logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ  «СОЛИМ»
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
Муқобили вожаи «бемор». 2. Ҳайвони ҳилагар. 3. Ҳаракат дар алифбои форсӣ. 4. Исми мардонаи русӣ. 6. Абдулфараҷи ***, шоир ва донишманди тоҷики асрҳои миёна. 7. Дарахти ҳамешасабз. 10. Охиратро гӯянд. 12. Истилоҳи илми забоншиносӣ. 14. Пайвандаки хилофӣ. 15. Шакли ҷамъи мариз. 16. Қаҳрамони операи «Пӯлод ва Гулрӯ». 18. Шахси ба дил наздик. 20. Ба манзил мерасонад. 22. Пойтахти давлат дар қитъаи Аврупо. 23. Дарё дар Тоҷикистон. 25. Пайвандаки забони тоҷикӣ. 29. Пайвандаки хилофӣ. 30. Май, шароб. 31. Паёмбар. 32. Сайр, равиш, ҳаракат. 33. Дар хӯрок меандозанд. 34. Яке аз паёмбарон.  
 
АЗ ЧАП БА РОСТ:
Сеҳргар. 2. Ба он мева ва гул мегузоранд. 5. Ашёи синфхона. 7. Манораи баланд дар Бухоро. 8. Ҳосили зиндагӣ. 9. Истилоҳи динӣ. 11. Миллат. 13. Навъи сафедор. 14. Узви инсон. 17. Ҳарфи алифбои арабиасос. 19. Уқёнус. 21. «Вомиқу ***». 23. Бахшидан, ҳадя. 24. Себ бо ӯзбекӣ. 26. Дарёи калонтарин. 27. Пайвандаки шартӣ. 28. Дарё дар Ҷумҳурии Қирғизистон. 31. Иззату ***. 33. Раҳмат ***, Шоири халқии Тоҷикистон. 35. Пешоянди арабӣ, ки ҳамроҳиро ифода мекунад. 36. ***нист, пайрави сионизм. 37. Шаҳр дар Ҷумҳурии Исломии Эрон. 38. Давлат дар қитъаи Осиё. 39. Қаҳрамони «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 
 
Таҳияи Азизбек САИДАҲМАДОВ, сокини ноҳияи Рӯдакӣ
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 
93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
 
ТОҶИКБАЧА – БЕҲТАРИН ФУТБОЛБОЗИ РОССИЯ
Муҳаммад Султонов, футболбози тоҷик, ки дар дастаи «Торпедо» (Москва) ҳунарнамоӣ мекунад, беҳтарин бозигари мавсими 2021/22-и Лигаи миллии футболи Россия (дивизиони якум) эътироф гардид. 
Тоҷикбача дар як мавсим 15 тӯб ба самар расонда, 12 партофти головар ба номаш сабт намудааст, ки беҳтарин нишондоди ЛМФ ба ҳисоб меравад. Гузашта аз ин, исми Муҳаммад шомили ҳайати рамзии сол шуд. 
Ҳунари волои дастпарвари футболи тоҷик буд, ки тими «Торпедо» ғолиби ЛМФ гардида, пас аз 7 мавсим дубора ба Премйер-лигаи Россия баргашт.   
Муҳаммад Султонов 22 декабри соли 1992 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст.
Бояд гуфт, ки бозигари тоҷик қаблан дар ҳайати «Ротор» (мавсими 2019/20) дар ЛМФ ғолиб омада буд. 
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
19. ҚАҲРАМОНИИ БАЪД  АЗ ҚАҲРАМОНӢ 
Алекс Дзанерди чемпиони дукаратаи дастаҳои автомобилӣ (CART) дар Амрикои Шимолист. Вақте апааш дар садамаи автомобилӣ мефавтад, Алекс бо вуҷуди эътирози волидайн машқи мошинронӣ мегирад. Аз тақдир ҷойи гурез нест гуфтагӣ барин дар яке аз сабқатҳои «Формула 1» Алекс ба садамаи ҷиддӣ афтода, аз ду пой маҳрум мешавад. Барои мухлисони бешумораш ҳамагӣ баъди ду соли фоҷиа дар сари чамбарак нишастани Алекс афсонаро мемонд. Тавре худи ӯ нақл мекунад, баробари ба ҳуш омаданам баъди ҷарроҳӣ бо тарҳи кашидаи худам пойҳои махсуси сунъӣ фармоиш додам, ки барои мошинронӣ қулай бошанд.
- Инсон як бор таваллуд шудаву як бор мемирад, вале то нафас дар димоғ ҳаст, руҳафтода шудан ношукрӣ аз доди худовандист, мегӯяд қаҳрамони мо. Ҳамин тавр, шербачаи итолиёвӣ на танҳо сари чамбарак менишинад, балки бо вуҷуди маъюбияш барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳонии автомобилронӣ иҷозат мегирад ва дар ҳайати тими Италияву Испания ширкат меварзад. Маҳорати ӯро дида, роҳбарияти бонуфузтарин тимҳо дар ин намуди варзиш бо ӯ ба муҳлати 6 соли дигар шартномаи ҳамкорӣ мебанданд. 
Бовар нокарданист, вале далели раднопазир аст, ки соли 2005 Дзанердии маъюб аввалин ғолибияти худро баъди бозгашти дубора ба майдон ба даст меорад. 
- Теъдоди мухлисонам нисбат ба ҳар вақти дигар афзудан дорад. Ин маро водор месозад, ки барои дастёбӣ ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар маъюбиамро фаромӯш кунам, - бо ифтихор мегӯяд Алекс. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ХУДСАФЕДКУНӢ
Аслан ман аз 100 грамм зиёд наменӯшам, вале сабил баъди ҳамин сад грамм ҳам тамоман одами дигар мешавам. Ана баъд ҳамон одами дигар бебаркаш менӯшаду обрӯи маро ду пул мекунад, афсус. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
ЧАНД  КИТОБ БОБАТИ  РУШДЁБИИ  ИНСОН 
ГРЕК МАККЕОН – «Эссенсиализм.  Пеш гирифтани роҳи  осон»
Мо дар  дунёе умр ба сар мебарем, ки ҳаёти бошандагонаш хеле бошитоб  мегузарад. Мо таҳти реҷаи бадӯшбардории уҳдадориҳои барзиёд одат намуда, чунин меҳисобем, ки дар як вақт аз иҷрои чанд кор мебароем. Мепиндорем, ки вазъи муҳити атроф бароямон роҳи дарёфтани  пешниҳоди дигареро нагузоштааст.  
Бетанаффус моро маводҳои тарғиботӣ «тирборон мекунанд», мо ба қабули иттилооти шубҳаноки беохир одат намудаем. Сарфи назар аз  пешрафти техникае, ки он ба хотири сабуксозии ҳаёти одамон зуҳур  кардааст, рӯз ба рӯз одамон аз асабонияти доимӣ, хасташавии зиёд ва   нохубии саломатӣ шикоят мекунанд. Имкониятҳои зиёд пешамон муҳайёст, вале мо аз кадоме аз онҳо истифода бурданро намедонем. Маҳз аз ҳамин боб китоби Грек Маккеон «Эссенсиализм. Пеш гирифтани роҳи осон» ҳикоят намуда, роҳи халосӣ аз ин ҳалқаи дамфурӯбастанҳоро дар роҳи эссенсиализм мебинад.   
Роҳ ба сӯи эссенсиализм ба мо дидани он чиро меомӯзад, ки бароямон воқеан муҳим аст, яъне аз чанд варианти мавҷуда як варианти пурқиматро интихоб намудан. 
 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
СЕРБИНАНДАТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
Парфенон (Афина, Юнон)
Парфенони Юнон яке аз маъруфтарин ёдгории меъмории антиқӣ мебошад. Харобаҳои ин ибодатгоҳ, ки дар теппаи Акропол воқеъ аст,  дар болои Афина баланд мешаванд. Он байни солҳои 447 ва 432-и пеш аз солшумории мо бунёд ёфтааст. Парфенон тули даҳсолаҳо яке аз мавзеъҳои маъмултарини шоёни диққати Юнон ва Аврупо маҳсуб меёбад. Ин дар ҳолест, ки то рӯзҳои мо аксари ороишоту девораҳои он хароб шуда, сӣ пайкараи он дар ҳолати таассуфоваранд. 
Ҳатто тасаввур кардан душвор аст, ки ин маъбад бо тамоми ҷалолаш чӣ гуна буд, зеро тавсиф дар бораи он қариб нигоҳ дошта нашудааст. 
Парфенон рамзи Юнони Қадим, гаҳвораи демократия  ва тамаддуни Ғарб ба ҳисоб меравад, бинобар ин, ҳамасола тақрибан 8 миллион нафар аз он боздид кардан мехоҳанд. 
 
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
 
 
 
 
РУБРИКАИ НАВ 
ГЛОБУС
ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ҚАТОРКӮҲҲОИ АНД 
 
1.  Қаторкӯҳҳои Анд бо дарозии 9000 километр дарозтарин системаи кӯҳҳои олам ба ҳисоб мераванд.
2. Баландтарин нуқтаи Анд қуллаи Аконкагуа мебошад, ки 6960 метр аз сатҳи баҳр қад афрохтааст. Он на танҳо баландтарин қуллаи Амрикои Ҷанубӣ, балки баландтарин нуқтаи нимкураҳои ғарбӣ ва ҷанубӣ низ мебошад.
3. Олимон муайян карданд, ки қаторкӯҳҳои Анд тақрибан 200 миллион сол пеш пайдо шудаанд ва ҳамсоли динозаврҳо мебошанд.
 
Таҳияи Комрон САФАР
 
 
 
 
ЭЪТИМОД
Файласуфи номдоре баробари дидани дӯсти деринаш бағал кушода мегиряд:
- Ба ман гуфтанд, ки кайҳо мурдаӣ, бовар надоштам, ки туро дигарбора мебинам.
- Бовар кунед дӯстам, тавре мебинед зиндаву саломатам.
- Чӣ хел бовар кунам, охир аз ту дида эътимодам ба он шумхабар зиёдтар аст. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
МЕҲМОНХОНАИ «ДАНГ НГА»
Тоҷири машҳури ветнамӣ дар майдони 3 гектар меҳмонхонаи бузурге сохта, дар рӯзи таваллуди завҷааш ба ӯ туҳфа намуд. Меҳмонхона аз шиша, чӯб, санг ва намуди зоҳириаш дар  сурати ҳайвони азимҷуссаи фил сохта шудааст. 
Ҳангоми бунёди он тоҷир маҳсулоти сохтмониро аз партовгоҳҳо ҷамъоварӣ намуда, дар бинои 3 - ошёна  истифода бурдааст.
Ҳамсари тоҷир меҳмонхонаро хуш пазируфта, онро  ройгон дар ихтиёри меҳмонон мегузорад.
Ин макон имрӯз ҷойи дӯстдоштатарини сайёҳон дар Ветнам маҳсуб меёбад.
 
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА
 
 
 
 
ДУЗДҲОИ БОИНСОФ
2. Ба яке аз хонаҳои Саксонияи Поёнӣ ғоратгари силоҳдор даромада,   мураббии кӯдаконро таҳдид мекунад. Азбаски кӯдакон ба мураббӣ унс гирифта буданд, ин ҳолатро дида, як нафари онҳо, ки 7 – сола буд, зуд тамоми пасандозҳои волидонашро оварда ба ғоратгар медиҳад, то ба мураббиашон озоре нарасонад. Ғоратгар аз ин амали кӯдак чунон мутаассир мегардад, ки ҳатто аз хона чизе нагирифта, баромада меравад.
Таҳияи З. РАҶАБ
 
 
НОМАҲОИ ДАРОЗТАРИНРО
КИҲО НАВИШТААНД? 
1.Номаи дарозтаринро соли 1954 сокини Бурклин Луиза Гордон ба ефрейтор Дон Рейс навиштааст. Дарозии он 975 метру 36 сантиметр буд, ки иншояш расо як моҳ тул кашид. 
2.Муаллифи номаи дигар Ҳусайн Муҳаммади эронист. Ӯ ба як мактуби рафиқаш 13 моҳу 4 соат ҷавоб навишт, ки 150 метр коғаз сарф шуд. 
3.Мактуби дигар ба қалами Элан Форман тааллуқ дорад, ки аз 1 402 344 ҳарф иборат буд. Элан ба навиштани он 3 январи соли 1982 шуруъ карда, 25 январи соли 1984 номаро тавассути почта ба ҳамсараш Ҷенет ирсол намуд. 
 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА 
 
 
 
 
ДУ ПАНД
Ҳамеша ба қалбатон гӯш диҳед, гарчи дар самти чапи шумо қарор дорад, ҳамеша рост хоҳад гуфт.
* * *
Ҳеҷ вақт ба худат мағрур нашав. Баргҳо ҳамеша вақте мерезанд, ки фикр мекунанд, тилло шудаанд.
 
Ҳозиркунандаи чоп Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
АЗ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТИ ГУНОГУН ЯК САТР
* Фил одамро дар масофаи 500 метр бӯй карда метавонад.
* Уқоб сад сол умр мебинад, аксари уқобҳо аз беморӣ намемиранд, балки худкушӣ мекунанд.
* Давраи ҳомиладории фил ду сол аст.
* 80 дарсади ҳайвоноти рӯи Замин ҳашарот мебошанд.
* Дили харчанги баҳрӣ дар сараш аст.
* Паша дар ҳар чор сония девона мешавад.
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
КОРРУПСИЯ
ДАР АНГЛИЯ РИШВАХОРОН АЗ НАФАҚАПУЛӢ МАҲРУМ МЕШАВАНД
Дар Британияи Кабир шахсоне, ки ҷинояти коррупсионӣ содир мекунанд, дар баробари дигар намуди ҷазоҳои сангин аз гирифтани ҷубронпулӣ ва нафақа ҳам маҳрум мешаванд.  
Талаби ришва ва қабули ҳадия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин кишвар ҳамчун ҷинояти коррупсионӣ дониста мешаванд, ки аз солҳои 1906 ва 1916 ба ин сӯ амал мекунанд. Шахсе, ки такроран ба содир намудани чунин кирдорҳо айбдор мешавад, дар баробари зиндонӣ шудану аз нафақа маҳрум гардидан, инчунин, тамоми умр ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатиро аз даст медиҳад.
 
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
ТАВСИЯ
 
ИЛОҶИ РАҲОӢ АЗ ТАНБАЛӢ
 
17. ВОҚЕЪБИН БОШЕД
Барномарезии хуб дошта бошед ва ба он пойбанд бимонед. Таҳти ҳеҷ шароите қавонинеро, ки барои анҷоми корҳоятон танзим кардаед, барҳам назанед.
Дар ҳар кор бонизом ва сарсахт бошед. Вақте корҳоятонро ба навъи хуб анҷом медиҳед, истироҳат бароятон ширинтар хоҳад буд. Бо дармони танбалӣ руҳияи беҳтаре пайдо мекунед ва хушиву истироҳат маънои хуб касб мекунанд.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
МӮЙЛАБ 
МАҲСУЛОТ БАРОИ КОСТЮМИ МАРДОНА
Ин либоси мардонаи дар Австралия тайёршуда он қадар беҳамто буд, ки пас аз рӯнамоӣ, ҳамон лаҳза ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид шуд. Муаллифони ин костюм аксбардор Памел Климанн - Пасси, агентии Bullfrod ва бренди маъруфи либосҳои мардона POLITIX мебошанд.
Пиҷак ва шими аз мӯйлабҳо омодашуда ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти саломатии мардон аст.
Либоси беназире, ки бори нахуст дар намоиши австралиягии The Today Show ба мараз гузошта шуд, на танҳо рекорди ҷаҳониро тағйир дод, балки ҷоизаи тиллоии  Spikes Asia-ро дар соҳаи ҳифзи саломатӣ дарёфт намуд.
Идеяи сохти либоси ғайриодиро рассом ва аксбардор Памел Климанн – Пасси пешниҳод кард. Ин амалро ба хотири шавҳараш, ки соли 2016 аз бемории рак даргузашта буд, роҳандозӣ намуд.
Бояд зикр кард, ки «маҳсулот»-ро барои дӯхти либоси беназир на ҳамаи мардон, балки, онҳое ҷамъ намуданд, ки ба бемории физикӣ ва ё руҳӣ гирифторанд.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
 
"ARMANI" МАҲСУЛИ НОМУСИ  ФАРЗАНДИ ПАДАР
Соли 1930 дар Италия оилаи камбағале зиндагӣ дошт, ки иборат аз модар ва ду писар Роминои 12 - сола ва Ҷорҷиои 7 - сола. Ромино дар корхонаи тортпазӣ кор мекард, аз хурдӣ масъули хонавода буд ва танҳо як куртаи ғафс дошт, ки аз сармо дар кору мактаб барои гарм шудан онро ба бар мекард. 
Рӯзе остинҳои куртааш дариданд. Ба назди модараш рафт, ки чи кор кунад. Модар барои пинҳон кардани даридаҳои оринҷ порчаҳои матоъ дӯхт. Ромино ба мактаб рафт ва вақте ки баргашт, мегирист:
- Чаро гиря мекунӣ? - пурсид модар
Ромино гуфт:
- Ҳамсинфонам оринҷҳоямро дида, маро масхара карданд!
Бародари хурдиаш ин гапро шунида, гуфт:
- Бародар, ғамгин машав, ваъда медиҳам, ки куртаатро ҳокимону шоҳон хоҳанд пӯшид. 
Пас аз 20 сол, Ҷорҷио, бародари хурдӣ дар 27 – солагӣ тарроҳи рақами яки мӯд дар Италия шуд. Дар мисоли куртаи бародараш молҳое пешниҳод намуд, яъне куртаи мардона бо оринҷҳои ямоқкарда. Маҳз бо ҳамин пешниҳод соли 1957 тамоми тарроҳони ҷаҳонро мафтун кард ва соҳиби мукофотҳои зиёд гардид. То имрӯз аввалин тарроҳи куртаи мардона Ҷорҷио Арманӣ, соҳиби бренди байналмилалии «Armani» мебошад. Бояд гуфт, ки гаронтарин куртаҳо бо ямоқи оринҷҳо дар Италия истеҳсол мешаванд, ки тахмин 1200 доллар арзиш доранд.  
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
СТЕФАНО ПИОЛИ
МУРАББИЕ, КИ «МИЛАН»-РО ҚАҲРАМОН КАРДУ ХУД  БЕ МЕДАЛ МОНД
Ба мутахассиси 56-солаи итолиёвӣ Стефано Пиоли муяссар гашт, ки пас аз 11 сол «Милан»-ро дубора ба курсии шоҳии Серияи А шинонад. Ин аввалин дастовард дар корномаи мураббигияш буд. Пиоли чунон саргарми таҷлили ин муваффақияташ буд, ки дар хотир надорад, кӣ ва чӣ гуна медали тиллоиашро аз гарданаш кашида гирифтааст.
Пас аз ин воқеа ӯ ба ВАО муроҷиат карда хоҳиш намудааст, ки барои ёфтани нишон ёрӣ расонанд. 
Алорағми ин, мухлисе, ки медалро гирифтааст, дар шабакаи иҷтимоӣ ба Пиоли чунин менависад: «Раҳмат, Пиоли!». 
Аз ин хотир, роҳбарияти Серияи А тасмим гирифтанд, ки ба ӯ медали нав тақдим кунанд. 
 
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
 
 
 
ДАЛЕЛҲОИ  ҶОЛИБ 
ДАР БОРАИ САГ
Сагро бори аввал 40 ҳазор сол пеш шикорчиёни соҳили дарёи Янсизии Чин ром кардаанд.
* * *
Дар Англия қонун буридани гӯшу думи сагро манъ кардааст.
* * *
Сагҳои чанакаш чунон боқувватанд, ки то ду шабонарӯз дам нагирифта, ҳаракат мекунанд.
* * *
Агар чашмони саг баста ё нобино бошад ҳам, соҳибашро аз байни ҳазорон нафар шинохта, меёбад.
* * *
Дар ҷабҳаҳои Ҷанги дувуми ҷаҳон 70 ҳазор саг иштирок кардааст.
* * *
Сагҳо дар як вақт 20 намуди бӯйро эҳсос ва фарқ мекунанд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2022    №: 106    Мутолиа карданд: 2042
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед