logo

иҷтимоиёт

ВАҚТЕ ТАБИБ БО БЕМОР ҲАМДАРД АСТ...

Дар ҳамаи шуъбаҳои бемористони клиникии шаҳри Хуҷанд кору фаъолияти мутахассисон бо сатҳу сифати нек анҷом меёбад, вале матлаби мо ба ходими шуъбаи амрози асаб Шарифҷон Оқилов ихтисос дорад. Дар шуъбаи мазкур ӯро чун марди оқилу доно ва меҳрубону ғамхори беморон мешиносанд. Теғу доруи тиббияш, пеш аз ҳама, сухани гарму дилнавоз мебошад. Маълум мегардад, ки Шарифҷон донандаи рози пешаи хеш аст ва нек медонад, ки табобат аз ҳарфи гарм оғоз меёбад. Ӯ баҳри сифатнокии кораш аз тамоми усулҳо истифода менамояд, таҷрибаи ғанӣ дорад ва барои рушди малакаи хеш пайваста дар ҷустуҷӯст. Аз суҳбаташ пайдост, ки танҳо бо омӯзиши тиб машғул нашуда, ҳамчунин, бо мутолиаи китобҳои соҳаҳои дигар, аз ҷумла адабиёт, саргарм мешавад.
Ҳамчун бемор аз ғамхориҳои ин марди фозил хеле мамнун гаштаму хостам оид ба кору фаъолияти ибратбахшаш ба унвони рӯзномаи «Ҷумҳурият» матлабе нависам.
Шарифҷон Оқилов хатмкардаи МТМУ № 31-уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар оилаи омӯзгори собиқадор Муҳаммадҷон Оқилов ва модари мушфиқ Биибодат Оқилова ба дунё омад. Бахши муолиҷавии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Синоро соли 1992 бомуваффақият хатм намуда, интернатураро дар беморхонаи клиникии вилояти Суғд гузаронд. Аз раиси вақти ҷамъияти асабшиносони вилоят Ю. Ф. Ҷабборов нозукиҳои илмро аз худ кард ва ординатураро низ дар ҳамин дармонгоҳ гузашт.
- Дар ибтидои ҷанги шаҳрвандӣ омӯхтани асаб ва илми асабшиносӣ талаби замон гардид. Мардум дар зери таъсири буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ ранҷи руҳӣ мекашид. Қисми зиёди мардум бо бемории амрози асаб муроҷиат намуда, аз вазъи ҳассос пайваста ранҷ мебурд. Миллат ба асабшиносони кордида сахт эҳтиёҷманд буд. Вобаста ба он, хостам ба омӯзиши ҳамин бахши илми тиб камар бандам, - мегӯяд Шарифҷон Оқилов.
Барои амалӣ гардидани мақсадҳои наҷиби худ ҳамсуҳбати мо  дар Душанбеву Хуҷанд дар мавзуъҳои «Асосҳои муолиҷа бо тарзи сӯзандармонӣ» (соли 1992), «Руҳшиносии клиникӣ» (соли 1995), «Масъалаҳои интихобшудаи асабомӯзӣ» ва «Руҳшиносии клиникӣ (соли 1995)», «Масъалаҳои интихобшудаи асабомӯзӣ» (соли 2005)» ва «Муаммоҳои муосири клиника, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои системаи асаб (соли 2017)» ҷустуҷӯҳои илмӣ бурда, дар такмили ихтисос ба зинаҳои баланд расид. Дар ҷамъияти асабшиносони вилоят ҳамчун мутахассис аз эҳтироми шоиста бархӯрдор аст.
Ҳамзамон, дар Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон аз асабшиносӣ дарс мегӯяд. 
Сардухтури беморхона Ф. Комилов аз муваффақиятҳои ин табиби ҳозиқ меболад ва ҳамкоронаш ба донишу малакаи ӯ ҳамеша такя мекунанд.
Бо кунҷковӣ ва зарофат аз мукофоту медалҳо сухан ба миён оварда, ин ҳарфҳои самимиро шунидам: «Мукофоти олитарин боварӣ, ихлос ва эҳтироми беморон аст. Эътимоди ҳамкорону шогирдон ва як фарди зарурӣ буданро дар ҷомеа баландтарин рутба медонам». 
Ҳамчун бемори куҳансол ва шаҳрванди одӣ бо Шарифҷон Оқилов ифтихор намудам ва сипосгузории самимонаро барояш нисор мекунам. Бигзор, шумораи чунин ворисони ҳақиқии Сино дар кишварамон бештар гардад.
 
Ҳайдар ҲАЙДАРОВ,  Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.06.2022    №: 107    Мутолиа карданд: 439
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед