logo

Хабарҳо

БУҲРОНИ АФҒОНИСТОН. КОРШИНОСОНИ ТОҶИК ТАҲДИДҲО БА КИШВАРҲОИ ОМ-РО БАРРАСӢ КАРДАНД

 
Афғонистон яке аз наздиктарин ҳамсояҳои ҷанубии Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, кишвари мо наметавонад ба ҳаводис ва равандҳои дар ин мамлакат ҷойдошта бетафовут бошад. Дар баробари ин, бештари аҳолии Афғонистонро тоҷикон ташкил дода, ин омил воқеияти ҳамбастагии моро бештар мегардонад. Даҳ моҳи ба арсаи сиёсат омадани «Толибон» нишон дод, ки шиддатгирии сатҳи фақр, авҷи буҳрони иқтисодӣ ва торафт мушкил шудани шароити иҷтимоии мардум вазъро дар ин кишвар боз ҳам печидатар менамояд. Дар натиҷаи идома ёфтани бесуботии сиёсию амниятӣ дар Афғонистон гурӯҳҳои дигари ҳаросафкан, аз қабили ДИИШ (Хуросон), «Ал-Қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир» ва «Ансоруллоҳ» дубора ба рӯйи саҳна омаданд.
Ин нуктаро Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, мизбони чорабинӣ, дар мизи гирде, ки зери унвони «Раванди ташаккули «буҳрони Афғонистон» ва таъсири эҳтимолии он ба фазои сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ: нигоҳ аз Тоҷикистон» бо ширкати намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ватанӣ ва намояндагони ВАО баргузор гашт, иброз намуд.
Ҳамоиши мазкур дар пасманзари даври 4-уми Муколамаи амнияти минтақавӣ оид ба Афғонистон – вохӯрии мушовирони амнияти миллӣ ва котибони шуроҳои амният, ки 27 майи соли 2022 таҳти раёсати Тоҷикистон доир шуд, сурат гирифт. 
Ба назари директори марказ, Тоҷикистон доимо ҷонибдори сулҳу оромӣ, суботи сиёсии Афғонистон буда, зиндагӣ дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои созандаро мехоҳад. Вале дар пасманзари мушоҳида ва таҳлили ҳодисаҳои моҳҳои ахири дар ин кишвар бавуқуъомада нигаронии Тоҷикистон низ аз хатари мубадалшавии Афғонистон ба паногоҳи амни гурӯҳҳои террористӣ, ки минтақаро зери таҳдиди амниятӣ қарор доданд, меафзояд. Новобаста аз изҳори омодагӣ барои роҳ надодан ба истифодаи ҳамсоякишвар ба пойгоҳи таҳдид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҳокимияти амалкунанда бар асари собиқаи таърихан ҳамкориашон бо гурӯҳҳои террористӣ наметавонанд пурра вориди муқовимат бо онҳо шаванд. Илова бар ин, шиддат гирифтани ихтилофоти дохилӣ ва эҷоди ноамниҳо дар Афғонистон метавонанд пайомади манфиро барои мамлакатҳои на танҳо Осиёи Марказӣ балки барои Осиёӣ Ҷанубу Шарқӣ низ ба бор оваранд. Буҳрони имрӯзаи ҷаҳонӣ ихтилофоти мавҷудаи дохилии Афғонистонро боз ҳам вахимтар сохта, бо дахолати доираҳои берунӣ эҳтимоли таҷзияи кишварро дар байни гурӯҳҳои низомию сиёсӣ дар пай дорад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият дар таъмини амнияти минтақавӣ вазъият-ро таҳти назорат қарор додааст ва яке аз пешниҳодҳои муҳими Пешвои миллат дар ин самт ташкили камарбанди амниятӣ дар атрофи сарҳадоти муштараки минтақавӣ бо ин кишвар аст, ки он то ҳол аҳамияти худро гум накардааст. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди барқарории ҳамкориҳои сиёсӣ бо Афғонистон дар мавқеи худ устувор мебошад ва он аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии мамлакат, аллакай, возеҳу равшан баён шудааст. Мавқеъгирии Тоҷикистон, ки дар меҳвари он ташкили ҳукумати фарогир, эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи сокинони мамлакат қарор дорад, аз ҷониби аксари кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардидааст. 
- Дар Афғонистон хатаре вуҷуд дорад, ки ҳамон таҷрибаи солҳои 90-ум такрор мешавад. Он вақт ҳам гурӯҳҳои террористӣ аз тамоми дунё зери пӯшиши “Толибон” амал мекарданд ва имрӯз ҳам чунин аст. Фақат дар се вилояте, ки бо мо ҳамсарҳаданд (Тахор, Қундуз ва Бадахшон) беш аз 10 созмони террористӣ имрӯз озодона фаъолият доранд. Тибқи гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид, имкони ба лонаи амни террористон табдил ёфтани Афғонистон мавҷуд аст, - гуфт Қосимшо Искандаров, саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Ба андешаи ин коршиноси тоҷик, бо баҳонаи амалиёти зиддитеррористӣ дар Покистон ва Вазиристон соли 2014 гурӯҳҳои террористӣ тадриҷан ба қисмати шимоли Афғонистон, махсусан ба Бадахшон, кӯчонда шуданд. Бар пояи иттилои дар ҷаласаи ғайринавбатии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ зикр гардид, шумораи лагер ва марказҳои тарбияи террористон дар вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон, марзҳои ҷанубии СААД  ба 40 адад (6 ҳазор нафар) мерасад. Саволе ба миён меояд, ки 6000 нафар дар лагерҳои гуногун чӣ кор мекунанд? Чӣ мақсад доранд? Агар таҳдид ба мо набошад! 
Дар ҳамоиш, инчунин, Гузел Майтдинова, директори Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон, дар мавзуи “Самти ҷанубии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити идомаи буҳрон дар Афғонистон”, Бахтиёр Холиқов, сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии МТС, “Ҳукумати “Толибон” ва тағйири геополитикаи Осиёи Марказӣ”, Ғиёс Маҳмудов, коршиноси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, “Қудратгирии “Толибон” дар Афғонистон ва мушкилоти эҳтимолии фарорӯии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ”, Маҳрамбек Маҳрамбеков, котиби илмии Маркази исломшиносӣ, “Нақши дин дар заминагузории буҳрони Афғонистон” ва Диловар Қодиров, номзади илмҳои таърих, “Ба сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон ва пайомадҳои он барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” баромад намуданд.  
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3516
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед