logo

порлумон

ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛӢ БАРГУЗОР ШУД

 
Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, даъвати шашум баргузор гардид. Дар оғози иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 23 масъала қабул намуданд.
Тавре Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ, ба «Ҷумҳурият» хабар дод, дар рафти муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин, муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология маъруза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.
Зимни баррасии рӯзномаи иҷлосия аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»-ро мавриди муҳокима қарор дода, онҳоро ҷонибдорӣ намуданд.
Инчунин, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ атрофи як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории амалкунандаи кишвар, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мубодилаи афкор намуда, ба ҷонибдории онҳо овоз доданд.
Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иваз кардани номи деҳаи Фақиробод ба деҳаи Обшорони деҳоти Мискинобод, ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ва иваз намудани номи он ба «30-солагии Истиқлол» қабул гардид.
Дар асоси пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазирзода Гулнора Насрин, Мирзозода Исроил Шоҳимардон ва Муродзода Бобокалон Раҷаб бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд ва, ҳамзамон, машваратчиёни халқии Суди Олӣ интихоб шуданд.
Ҳамчунин, дар иҷлосия бо тартиби муқарраргардида нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2022    №: 104    Мутолиа карданд: 3145
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед