logo

Хабарҳо

ТОШКЕНТ. НАМОИШИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН

 
Баргузории намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон дар Нигористони суратҳои шаҳри Тошкент бори дигар собит намуд, ки робитаҳои фарҳангии ду кишвари дӯсту бародар - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз пеш таҳким меёбанд. Ин намоиши дувуми асарҳои рассомони Тоҷикистон мебошад, ки бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар партави 30-умин солгарди муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар ба вуқуъ пайваст.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш роҳбарони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, аҳли санъат, наққошони касбӣ, алоқамандони ҳунари тасвирии ду кишвар  ва як гурӯҳ донишҷӯёни Донишкадаи рассомӣ ва дизайни ба номи Камолиддин Беҳзоди шаҳри Тошкент иштирок карданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ин маросим гуфт, ки аз замоне ки бо иродаи сиёсии президентҳои ду мамлакат - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аз сар гирифта шуданд, намояндагони фарҳанг низ талош ба харҷ медиҳанд, ки дар густариши ин робитаҳо саҳми худро гузоранд. 
- Дар намоишгоҳ ҳудуди 100 асари рассомони тоҷик, аз қабили Вафо Назаров, Сабзалӣ Шарифов, Анваршоҳ Сайфуддинов, Мизроб Холов, Акмал Миршакаров, Зиёратшоҳ Довудов, Аҳмад Юсупов ва амсоли онро барои тамошобинони ин кишвари дӯст овардаву ба тамошо гузоштем. Ба ин васила, онҳо бо осори бадеию таърихӣ, тасвирҳое, ки лаҳзаҳои гуногуни рӯзгори мардуми моро дар худ бозтоб додаанд, манзараҳои таърихи дуру наздики халқамон ошно мешаванд, – гуфт раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова. 
- Мо аз ташрифи дӯстони худ ҳамеша сарбаланд ҳастем. Баргузор намудани намоиши асарҳои рассомони тоҷик дар кишвари мо ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Чанде муқаддам мо намоишгоҳи муштараки асарҳои рассомони Тоҷикистону Ӯзбекистон  Парвин Гулов ва Хуршед Зиёхоновро ташкил карда будем, ки таваҷҷуҳи тамошобинони зиёдро бар худ ҷалб намуд, - мегӯяд раиси Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон Акмал Нур . 
Дар толори хурди намоишгоҳи Корвонсаройи фарҳанги байналхалқии Икуо Хираямаи Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон боз чунин як намоишгоҳ роҳандозӣ гардид. Дар он асарҳои рассоми тоҷиктабори Ӯзбекистон Эвадулло Абдуллоев ба намоиш гузошта шуд. Рассом талош ба харҷ додааст, ки манзараҳои гуногуни ҳаёту рӯзгори мардуми тоҷиктабори вилояти Намангонро тавассути мӯйқалам ба риштаи тасвир кашад ва боиси ҳайрати тамошобинон гардад. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ,“Ҷумҳурият”, 
шаҳри Тошкент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7064
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед