logo

иҷтимоиёт

ФАТҲИ УФУҚҲОИ НАВ. ХУШБИНИҲО АЗ САФАРИ РАСМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дидору мулоқотҳояшон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро аҳли илму фарҳанг ва санъати тоҷики муқими Ӯзбекистон бо таваҷҷуҳи хос пайгирӣ намуданд. Дар робита ба аҳамият ва натиҷаҳои бобарори ин сафар андешаҳои бархе аз онҳоро манзури хонандагон мегардонем, ки хабарнигори «Ҷумҳурият» Мирасрор Аҳроров аз шаҳри Тошкент ба мо фиристод: 
 
 Асад Гулзодаи Бухороӣ, шоир: 
- Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ӯзбекистон анҷом ёфт. Равобити миёни ду кишвари дӯст бо иродаи матини сарварони ду давлат беш аз пеш рӯ ба беҳбуд овардааст ва он дили бандаро ба зиндагӣ боз ҳам гармтар месозад. Ин ҳарфҳоро фарде мегӯяд, ки солҳои зиёд ҷабру азияти дурӣ аз Тоҷикистонро дар мағз-мағзи ҷисму ҷони худ эҳсос кардааст.
Чунин мешуморам, ки аз моҳи март-августи соли 2018 равобити ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромад. Чунки мардуми тоҷику ӯзбек аз накҳату машоми дӯстиву рафоқате баҳраманд гардиданд, ки чанд муддат аз даст дода буданд. 
Дарвоқеъ, ҳамаи мо аз имзои санадҳои баимзорасида огоҳ ҳастем ва, бидуни шубҳа, ин санадҳо барои манфиатҳои мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон хидматҳои босазо хоҳанд кард. Аммо ман ин ҳарфҳои Шавкат Мирзиёевро, ки ба ҳайси мизбон гуфтааст, мехоҳам иқтибос оварам: «Мардуми Ӯзбекистон муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоядорӣ бо мардуми бародари тоҷикро, ки бар пояи муштараки таърихӣ, мероси фарҳангию маънавӣ ва анъанаҳои наҷиби ниёконамон асос ёфтаанд, қадр мекунад. Мо чи дар рӯзҳои дурахшон ва чи дар рӯзҳои душвор ҳамеша паҳлуи ҳам ва китф ба китф истода ҳамдигарро дастгирӣ мекардем. Бо саъю кӯшиши муштарак муносибатҳои дуҷониба ба натиҷаҳои воқеан бузург ноил гардида, онҳоро ба сатҳи хеле баланд бардоштаанд.  Барои ҳамин, имрӯз қарори дорои аҳамияти ҳақиқатан таърихӣ қабул шуд. Мо эъломияро дар бораи таҳкими дӯстӣ ва иттифоқи абадӣ имзо кардем”.
Оё ин ҳарфҳо ба ягон шарҳу тафсир ниёз доранд? Ҳаргиз!  Ман як фарди фарҳангии Ӯзбекистон ҳастам, ки, асосан, барои адабиёт хидмат мекунам. Имрӯз қалби маро эҳсоси ифтихор фаро гирифтааст ва ин эҳсос аз муносибати бародаронаи ду абармард – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев маншаъ мегирад. Бубинед, онҳо мисли акаву додар бо ҳам суҳбат мекунанд! Метавон гуфт, ки дӯстиву рафоқат баъзан қоидаҳои протоколиро низ барҳам мезадааст! 
Анҷоми сафари бобаракоти ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кулли мардуми мову Тоҷикистони азиз табрик мегӯям. Мо бояд ҳамеша бо ҳам бошем ва аз якдигар пуштибонӣ кунем. Душманони мо низ кам нестанд. Аммо агар аз самимият кор гирем, мазраи дӯстии мардумони моро ягон неру рахна карда наметавонад.
 
Гуландом Субҳонова, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
- Дар арафаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон мо чанд чорабинии бузурги фарҳангӣ баргузор кардем ва дар он кормандони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон таҳти сарварии академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ширкат намуданд. 
 Гузашта аз ин, маросими муаррифии ду китоби ашъори шоирони маъруф устод Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералиро дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон баргузор кардем, ки нашриёти “Тамаддун” бо теъдоди 500-нусхагӣ интишор кардааст. Ин иқдом ба муносибати 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон сурат гирифт.
Ҷои ифтихор аст, ки роҳбарони ду мамлакат дар бораи дӯстии абадӣ созишнома ба имзо расонданд. Ин хабарест, ки тамоми мардуми тоҷиктаборро хушҳолу хушнуд намудааст. Аз мо тақозо мегардад, ки домани корҳои фарҳангии маркази тоҷиконро фарохтар созем ва барои рушди забону фарҳанги миллӣ беҳтару бештар хидмат кунем. 
Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев зимни брифинг таъкид намуд, ки барои фаъолияти бомуваффақияти марказҳои фарҳангии миллӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Имрӯз мо аз чунин шароити хуб бархӯрдор ҳастем. Ҳоло барномарезӣ кардаем, ки бо гранти давлатӣ сӣ номгӯ китобҳои тоҷикиро ба нашр расонем ва ба ин васила ниёзи китобхонаҳои муассисаҳои таълими ҳамагониро коҳиш диҳем.
Ба ҳайси раиси Маркази миллӣ – фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз он хурсандам, ки риштаҳои дӯстиву рафоқати ду халқи бародар сол ба сол мустаҳкам мегардад ва дар ин ҷода маркази мо низ саҳми худро мегузорад. 
 
Бегалӣ Болтаев, нафақахӯр: 
- Аз телевизион сафари расмии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Ӯзбекистон тамошо мекардаму сафари нахустини Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар моҳи марти соли 2018 ба ёдам расид. 
Охири соли 2016 ҷаноби Шавкат Мирзиёев дар интихобот бо аксарияти овозҳо бар маснади раисҷумҳури Ӯзбекистон нишаст. Ҳама мунтазир будем, ки вай дар зудтарин фурсат ба Тоҷикистон ташриф мефармояд. Ниҳоят, моҳи марти соли 2018 сафар ба Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст. Шодиву нишоти мардуми ду самти марзро ҳадду канор набуд. Истиқболи гарму ҷӯшони Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе, суҳбату мулоқотҳои ӯ бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, имзои санадҳо дили миллионҳо одамонро ба фардои неку дурахшон гарму нарм сохт.
Баъдан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон сафари расмӣ анҷом доданд, ки он низ дар сатҳи хеле баланд сурат гирифт. Натиҷаҳои ин сафари таърихӣ дар расонаҳои маъруфи олам инъикоси гаштанд.
Ман солҳои зиёд дар шаҳри Душанбе кору зиндагӣ кардаам. Баъд назди падару модар, ба ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона баргаштам. Бинобар ин, Тоҷикистонро Ватани дуюми худ мешуморам. 
Сафари расмии Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон ҳодисаи таърихиро касб намуд ва ин беҳуда нест. Дар ин сафар  санадҳои зиёди ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Умедворем, ки ҳамаи он дар ҳаёт татбиқ мегардад ва рӯзу рӯзгори мардуми тоҷику ӯзбек аз ин ҳам зеботар ва домани ҳамкориву риштаҳои дӯстӣ қавитар мегарданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2022    №: 108    Мутолиа карданд: 516
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед