logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

27 май таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
 
Дар маҷлис нахуст ҳисоботи раисони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷараёни иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019 дар бораи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) шунида шуд.
Таъкид гардид, ки Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ба талаботи замони муосир мутобиқ кардани ҳолати инфрасохтор, хизматрасониҳои сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар, таҳия гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони масъул супориш доданд, ки барои амалӣ кардани Нақшаи чорабиниҳо бо истифода аз тамоми имкониятҳо, чораҳои мушаххас андешанд.
Сипас, лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдои электронӣ”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ”, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ” ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Дар маҷлис, ҳамчунин, масъалаҳо Дар бораи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Дар бораи манъ намудани воридот, истеҳсол ва ба фурӯш баровардани фурӯзонакҳои симобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар охири маҷлис Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои саривақтии дастурҳои қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии саривақтию беталафи ҳосил, кишти такрорӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолу содироти маҳсулот, назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва татбиқи дигар нақшаву чорабиниҳо, супоришҳои мушаххас доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2022    №: 103    Мутолиа карданд: 3230
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед