logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НИШАСТИ СЕЮМИ ПЕШВОЁНИ ЭЪТИЛОФ ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ

4 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти сеюми пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим иштирок ва суханронӣ карданд.
 
Дар ҳамоиш оид ба ҳалли масоили обу иқлим намояндагони як қатор кишварҳои олам ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок намуданд.
Кори нишасти сеюми пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлимро Петтери Таалас, Дабири кулли Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WМO) ифтитоҳ карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббускори тадбирҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба об ҳамчун роҳбари кишвари мизбон нахуст ҳамаи иштирокчиёнро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҳамоиш барор орзу карданд.
Таъкид гардид, ки нишасти имрӯза дар арафаи Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, баргузор шуда истодааст, ки ҳадафи асосиаш суръатбахшӣ ва татбиқи масъулияту уҳдадориҳои қаблан гирифташуда ва таҳрику татбиқи амалҳои тоза мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз рӯи таҳлилҳо бо вуҷуди талошҳову кӯшишҳои зиёд, мо дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, хусусан дар қисмати об, хеле ақиб мондаем ва масъулияту уҳдадорӣ ва амалҳои нав заруранд, то ин ҳадафҳо татбиқ гарданд.
Сарвари давлат аз таваҷҷуҳи пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷиҳати таҳия ва татбиқи амалҳои нав изҳори қаноатмандӣ карда, бо итминон иброз доштанд, ки  дар ҳамоиши имрӯза мо нақшаи амали худро тасдиқ хоҳем кард ва татбиқи он дар ҳалли мушкилоти обу иқлим натиҷаҳои назаррас хоҳанд дод.
Таъкид шуд, ки Конфронси Душанбе низ, ҳамчун чорабинии калидии омодагӣ ба Конфронси соли 2023, ҳамбастагии зичи захираҳои об ва тағйирёбии иқлимро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор хоҳад дод.
Зимни таҳлили вазъи иқлим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо борҳо ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои ногувори ин раванд аз минбарҳои баланди ҳамоишҳои ҷаҳонӣ баромад кардаем. Ин масъала, дар ҳақиқат, хеле муҳим аст, чун пиряхҳо сарчашмаи асосии обҳои ширин ба ҳисоб мераванду захираҳои онҳо зери таъсири гармшавии глобалӣ босуръат коҳиш ёфта истодаанд.
Тибқи ҳисоби коршиносон, се соли панҷсолаи охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Мусаллам аст, ки идомаи ин раванд бо дарназардошти афзоиши босуръати талабот ба об дар натиҷаи зиёд шудани аҳолӣ ва рушди иқтисод ба оқибатҳои ногувор оварда мерасонад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки ҳалли ин масъалаи доғи рӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта бошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли мушкилот дар ин самт бори дигар ташаббуси эълони соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ба миён гузоштанд.
Таъкид гардид, ки эълон шудани Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ташкили Системаи муттаҳидшудаи глобалии иттилоотии криосфера ва механизми байналмилалӣ, ки барои осон кардани дастрасии иттилооти дақиқ ва саривақтӣ оид ба криосфера мусоидат менамояд, аз натиҷаҳои назарраси татбиқи ташаббуси мазкур хоҳанд буд.
Таъкид шуд, ки захираҳои об барои мутобиқшавӣ нақши муҳим доранд. Онҳо, инчунин, барои коҳиш додан ва ноил гаштан ба устуворӣ алайҳи ин раванд муҳиманд. Дар ин зимн Сарвари давлат таваҷҷуҳи иштирокчиёни нишастро ба зарурати рушд бахшидан ба соҳаи гидроэнергетика ҳамчун тавлидкунандаи “неруи сабз”, ҷалб сохтанд.
Президенти мамлакат иброз доштанд, ки неругоҳҳо дар баробари истеҳсоли неруи «барқи сабз»-у дастрас, инчунин, дар идораи устувори захираҳои об, коҳиши селу обхезӣ ва хушксолӣ, кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера саҳми муносиб хоҳанд дошт.
Изҳори итминон карда шуд, ки масъалаи мазкур низ, бо назардошти муҳимияташ дар ҳалли ҳамгироёнаи мушкилоти обу иқлим, дар оянда мавриди таваҷҷуҳи аъзои Эътилоф қарор хоҳад гирифт.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  нақши пешвоёни Эътилоф дар пешбурди рӯзномаи ҳамгирошудаи масъалаҳои обу иқлим баҳои баланд дода, бо боварӣ зикр карданд, ки нақшаи амали пешвоён дар ин раванд саҳми муносиби худро хоҳад гузошт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2022    №: 108    Мутолиа карданд: 1167
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед