logo

Хабарҳо

МАҲФИЛИ ТОҶИКОНХОНӢ ДАР «ҶУМҲУРИЯТ»

 
Дар идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо ҳузури Насрулло Убайдулло, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маҳфили тоҷиконхонӣ оғоз гардид. Маҳфил бо мақсади аз худ намудани муҳимтарин нуктаҳои китоб ва мавқеъву моҳияти он барои миллати тоҷик роҳандозӣ шуда, ба як суҳбати ҷолибу хотирмон бадал гардид. 
Ибтидо Моҳира Сангмамадова, муовини сар-муҳаррири рӯзнома иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати бознашр ва ба ҳар як оила туҳфа намудани китоби «Тоҷикон» - и академик Бобоҷон Ғафуровро нек арзёбӣ намуд. 
Насрулло Убайдулло дар оғози суҳбат ба як таъкиди Президенти кишвар ишора намуд, ки китоб танҳо барои намоиш дар ҷевон пешбинӣ нашудааст. Онро ҳар як тоҷик бояд, ҳатман бихонад.
Тазаккур дода шуд, ки  «Тоҷикон» нахуст, соли 1972 бо забони русӣ аз чоп баромада, солҳои 1983 ва 1985 бо забони тоҷикӣ тарҷума ва интишор гардидааст. Баъдан, 3 маротибаи дигар бознашр ҳам шуд. Нашри нави китоб, ки  бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ ва чун туҳфа ба ҳар хонаводаи тоҷик тақдим шуд, ки дар асоси тарҷумаи тоҷикии солҳои 1983 -1985 мавриди чоп қарор гирифтааст.
Насрулло Убайдулло мақсади аслии таълифи китобро шарҳ дода, аз ҷумла гуфт: «Устод  Бобоҷон Ғафуров аввалин рӯзноманигори соҳибдипломи  мо мебошад. Ӯ аз ибтидо ба мавзуъҳои таърихӣ, барқарор гардидани  ҳокимияти шуравӣ, муборизаи ҳокимияти нав бо унсурҳои куҳна рағбат дошт. Соли 1918, вақте  аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Мухтори Туркистон қабул шуд, миёни халқҳои бумии Осиёи Миёна (он замон ҳамин гуна ифода вуҷуд дошт) номи тоҷикон набуд. Ин чунин маъно дошт, ки  мавҷудияти тоҷикон дар Осиёи Миёна инкор мешуд. Мутаассифона,  ҳатто як гурӯҳи калони равшанфикрони тоҷик муқобили миллати худ баромаданд. Дар натиҷа, ин мардуми бумӣ, ки таърихи қадимӣ доштанду соҳибтамаддун ҳам буданд, бо сабабҳои гуногун аз ин ҳама маҳрум шуданд. Пасон, ин хатои таърихӣ каме ислоҳ ҳам, шуд. Муаммоҳои замон ӯро ба ҳайси як рӯзноманигор низ ба ташвиш меовард. Ғафуров муқобили ин гуна ҷараёнҳо мубориза мебурд. Роҳе, ки ӯ барои ҳимояву  дифои халқи худ интихоб кард ин таълифи асарҳо, аз ҷумла «Тоҷикон», аз таърихи халқи тоҷик буд».
Б. Ғафуров дар китоби «Тоҷикон»  сарнавишти миллати худ ва давраҳои муҳимтарини таҳаввул ва ташаккули онро бо далелҳои раднопазири илмӣ  исбот кард. Собит намуд, ки тоҷикон қадимтарин халқи бумии Осиёи Миёна мебошанд. 
Тавре дар маҳфил зикр шуд, он замон таърихшиносон ва шарқшиносони машҳур иддао доштанд, ки таърихи халқҳои Осиёи Миёнаро аз ҳам ҷудо омӯхтан номумкин аст ва бояд таърихи ягонаи қавму миллатҳои минтақа офарида шавад. Ин буд, ки  баробари нашри аввал атрофи китоб сарусадову баҳсҳо оғоз гардиданд. Ин баҳсҳо то имрӯз идома доранд. Дар маҷмуъ, муаллиф дар эҷоди китоб зиёд азият кашиданд, аммо ба ҳар сурат, «Тоҷикон» шиносномаи миллати мо гардид, дар бедории тафаккури таърихӣ нақши мунир гузошт ва рисолати худро иҷро кард.
Воқеан ҳам, мутолиаи китоб дар қавӣ намудани хотираи таърихии мардум ва боло бурдани ҳисси худшиносиву худогоҳии онҳо асари нек мегузорад. Хонанда аз он ба суолҳои зиёде, ба мисли «Аҷдодони мо киҳо буданд?», «Чӣ урфу одату анъанаҳо доштанд?», «Қаблан чӣ гуна зиндагӣ доштанду давлатдорӣ менамуданд?», «Дар рушди илму адабиёт чӣ саҳме доранд» ва монанди инҳо посух меёбад.Ва ҳам мо «Тоҷикон» - ро барои он меомӯзем, ки хатоҳои дар таърихи миллатамон борҳо иттифоқ уфтодаро дигар такрор насозем. 
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгуфтори китоб зикр намудаанд: «Мо дар давраи ҳассоси давлатсозӣ, яъне дар оғози марҳилаи бунёди давлати миллӣ қарор дорем. Моро зарур аст, ки  давраҳои таърихии рӯзгори халқамонро бо диққати том мутолиа намоем, аз ҳар саҳифаи гузаштаи ниҳоят пуршебу фарозаш сабақ омӯзем, аҷдоди номбурдаи худро шиносем, аз решаҳои қадимаи миллати хеш огоҳ бошем, ба мардуми бумӣ, фарҳангиву тамаддунсоз, ҳунарманду эҷодкор ва соҳибмаърифат будани халқамон ифтихор кунем, таърих, забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиро ҳифз намоем».
 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6852
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед