logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУОВИНИ АВВАЛИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН МУҲАММАД МУХБИР

 
30 май дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир мулоқот карданд.
 
Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.
Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки густариши ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. 
Ҷонибҳо дар рафти мулоқот аз дастовардҳои назарраси ҳамкорӣ давоми 30 соли робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои амалисозии тавофуқоти қаблан бадастомада, таъмини татбиқи амалии онҳоро зарур шумурданд.
Дар мулоқот вазъи ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башарӣ ва дар дигар арсаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн муҳокима гардид.
Ҳар ду тараф барои расидан ба ҳадафҳои созанда ба масъалаи татбиқи Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030, ки дар ҳошияи мулоқоту музокироти сатҳи олии имрӯза ба имзо расид, ҳамчунин ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни Тоҷикистону Эрон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, коркарди маъдан, мошинсозӣ, кимиё, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, шиша ва кошин аз самтҳои дигари судовар барои ҳар ду кишвар номида шуд.
Таъкид гардид, ки рушди ҳамкорӣ дар самти роҳандозии коркарди нахи пахта, пӯст, пашм ва абрешим то маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин, қолинбофӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди меваю сабзавот, намаки ошӣ, истеҳсоли равғани рустанӣ ва оби ошомиданӣ низ ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.
Ҳамкорӣ дар бахшҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, таҷҳизот ва техникаи кишоварзӣ аз самтҳои дигари муфид барои рушди робитаҳо маънидод карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, сайёҳӣ, алалхусус саёҳати тандурустӣ, табодули андеша намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2022    №: 104    Мутолиа карданд: 3445
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед