logo

Хабарҳо

НАМОИШИ МАЪНАВИИ МИЛЛӢ

Бахшида ба сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарманди маъруфи тоҷик Ибодулло Машраб аз рӯйи  асари «Забони миллат - ҳастии миллат» - и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишномаи «Пайкари миллат» -ро навишт ва  онро  коргардони маъруф Давлаталӣ Убайдуллозода ба саҳна гузошт.
Эпиграфи китоби «Забони миллат - ҳастии миллат», яъне «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад» ҳамчун роҳнамои намоишнома аз ибтидо то охир нақши калидиро мебозад. Аз ин ҷост, ки   намоиши «Пайкари миллат»  бо  ҳузури  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ   ва  аз баҳаракатдароиҳои муҷассамаи  Исмоили  Сомониву  то бозгӯйиҳояш  доир ба  масъалаҳои амнияти кишвару муносибати Исмоили Сомонӣ бо хилофати Бағдод  оғоз мешавад. Ҳамин тавр,    Исмоили Сомонӣ аз нав ба муҷассама мубаддал гардида, ба саҳна Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозир мешаваду андешаҳояшро  бобати  моҳияти таърихии  забон  чунин баён менамояд: «Ҳамватанони азиз! Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои таърихӣ ва маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷ мегузорад. Маҳз тавассути Сомониён бунёди адабиёти нави форсу тоҷик, ки имрӯз ҳам дарёи он шодоб аст, дар асрҳои нуҳ ва даҳи мелодӣ гузошта шудааст. Давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол давоми маънавии давлати Сомониён аст. Шахсан барои ман забон на танҳо воситаи гуфтугӯву муошират, балки болотар аз он шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам, оинаи осори ниёгонам мебошад. Ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб мекунам. Ба ин хотир, доим ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ дар ҳар суханрониям бузургию тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош мекунам».
Коргардон  Давлаталӣ Убайдуллозода  барои  пурмазмун  ифода кардани ғояи намоишнома  нақшҳои  он бузургони фарҳангдӯсту забонпарвари гузаштаамонро  рӯи саҳна овардааст, ки  намояндагони асрҳои гуногунанд ва он аз  коргардон маҳорати барҷастаи тахассусиро  талаб мекунад. Вақте  иҷрокунандагон  аз «Авасто» машварат  мекунанд,  саҳнаи муносибати Зардушт бо душманонаш ва  бо қудрати  сухан шефта кардани муддаиёнаш  бо  диди баланди коргардонӣ  дар  нақшофариниҳои ҳунармандон  хеле  муъҷаз баромадааст. Замони қудратдории  Куруши Кабир, беэътиноии шоҳи сосонӣ нисбат ба арабҳо, ғалабаи араб ва тақдири минбаъдаи забон, саҳми Имоми Аъзам дар эҳёи суннатҳои миллии тоҷикон пас аз истилои араб  ин ҳама ифодагари ғояи забони модарӣ ва худшиносии миллӣ   дар саҳна хеле барҷаста инъикос ёфтаанд, ки аз ҳунари волои  коргардон  дарак медиҳад. Пас метавон гуфт, Давлаталӣ Убайдуллозода чун   бандубасти ин намоишро  ҷаззобу хотирмон офаридааст, на танҳо  аз зумраи  коргардонҳои моҳиру   забардаст аст,  балки донишманди тавонои соҳаи адабиёт низ мебошад.  
Д. Убайдуллозода коргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ буда,   пас аз хатми риштаи актёрии ДДСТ ба номи М. Турсунзода (соли 1976) ва ЛГИТМиК-и шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт - Петербург, соли 1986) фаъолияти ҳунарии худро дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оғоз намудааст. Аз муҳимтарин нақшҳои офаридаи ӯ дар театр нақшҳои Терентий дар намоиши “Бозиҳои бераҳмона”-и А. Арбузов (соли 1978), Дато Хавтаси дар намоиши “Вақте ки шаҳр хуфта буд”-и Т. Чхаидзе (соли 1979), Девона дар намоиши “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон” (Театри таҷрибавии “Аҳорун”, соли 1991, барандаи ҷоизаи беҳтарин нақши мардона дар Ҷашнвора - озмуни “Наврӯз” миёни кишварҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон – Тошкент, соли 1993), Садриддин Айнӣ дар намоиши “Пайкари миллат”-и И. Машрабов (соли 2021) мебошад.
Фаъолияти коргардонии Д. Убайдуллозода аз соли 1996 оғоз гардида, дар солҳои гуногун саркоргардонии Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутиро ба уҳда дошт. Дар тули фаъолияти коргардонӣ мавсуф  наздики  50 намоиши драмавиро рӯи саҳнаҳои  театрҳои  шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Данғара, Конибодом ва  хориҷи кишвар (Бишкек)  овардааст. Муҳимтарин асарҳоеро, ки бо коргардонии Д. Убайдуллозода таҳия шудаанд “Мири Кабир”-и Муҳаммад Ғоиб, “Мазҳаби иблис”-и Ҷумъа Қуддус, “Паёми Зардушт”-и Нурмуҳаммад Табаров, “Дон Жуан”-и Молйер, “Дод аз дасти Афандӣ”-и Ғаюр Ашури Растагор, “Бозгашти айём”-и Абдулҳафиз Қодиров ва “Чархи гардон”-и Нурмуҳаммад Табаров мебошанд. 
Асари  “Пайкари миллат” ҳунари олии коргардонии Д.  Убайдуллозодаро нишон медиҳад ва ин намоишро метавон аз шоҳкориҳои коргардонони тоҷик дар замони Истиқлоли давлатӣ ном бурд. Дар ин намоиш коргардон, ҳамчунин, нақши устод Айниро хеле барҷаста бозӣ кардааст. Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ пешниҳод шудани ин намоиш аз ҳар ҷиҳат арзанда ва қобили дастгирист.
 
Боймурод ШАРИФЗОДА, 
директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5045
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед