иҷтимоиёт
"ҶУМҲУРИЯТ" АЗ СЕРХОНАНДАТАРИН НАШРИЯИ ТОҶИКИСТОН БОҚӢ МЕМОНАД
Дар шаҳри Душанбе муаррифии тадқиқоти «Афзалиятҳои расонавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо баргузор шуд. Иҷрокунандагони ин лоиҳа, ки аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» ва Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» мебошанд.
Тавре созмондиҳандагони назарсанҷӣ зимни як ҷамъомад эълон карданд, миёни нашрияҳои давлатӣ, идоравӣ ва ҳизбӣ рӯзномаи «Ҷумҳурият» - Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли солҳои қаблӣ аз ҳама нашрияи серхонанда миёни аҳолӣ боқӣ мондааст. Дар зинаҳои баъдӣ нашрияҳои «Омӯзгор», «Минбари халқ», «Садои мардум», «Боҷу хироҷ», «Адабиёт ва санъат», «Халқ овози» ва «Народная газета» ҷойгиранд. Инчунин, рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар раддабандии сифати сарчашмаи иттилоот низ миёни нашрияҳо дар сафи аввал қарор дорад.
Дар тадқиқот, дар маҷмуъ, 2,5 ҳазор нафар аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ширкат намуданд. Замони баргузории пурсиш моҳҳои январ – феврали соли 2022 мебошад.
Тавре Набӣ Юсуфов, директори ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» гуфт, ҳадафи тадқиқоти мазкур муайян намудани афзалиятҳои расонавии кишвар мебошад. Яъне, шаҳрвандони кишвар ба дидану шунидан ва хондани кадом расонаҳои ватанӣ бартарӣ медиҳанд. Тадқиқоти мазкур бори сеюм аст, ки доир мешавад. Солҳои 2018-2019 мо, аллакай, чунин тадқиқотро баргузор карда будем. Дар тадқиқоти нав мо на танҳо аз сатҳи афзалиятҳо ба ин ё он ВАО огоҳ шудем, балки натиҷаҳои гузаштаву имсоларо муқоиса карда, муайян намудем, ки вазъ то кадом андоза тағйир ёфтааст.
Натиҷаҳои тадқиқот ба суолҳои муҳим посух гуфта, нишон медиҳанд, ки ВАО-и анъанавӣ бояд ба кадом самт ҳаракат кунад ва барои расонаҳои нав кадом дурнамо боз шуданаш мумкин. Тадқиқот аз рӯи намудҳои ВАО мухотабонро муайян мекунад ва метавонад ҳам барои интихоби самтҳои афзалиятнок дар рушди соҳа ва ҳам барои намудҳои ҷудогонаи расонаҳо истифода шавад.
Дар тадқиқот, ҳамчунин, доир ба раддабандии шабакаҳои телевизионии ватаниву хориҷӣ, радио, маҷалла ва шабакаҳои иҷтимоӣ, абзорҳои нави дастрасӣ ба иттилоот маълумоти мушаххас ҷамъоварӣ шудааст.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.06.2022 №: 105 Мутолиа карданд: 682