logo

иҷтимоиёт

ЭҲТИЁТКОРӢ ҲАНГОМИ ОББОЗӢ. МУРОҶИАТИ БАХШИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

Бо фаро расидани фасли тобистон ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар то 40 дараҷа ва бештар аз он мерасад. Табиист, ки бо оғози мавсими гармо аҳолӣ, махсусан ҷавонону наврасон, ба оббозӣ майл намуда, талабот ба ҷойҳои махсуси оббозӣ зиёд мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ин мавсим баъзан сокинони мамлакат дар каналу дарёҳо оббозӣ мераванд, ки, мутаассифона, боиси оқибатҳои нохуши ғарқшавӣ мегардад. 
Бале на ҳама каналу дарёву рӯдҳо барои шиноварӣ муносиб мебошанд. Донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо дар ҷойҳои махсусгардондашуда метавонад аз оқибатҳои ногувор ҷилавгирӣ  намояд. Аз ин рӯ, бахши раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи Фирдавсӣ, аз оғоз шудани тобистон ва оқибатҳои нохуши оббозии сокинон дар ҷойҳои номуносиб изҳори  нигаронӣ  мекунад. Бинобар ин, ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш бахши раёсати кумита пайваста бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро баргузор намуда, ҷомеаи шаҳрвандиро ҳушдор медиҳад, ки дар дарёи пуртуғёни Душанбе ва каналҳо машғул шудан ба шиноварӣ қатъиян манъ аст. Зимнан, аз волидони кӯдакону наврасон эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки фарзандони худро дар ин мавзеъҳои  мамнуъ барои оббозӣ бе назорат нагузоранд. Инчунин, аз тамоми шаҳрвандон ва меҳмонон даъват карда мешавад, ки дар ҷойҳои номумкин, аз оббозӣ худдорӣ намоянд.
Бахши раёсати кумита дар ноҳияи Фирдавсӣ барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш  ба шаҳрвандон тавсия медиҳад: танҳо дар ҷойҳое шиноварӣ кунанд, ки барои оббозӣ намудан иҷозат дода шудааст: яъне ҷойҳои махсусгардондашуда ва ҳавзҳо барои оббозӣ; дар минтақаи тезҷараён набояд ба шиноварӣ машғул шуд; яъне дар дарё ва каналҳо; кӯдакон ва наврасон бояд танҳо зери назорати волидон ва афроди калонсол ба оббозӣ машғул шаванд; дар ҳоли сархушӣ аз машрубот ва маводи масткунанда ба об даромадан қатъиян манъ аст; дар нуқтаҳои номуайян ба об даромадан манъ аст, зеро метавон ба санг ва дигар чизҳо дар зери об бархӯрду аз ҳуш рафт ё ҷон бохт; ҳангоми шино аз бозиҳои хатарнок худорӣ кунанд; ба аломатҳои огоҳкунанда таваҷҷуҳ кунанд ва ҷиддан тибқи онҳо амал кардан мувофиқи мақсад мебошад; танҳо дар ҷойҳои  барои  оббозӣ  муқарраршуда шиноварӣ кардан мумкин аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2022    №: 106    Мутолиа карданд: 842
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед