logo

иҷтимоиёт

МТС. ДАР ТАТБИҚИ НИШОНДОДҲОИ ПАЁМ МАСЪУЛЕМ

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури Масрур Абдуллозода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, олимону мутахассисон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва хабарнигорони воситаҳои ахбори омма дар мавзуи “Инъикоси масоили иҷтимоӣ дар паёмҳои Пешвои миллат” мизи гирд баргузор гардид. Ҳадаф аз он омӯзиш ва таҳлили нуктаҳои асосии паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки ба инъикос ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии кишвар нигаронда шудаанд, мебошад. 
Хайриддин Усмонзода, иброз дошт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлил ва хулосабарории ҳаматарафа қарор дода, оид ба натиҷаҳои ноилгардида ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада барои солҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои мушаххас манзур намуданд, ки он ҳамчун чароғи роҳнамои фаъолияти тамоми рукнҳои давлатист. Паёми имсолаи Сарвари давлат санади муҳими стратегиест, ки дар он дастовардҳои асосии замони соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор ёфтаанд. Дар Паём диди хеле амиқ ва ҳаматарафа санҷидашуда оид ба таҳлили вазъи мавҷудаи ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ва пешбинии самти инкишофи он барои солҳои минбаъда ҷой дода шудаанд. Мутолиа ва дарки муносиби муҳтавои Паёми Пешвои миллат ҳар як сокини кишварамонро ба он умедвор менамояд, ки Тоҷикистон сарфи назар ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир, зарфияти таваҷҷуҳи худро ба беҳбудии зиндагии мардум сол ба сол бештар намуда, кафолати ҳаёти осоиштаю сулҳомезро истеҳком мебахшад. Муқоисаи рақамҳои оморие, ки дар Паём барои нишон додани суръати рушди ватанамон дар самти иҷтимоӣ оварда шудаанд, дар замири ҳар фарди ин диёр ҳисси баланди ифтихору масъулиятнокиро ба вуҷуд меоварад. 
- Дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати баландбардории сифати рушди инсониро тавассути татбиқи чорабиниҳои муҳиму самаранок дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла иқтисодиёт, маориф, шуғли аҳолӣ, соҳибкории истеҳсолӣ, таъкид намуданд. Таъмини иҷрои ин масъала барои ҳамаи мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷамъиятӣ муфассал асоснок карда шуд. Дар ин самт тақвияти ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, муҳайё намудани ҷойҳои иловагии корӣ, инчунин, ворид кардани технологияи муосир, дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, мусоидат намудан ба таъсиси ҷойҳои кории сифатан наву таъмини музди кори арзанда дар бахши давлатию хусусӣ, бунёди шумораи зиёди корхонаҳои нав дар соҳаи саноат аз ҳадафҳои афзалиятноки минбаъдаи давлат арзёбӣ гардиданд, - афзуд директори МТС.
Гуфта шуд, ки дар баробари ин, ҳал намудани мушкилот ва масъалаҳои мавҷудаи ҷавонон, маориф ва таълиму тарбия, ҷалби онҳо ба омӯзиши илмҳои дақиқ, бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон аз самтҳои асосии фаъолияти давлат дониста шуданд. Дар робита ба ин, як қатор супоришҳое баён гардиданд, ки дар партави онҳо ҳалли масъалаҳои умдаи ба ҳаёти ҷавонон алоқаманд бояд ҳамеша мадди назар қарор гиранд. Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур мебошад, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Ҳамин тавр, дар Паём вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, пойдории ваҳдату суботи кишвар дастурҳои мушаххасе пешниҳод гардидаанд, ки муҳимият ва эътибори аввалиндараҷаро талаб менамоянд. Паёми навбатӣ барномаи рушди Тоҷикистони азиз ва некуаҳволии миллат аст.
Ҳамчунин, зимни ҳамоиш дар мавзуъҳои “Инъикоси масоили иҷтимоӣ дар паёмҳои Пешвои миллат”, “Масъалаҳои рушди забон дар партави Паёми Пешвои миллат”, “Муҳоҷират ва таъсири он ба рушди иҷтимоӣ ва некуаҳволии шаҳрвандон”, “Инъикоси масъалаҳои маориф дар паёмҳои Пешвои миллат”, “Нақши Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим”, “Барнома ва стратегияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ: дастовардҳо ва мушкилот”, “Шинохти зан ва инъикоси мақоми ӯ дар Паёми Пешвои миллат” баромад намуданд. 
Зикр гардид, ки ҳама андеша ва тавсияву пешниҳодҳои арзишманду муҳими иштирокчиёни ҳамоиш ба инобат гирифта, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мегарданд. Умед дорем, ки нишасти имрӯза барои таҳкими минбаъдаи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти иҷтимоӣ дар кишварамон мусоидат хоҳад кард. 
 
Кароматулло АТО,  
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2022    №: 103    Мутолиа карданд: 977
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед