logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН. КӮДАКОН ДАР ОҒӮШИ МУҲАББАТ ВА ТАҲТИ ҒАМХОРИИ ДАВЛАТАНД

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвар демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таъмини манфиатҳои кӯдакону наврасон, некуаҳволӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи онҳоро яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намудааст. Ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон аз ҷониби давлат дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад. Гузашта аз ин, мамлакати мо новобаста аз вазъи мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ҷумлаи аввалин мамлакатҳои пасошӯравӣ буд, ки соли 1993 аъзои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак гардид. 
Ба андешаи Суҳайлӣ Қодирӣ, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи марказии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини ҳифзу ҳуқуқҳои кӯдакон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Тибқи Конститутсия, давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя намуда, модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсус қарор медиҳад. Аз ин рӯ, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва мушкилоти дар ин самт мавҷударо пайваста бо масъулони шуъбаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як қатор имкониятҳо ва кумакҳои иҷтимоӣ бархӯрдоранд, аз лаҳзаи таваллуд давлат ба модари тифл ҳуқуқи махсус, аз қабили рухсатӣ барои тарбияи кӯдак ва ба воя расондани он медиҳад. Имтиёзи дигар барои кӯдакон ин кафолат додани давлат ба таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбии ройгон дар мактабу омӯзишгоҳҳо буда, ҷанбаи муҳими он таъмини таҳсилоти ройгони мактабҳои миёна ва олии касбӣ мебошад.
Як нуктаи муҳимро бояд зикр кард, ки давлат нисбат ба ҳаёти кӯдакони ятим, маъюб ва бепарастор бетафовут набуда, ғамхорӣ ва дастгирии онҳоро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ мешуморад. Чунончи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешаои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (26.01.2021) дастур доданд, ки нафақаи кӯдакони маъюби то 18 - сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни болозикр таъин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад.
Ин далели он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат барои дастгирии иҷтимоӣ, тавонбахшӣ ва солимгардонӣ, таҳсилоти кӯдакони маъюбиятдошта ва барои онҳо муҳайё намудани муҳити дастрас барномаҳои дахлдорро амалӣ менамояд. 
Бояд гуфт, ки ҳамасола 1 июн - Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Чунончи, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои кӯдакони пойтахт барномаи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардида, намоиши ҳунару эҷод, мусаввараҳои беҳтарин, дастовардҳои кӯдакону наврасони шаҳр ва озмуни расмкашӣ ташкил шуд. 
Гузашта аз ин, бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ҳолпурсӣ ва табрики кӯдакони маъюб, бесарпаноҳ ва камбизоат рафта, ба онҳо туҳфаҳо тақдим менамоянд.  
Воқеан, насли хурдсолу навраси имрӯзи кишвар насли хушбахтанд, зеро пайваста таҳти ҳимоя ва парастории Ҳукумати кишвар қарор доранд ва тамоми имтиёзу шароитҳо барояшон фароҳам оварда шудаанд. Ягона вазифаи волидон, мактаб ва ҷомеа ин ҳимояи ҳуқуқ ва ҳифзи кӯдакон аз ҳар гуна зарари ҷисмониву равонӣ мебошад. Ояндаи кишвар аз дуруст тарбия гирифтани насли ҷавон вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, дар партави сиёсати ояндасози Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳар яки мо бояд дар ҳифзу нигаҳдорӣ ва риояи ҳуқуқи кӯдакон саҳмгузор бошем.
 
Оламбегими НЕКҚАДАМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.06.2022    №:    Мутолиа карданд: 607
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед