иҷтимоиёт
"ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ". ҶАЛБИ ТОҶИКОНИ БУРУНМАРЗӢ МУТАҚОБИЛАН СУДМАНД ХОҲАД БУД
Ба шарофати дастгириҳои пайвастаи президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев солҳои охир ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун босуръат рушд менамоянд. Чанде пеш дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов бахшида ба 130 – солагии олим, шоир ва забоншиноси тоҷик Тӯрақул Зеҳнӣ Конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи “Турақул Зеҳнӣ ва масъалаҳои забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷик” баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши бузург олимони кишвари мо аз шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд ва Панҷакент иштирок доштанд. Хешону пайвандони забоншиноси шинохтаи тоҷик низ дар он ширкат варзиданд.
Ҳамзамон, дар Конференсия рӯнамоии китоби “Зеҳнинома” баргузор гардид, ки дар он 52 мақола аз ҷониби олимону пажӯҳишгарони тоҷику ӯзбек ҷамъ оварда шудааст. Самарқанди бостонӣ ҳоло ҳам маркази илму фарҳанги ниёгонамон мебошад, ки бо он бояд ифтихор дошта бошем. Дар Конференсия пешниҳодҳои хеле зиёде барои вусъати ҳамкориҳои минбаъдаи илмию фарҳангӣ ироа гардиданд. Баъди чорабинӣ созмондиҳандагони ҳамоиш аз мо хоҳиш намуданд, ки, ақаллан, ба 5 ё 10 нафар хонандагони тоҷик аз шаҳри Самарқанд иҷозат диҳанд, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат намоянд. Ба мутасаддиёни ин кори наҷиб расондани пешниҳоди мазкур бароям қарз аст. Маълум мешавад, ки озмунҳои дар кишварамон доиршаванда на танҳо такони ҷиддиеро дар дохил, балки миёни хонандагони дигар кишварҳо низ ба вуҷуд овардаанд. “Бисёр хуб мешуд, ки ин озмун - озмуни тамоми тоҷикони дунё мегашт”, - бо умед мегуфтанд дӯстони самарқандии мо. Мо ҳам ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, аз раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” хоҳиш менамоем, дар сурати имкон ба Оинномаи Озмуни номбурда тағйирот ворид карда, дари онро барои ҳамзабонони бурунмарзиамон низ боз намоянд.
Фикр мекунам, ки бо ин амал мо дар ташвиқу тарғиби илму дониш ва фарҳангамон барои худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ заминаи босазо мегузорем.
Муҳаммад АБДУРАҲМОН,
ноиби президенти АМИТ, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.06.2022 №: 107 Мутолиа карданд: 664