logo

иҷтимоиёт

ЭТИКАИ КАСБИИ КИТОБДОР. ОНРО НОДИДА НАБОЯД ГИРИФТ!

 
Ташаккули одоби касбӣ яке аз мавзуъҳои муҳим дар раванди фаъолияти касбӣ ба шумор меравад. Пешрафти кори китобхона аз муносибати китобдор ба хонанда вобастагӣ дорад. Агар китобдор дорои дониши баланд бошад, аз уҳдаи вазифаи хеш бе ягон мамониат  баромада метавонад. Таҳти мафҳуми «Одоби касбии китобдор» гуфтору рафтор, муносибат ба китобу хонанда ва дигар сифатҳои касбии китобдорро дар назар доранд. Ҳар китобдор бояд аз манбаъҳои омӯзишӣ бохабар бошад, онҳоро созмон диҳад ва хонандагони худро ба истифодаи онҳо ҳидоят намояд. 
Этикаи баланди касбии китобдор дар ҳамон маврид ҳис карда мешавад, ки ӯ ба зеҳни хонанда таъсир расонда тавонад. Масалан, хонанда аз китобдор дар бораи китоби «Ривояти суғдӣ»-и Сотим Улуғзода пурсон мешавад. Китобдор бошад, китоби мазкурро ба даст гирифта, ба хонанда доир ба ин китоб муддати як дақиқа обзори библиографӣ гузаронад. Аз ҷумла, бояд  зикр намояд, ки повести «Ривояти суғдӣ» рафти воқеаҳои таърихии вобаста ба ҳуҷуми арабҳо ба Мовароуннаҳр ва ҷанги зидди онҳоро тасвир менамояд. Ҳангоми мутолиаи ин асар диққати асосӣ бояд ба воқеаҳои таърихӣ, расму одатҳои қадимии аҷдодонамон, тартиботи иҷтимоии кишвар ва шароити хоси зиндагонии мардумони Суғди онвақта дода шавад. Аз тарзи ҳарфзанӣ ва муносибати китобдор  хонанда эҳсос мекунад, ки ӯ қодир аст ба тафаккур ва зеҳни вай таъсир расонад. Ин аз маданияти баланд ва хулқу одоби китобдор дарак медиҳад.
Пешрафти ҷамъият аз шахсони донишманд вобаста аст, аз ин рӯ, донишманд ва мутахассиси хуб ба воя расондани шахсиятҳо аз китобхона вобастагии калон дорад. Умуман, китобхона ва кормандони он нафароне, мебошанд, ки тавассути иттилоот ва технологияи навтарин ба донишҷӯён ахбори зарӯриро дастрас менамоянд. Барои тарғиботчии ҳақиқии иттилоотии касбӣ будан, китобдор, пеш аз ҳама, бояд таълимдида бошад. Дар фаъолияти китобдорӣ одоби муошират дар ҷойи аввал қарор дорад. Натиҷаи кори китобхона аз фаъолияти китобдор сахт вобаста мебошад. Риояи одоби муошират  обрӯи роҳбар ва кормандонро афзуда, боиси зиёд шудани сафи хонандагон мегардад. Китобдор бояд суханвари беҳамто бошад ва, ба ин васила, тавонад ба муштариён таъсири аниқ расонда, фаъолияти китобхонаро дар ҷараён нигоҳ дорад. Дар ин раванд донистани ду масъала – огаҳи аз санъати сухан ва риояи одоби он ҳатмист.
Одоби сухан ин бомаънӣ, дуруст, бамавқеъ баён намудани фикр аст. Агар инро ба ибораи дигар гӯем, одоби сухан риояи талаботи забон ва мантиқ мебошад. Дар Ҳиндустон ва Юнони Қадим суханро ҳамчун қувваи фавқултабиӣ муқаддас мепиндоштанд, ба омӯзишу санъати суханварӣ диққати махсус  медоданд. Дар ҳақиқат, пайдарпай мутолиа намудани китоб қобилияти сухандониву суханвариро сайқал медиҳад. Китобдор барои шунидани дигарон бояд худро омода намояд. Ҳар як ҳаракати китобдор ба хонанда таъсири амиқ мерасонад. 
Сухан воситаи тавонои ба инсон таъсир расондан ва дорои қувваи бузург мебошад. Сухан вақте бамавқеъ ва бомаром гуфта мешавад, боиси ба вуҷуд омадани эътиқоду боварӣ мегардад. Китобдор бояд дорои маданияти сиёсӣ ҳам бошад. 
Ӯ бо риояи қонунҳои этикет симои ҳақиқии худу китобхонаро нигоҳ медорад. Боигарии асосии китобдор нутқи зебост. Нутқи зебо доштан барои китобдор ин аз маърифатнокӣ ва фарҳангдӯстии ӯ огаҳӣ медиҳад. Барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ китобдор бояд ба ҳар амали худ баҳогузорӣ намояд. Фарҳаги китобдорӣ аз он иборат аст, ки онҳо бо чӣ гуна чеҳра ба хонандагони худ хизмат мерасонанд. Китобдорон бояд дар тамоми фаъолияти худ намуна бошанд.
 
Одина ДАВЛАТОВ, 
сармутахассиси китобхонаи 
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон 
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2022    №: 103    Мутолиа карданд: 642
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед