logo

Хабарҳо

"BOKHTAR FOOD-2022" БОШУКӮҲ ГУЗАШТ

 
Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд-2022» бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ташаббуси чунин як чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, ин дарёфти механизми мусоидат ба рушди содирот, муаррифии маҳсулоти тарутозаи кишвари офтобии Тоҷикистон дар арсаи дунё, устуворӣ ва рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳон ва пешгирии маҳсулоти воридотӣ арзёбӣ мегардад.
Дар форуми мазкур намояндагони 9 кишвари дунё, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Афғонистон, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркия ширкат варзида, қабл аз шартномабандии содиротӣ бо маҳсулоти тозаву экологии кишоварзони вилояти Хатлон шинос шуданд.
Воқеан, бо таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дӯст ва истифодаи иқтидори мавҷудаи содиротӣ тақозо мегардад, ки сабзавоту меваи вилояти Хатлон ва истеҳсоли корхонаҳои саноати хӯрокворӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шаванд.
Меҳмонон ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намоишгоҳи бошукӯҳи маҳсулоти содиротии деҳқонони вилоят, сифати аълои анвои ғизоӣ ва рақобатпазири маҳсулот дар берун аз марз шинос гардида, ҷиҳати ҳамкориҳои баъдӣ ҳавасмандӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар намоишгоҳ сабзавоти тоза, меваҳои донакдори барои содирот равонашуда, обҳои нӯшокӣ, маҳсулоти хоҷагиҳои ҷангал, асали табиӣ, маҳсулоти ширӣ, саноатӣ ва полизиҳо, меваҳои ситрусиро ҳамчун намуна пешкаши ҳозирон ва ба умеди иртиботи баъдӣ ҳамоҳангӣ намуданд.
Таҷрибаи деҳқонони вилояти Хатлон давоми чанд соли охир дар тавлиди маҳсулоти содиротӣ бештар гардида, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои интиқолдиҳанда таҷриба касб кардаанд. Аз раванди чорабинӣ аён гардид, ки оянда имконоти мавҷуда тақвият меёбанд ва дар сурати пайдо шудани алоқамандони озуқа даромади иқтисодиашон даҳчанд  меафзояд.
Вилояти Хатлон аз калонтарин содироткунандагони маҳсулот маҳсуб ёфта, иқтидору захираҳои мавҷуда ҳоло низ зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки ҳамин шабу рӯз аз ҳисоби ноҳияҳои Ҷайҳун, Дустӣ Кӯшониён, Вахш, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритус ва Қубодиён ҳазорҳо тонна анвои маҳсулоти тозаву безарар ва дар шароити хуби агротехникӣ тавлидшуда, ба берун аз марзи Ватан содирот мешаванд.
Меҳмонон доир ба пешниҳоди маҳсулоти тару тозаи кишвари офтобии Тоҷикистон баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки ҳамкориҳоро дар содироти маҳсулот ба роҳ хоҳем монд.
Қисми дуюми чорабинӣ дар кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки меҳмонон баргузор гардид. Зимни ҷаласа муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҳадафи ҷараёни Форуми байналмилалии «Бохтар Фуд-2022»-ро татбиқи дастурҳо аз Паёми Сарвари давлат дар рушди содирот, дарёфти роҳҳои рақобатнокии маҳсулот, баррасии имконоти марбут ба бахши содирот арзёбӣ намуд.
Форуми мазкур соли дуюм аст, ки бо дастури хоси Сарвари давлат баргузор гардида, минбаъд низ бо назардошти ҷалби сармояи хориҷӣ таҳким бахшида мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар аз лиҳози маҳсулоти тозаву табиӣ хуб мешиносанд ва раванди Форум роҳҳои нави густариши ҳамкориҳоро барои соҳибкорон ва кишоварзон боз мекунад.
Имсол вилояти Хатлон бояд беш аз 95 ҳазор тонна маҳсулоти деҳқонӣ содирот намояд. Акнун деҳқонон ва соҳибкоронро зарур аст, ки маҳсули меҳнаташон ба рақобат тобовар ва сифатнок бошад.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳузури меҳмонони олиқадри кишварҳои дӯстро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хайрамақдам гуфта, иқтидори истеҳсол ва содироти вилоятро дар қиёс бо солҳои пешин афзалтар маънидод намуд.
Бояд гуфт, ки дар доираи Форуми мазкур баимзорасонии як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи 19 миллион доллари ИМА ба миён омад, ки ин ба содироти маҳсулоти ватанӣ ва баромадан ба бозорҳои нави фурӯши маҳсулот мусоидат менамояд.
 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият "
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3323
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед