logo

иҷтимоиёт

ХУҶАНД. БОҒҲОИ ФАРОҒАТӢ ТАРОВАТИ ТОЗА ДОРАНД

 
Боғҳои фарҳангиву фароғатии  шаҳри Хуҷанд маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ мувофиқ бо диди замони муосиру талаботи рӯз навсозӣ шуда, намуди ҷолиб гирифтаанд ва дар ин радиф, ҳамчунин, қатори дигар иншоотҳои гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ боғу марказҳои нави фароғативу фарҳангӣ бунёд ёфтаанд, ки  ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.  Ҳоло  баҳри истироҳату фароғати сокинони шаҳр маҷмааи боғи фарҳангии ба номи Хоҷа Камол иборат аз осорхонаҳои таърихӣ, бостоншиносӣ ва манзили шоир, боғи навбунёдёфтаи фарҳангии ба номи Хоҷа Маҳмуди Хуҷандӣ, боғи фарҳангию истироҳатии Наврӯзгоҳ, боғи Ғалаба, чандин марказҳои фарҳангии ба номи Лоиқ Шералӣ, маҷмааи таърихии Истиқлол ва даҳҳо  гӯшаҳои фароғатӣ фаъолият доранду ҳамасола аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд ва соҳибкорон дастгирии молиявӣ мебинанд.  
То чи андоза иншоотҳои мазкур ба мавсими имсола омодаанду  ба сокинони шаҳру меҳмонони дуру наздик дар кадом сатҳи хизмат мерасонанд, шинос шудем. Мушоҳидаҳо баъд аз дидани ин боғҳои фарҳангию фароғатӣ аз он бозгӯӣ доранд, ки сарфи назар аз баъзе камбудиҳои ҷузъӣ онҳо ба мавсиму хизматрасонӣ ба аҳолӣ омодаанд. 
Боғи фарҳангиву истироҳатии ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд қарор дошта, ба таври доимиву анъанавӣ ҷои баргузории чорабиниҳои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ ҳаст. Табиист, ки бо назардошти дар мадди таваҷҷуҳи масъулини вилоятиву шаҳрӣ будан, ҳамешаҷавону ҳамешасабз  ва дар баҳору тобистон ғарқи дунёи гулҳост.
- Ифтихормандем, ки чунин боғи фарҳангиву фароғатӣ дорем ва   масъулияти баланд ҳам бо мост, зеро тамоми фаслҳои сол меҳмонони хориҷӣ ба ин ҷо ташриф меоваранд ва аз ин хотир талош меварзем кормандон ба таври доимӣ дар ҳолати омодабош қарор гиранд. Масоҳати боғ 8,6 гектарро ташкил дода, садҳо намуди дарахтони сарсабзи гуногуни аз дигар кишварҳои дунё оварда ва  ҳазорҳо навъи гулу буттаҳои  шукуфтаву сабз  онро зеб додаанд. Барои фароғату доиршавии чорабиниҳо тамоми шароитҳо бо хизматрасонии сатҳи баланд омода шудаанд,-мегӯяд Иброҳимҷон Иброҳимов, директори генералии Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ.
 Боғи навбунёди фарҳангиву фароғатии ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ низ чун дигар марказҳои фароғатӣ ба мавсими баҳору тобистон, сайругашту фароғати сокинони шаҳр омодагии хуб дида,  ҷиҳати ҷолибии боғ 7 ҳазор бех гулҳои рангину садҳо намуд буттаҳои сабз, 20 намуд дарахтони ороишӣ шинондаанд, ки имрӯз хуб нашъунамо доранду басо фараҳбахшанд.
- Масоҳати боғи мо наздик ба 6 гектар доман густурда, хеле сарсабзу хуррам мебошад. Муштариёнро ҳамарӯза пазироӣ дорад ва истироҳаткунандагон сарфи назар аз синну сол сайругашт мекунанду аз обу ҳавои мусаффои ин мавзеъ баҳраманд мешаванд. Боғи ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ аз дигар марказҳои фароғативу фарҳангӣ маҳз бо хусусияти дендрологии худ, яъне бо анбуҳи дарахтони гуногун, ки сарчашмаи ҳавои тоза мебошанд, фарқ мекунад,- мегӯяд Абдуҷамил Раҳимов, директори боғи мазкур.
 Муассисаи фароғатии Боғи Ғалаба-и шаҳр низ солҳои охир бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хеле дигаргун шудаву баҳри истироҳату сайругашти сокинони шаҳр вогузошта шудааст. 
Бино ба иттилои Фирӯз Шарифӣ, сардори шуъбаи иқтисод ва муҳосиботи Сарраёсати КВДК-и Сарраёсати ободонӣ ва сабзгардониву хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати омодагӣ ба мавсими баҳору тобистон ва муҳайё кардани шароити фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳр тамоми тадбирҳои заруриву лозима роҳандозӣ шудаанд. Фаввораҳои ҳамаи гӯшаҳои шаҳр фаъол буда, истироҳаткунандагон дар нишастгоҳҳои замонавии атрофи он гузошта,  имкони хуби фароғат доранд.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2022    №: 103    Мутолиа карданд: 497
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед