logo

сиёсат

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 
28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар рӯзи таҷлили 28-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадӣ ташриф оварданд.
 
Мавриди зикр аст, ки Маркази таълимии “Пойтахт” барои омодасозии мутахассисони хурди ҳайати сарбозону сержантон ва бозомӯзии ҳайати шахсӣ ва сатҳи роҳбарии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази таълимии “Пойтахт” машқгоҳи таълимии тирандозиро ба истифода супурданд. Дар машқгоҳи мазкур, асосан, афсарон ба сарбозон истифодаи дурусти силоҳи гуногуни оташфишон ва нозукиҳои тирпаррониро меомӯзонанд. Ҳамзамон, ин машқгоҳ барои такмили ихтисос ва малакаи касбии афсарон пешбинӣ шудааст.
Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити фароҳамшуда дар ин таълимгоҳи низомӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам такмилу тақвият додани маҳорату малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ, хусусан ба афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ, тавсияҳои судманд доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадӣ аз рӯи 19 ихтисос кадрҳои низомӣ, аз ҷумла минаҷӯён, алоқачиён, кинологҳо, ронандаҳо, нишонзанҳо, дастурдиҳандагони тиббӣ ва тирандозон, аз ҳисоби сарбозони навдаъват омода карда шуда, барои идомаи хизмат ба қисмҳои ҳарбии сарҳадӣ фиристода мешаванд.
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани дарсҳои назариявию амалӣ дар ин Маркази таълимӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Раванди омӯзиш дар Маркази таълимии “Пойтахт” бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимӣ ба роҳ монда шуда, ба кадрҳои ҷавон донишҳои замони муосир дар сатҳи баланд омӯзонда мешаванд.  
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуқтаи фармондеҳӣ аз намоиши техникаи ҳарбӣ, машқҳои таълимию тактикӣ ва омодабошии ҷангии афсарону сарбозони тоҷик боздид намуданд. Дар майдони тактикӣ дар 13 нуқта барномаҳои таълимӣ бо ҷалби ҳайати шахсӣ, техникаю таҷҳизоти зарурӣ ва сагҳои хизматӣ ба роҳ монда мешаванд. Дар намоиши омодагии ҷангии сарҳадбонон амалиёти дастгирнамоӣ ва ё безараргардонии сарҳадшикани қочоқбар намоиш дода шуд.
Бояд гуфт, ки омодасозии сагҳои хизматӣ ва кинологҳо аз ҷумлаи ихтисосҳое мебошанд, ки дар маркази таълимӣ тайёр карда мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати роҳбариву фармондеҳии сохторҳои қудратии мамлакат доир ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси низомӣ ва сайқал додани таҷрибаи афсарону сарбозон супоришҳои мушаххас доданд.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шароити басо сангини солҳои аввали Истиқлоли давлатии кишвар  бе заминаи моддию техникӣ таъсис ёфт. 
Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвас-таи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ мукаммал шуда, рӯз ба рӯз фаъолияти хизматӣ ва шароити  маишии афсарону прапоршикҳо ва сарбозон, ки шабонарӯзӣ хати марзи давлатиро ҳимоя менамоянд, хубтару беҳтар мегардад. Ин аст, ки имрӯз Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлат ташаккул ёфта, дар сафи пеши ҳимояи сулҳу суботи сартосарӣ, мубориза бар зидди қочоқбарон, пешгирии убури хати сарҳади давлатӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи оромии кишвар қарор дорад.    
Бо дарназардошти фароҳам намудани шароити мусоиди хизматию маишӣ   марзбонони матиниродаи тоҷик неруву тавони тоза гирифта, дар таъмини  амнияти осоиштагии  ҷомеа дар хати марзи давлатӣ бо ҳушёриву зиракӣ адои хизмат менамоянд.
Бояд гуфт, ки аз соли 2005 инҷониб масъулияти ҳифзи сарҳади давлатӣ бар зиммаи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст ва масъулияти ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун ҳомиёни далеру шуҷои марзу буми Ватани аҷдодӣ бамаротиб бештар гардид.
Имрӯзҳо дар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ  дар баробари мардон, занону бонувон низ содиқонаю софдилона фаъолияти босамар доранд, ки ин намунаи баланди шуҷоату шарафмандӣ ва нангу номуси ватандорӣ мебошад.
Дар ҳудуди Маркази таълимии “Пойтахт” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди ошхона ва хобгоҳи сарбозон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.  Иттилоъ доданд, ки иншооти нав аз тарафи соҳибкори ватанӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов мутобиқ ба талаботи муосир сохта мешавад. Аз рӯи лоиҳа ошхона барои 1000 ҷойи нишаст ва хобгоҳ барои 1000 нафар пешбинӣ гаштааст. Ошхона дар ошёнаи аввали бино ҷойгир шуда, дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи пухтупаз, сехи нонпазӣ, анбори нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Хобгоҳ бошад, дар ошёнаҳои 2, 3 ва 4 ҷойгир мешавад, ки масоҳати умумии иншоот 1700 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Дар бинои ошхона ва хобгоҳ лифти замонавӣ насб шуда, долонҳои барҳаво, ҳуҷраҳои корӣ барои афсарон, нуқтаҳои нигаҳдории силоҳ, ҳуҷраҳои маишиву фароғатӣ ва ёрирасон сохта мешаванд. Муҳлати сохтмон ду сол буда, дар раванди корҳои бунёдӣ аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода мегардад. Дар корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби бригадаи сохтмонии Қӯшунҳои сарҳадӣ низ бинокорон ҷалб хоҳанд шуд.
Сарвари давлат ба масъулон барои босифат иҷро кардани корҳои сохтмонӣ ва дар фурсати муайяншуда ба истифода додани иншооти мазкур дастуру супоришҳои мушаххас доданд. 
Дар ҳудуди Маркази таълимии “Пойтахт” марҳила ба марҳила биною иншооти соҳавӣ сохта шуда, барои афсарону сарбозон шароити арзандаи хизматию маишӣ фароҳам мегардад.
Ёдовар мешавем, ки солҳои 2017, 2019 ва 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази мазкур ташриф оварда, як қатор иншооти навро мавриди истифода қарор доданд, ки барои беҳтар намудани шароити маишию хизматии афсарону сарбозон пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар Маркази таълимии “Пойтахт” биноҳои наву муосири таълимӣ, “Кохи Шараф”, коргоҳи дӯзандагӣ, таълимгоҳи радиотехникии идоракунии сарҳад, толори варзиш, фермаи парандапарварӣ ва дигар иншооти соҳавӣ бо тарҳи муосир бунёд шудаанд. Хусусан, дар бинои таълимӣ, ки дорои 20 синфхонаи барҳавои дарсӣ мебошад, мутахассисони соҳа бо истифода аз технологияи пешрафта ба курсантон ва дигар шунавандагон дар баробари омӯзиши барномаҳои таълимии ҳарбӣ забонҳои хориҷӣ, аз қабили русӣ, англисӣ ва чиниро меомӯзонанд. Тамоми иншооти маркази таълимӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малака, омодагии ҳарбӣ, руҳияи сарбозӣ ва ҳисси худшиносию ватанпарастии муҳофизони сарҳад бунёд гардида, бо муосиртарин таҷҳизоти таълимию хизмати марзбонӣ таъмин мебошанд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешавад, дидан карданд. Дар намоиш номгӯи зиёди сабзавоту полизӣ, меваҷот, ғалладона ва маҳсулоти консервашуда муаррифӣ гардид.
Ба иттилои масъулон, бо мақсади ғанӣ гардондани дастархони сарбозон бо маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯшту шир дар назди Раёсати ақибгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи хоҷагии ёрирасон ташкил ёфтааст, ки ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадиро бо  маҳсулоти тару тозаи табиӣ таъмин менамояд.
Тибқи дурнамо соли 2022 дар хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар 460,5 гектар кишти маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла,  дар 194,5 гектар кишти баҳорӣ, 73 гектар кишти такрорӣ ва 193 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронда мешавад. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба сохтору воҳидҳои ин ниҳоди қудратии мамлакат дастрас мегардад. Дар баробари боғҳои мавҷуда, бунёди боғҳои нав низ идома дорад. Парвариши чорвои хурду калон ва паранда дар хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадӣ ба роҳ монда шуда,  ҳамасола саршумори он меафзояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадиро  барои истифодаи босамари ҳар қитъа замин, ки дар ихтиёри хоҷагиҳои ёрирасон аст, ҳидоят намуданд. Дастур дода шуд, ки кишту парвариши маҳсулоти   кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза бештар карда шуда, қисме аз он барои мавсими тирамоҳу зимистон захира гардад.
Сипас, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ифтихори  28-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ саф ороста буданд, суханронӣ намуданд. Сарвари давлат  сарҳадбонони тоҷикро ба муносибати ин санаи фархунда табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар иҷрои вазифаи пуршарафи ҳарбӣ шуҷоату далерӣ ва комёбию сарфарозӣ орзу карданд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ гузашти низомӣ баргузор гардид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2022    №: 103    Мутолиа карданд: 915
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед