемонем ки оё онҳоро ҳам ҳамон табъи оташбор ва сарояндаи:
Нӯшам ба шодмонии он дам шароби сурх,
К-аз шарқи инқилоб дамад офтоби сурх 
эҷод кардааст»?
Соли 1937 низ соли вазнину даҳшатбор барои бархе аз адибони тоҷик ба шумор меравад. Ин навиштаҳо гувоҳ бар он аст: «Чӣ тавре ки дар дигар соҳаҳо рӯй дода омад, дар Союзи нависандагон ҳам душманони халқ, миллатчиёни буржуазӣ, тротскичигӣ – бухаринчиёни ҷосусони фашистӣ ҷойгир шуда, дар ин ҷо кори хоинонаи худро дер вақт давом дода омаданд». Ба ин гурӯҳ, аз ҷумла Дайламӣ, Раҳим Ҳошим, Ғанӣ Абдулло, Рабеӣ, Ҷалол Икромӣ, Алӣ Хуш дониста мешуданд.
Дар чунин вазъ на танҳо эҷод, балки зиндагӣ кардан душвор буд. Ин ҳама ба руҳияи адибон таъсири худро мегузошт ва дар офаридани асарҳои бадеӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ мегардиданд.
Сиёсату идеологияи давр то ҷое монеи эҷоди асарҳои асили адабиёт, ки бо хоҳиш, завқу ҷаҳонбинии нависанда бояд сурат мегирифт, шуда метавонистанд. Ҳолиё зарур аст, ки шук-ри Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиштагиро бинамоем, ки чунин монеаҳои солҳои бистуму сиюми асри пешин вуҷуд надоранд.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2022    №: 102    Мутолиа карданд: 1049
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед