logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ЧЕХИЯ МИЛОШ ЗЕМАН

5 июн миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия муҳтарам Милош Земан ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Чехия муҳтарам Милош Земан омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар иртибот ба 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия ба Шумо табрикоти гарм ва таманниёти неки ин ҷонибро ирсол менамоям.
Роҳи се даҳсола якҷо тайкардаро арзёбӣ намуда, бо изҳори қаноатмандӣ раванди тавсеаи гуногунҷанбаву таҳкими бомароми ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳоямонро дар ҳама арсаҳои мавриди манфиати тарафайн қайд карданиам. 
 Бо истифода аз фурсати фараҳманд, мехоҳам аҳамияти пешбурди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Чехияро ба нафъи мардумонамон дар заминаи усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва эътимоди  байниҳамдигарӣ таъкид намоям.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандӣ ва комёбиҳои беш аз пеш, ба мардуми дӯсти Чехия сулҳу амонӣ, рушди устувор ва шукуфоӣ орзумандам».
 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Чехия муҳтарам Милош Земан ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Иҷозат диҳед хотиррасон шавам, ки 5 июни соли 2022 Ҷумҳурии Чехия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатиро таҷлил менамоянд.
Бо камоли сарфарозӣ мехостам ҳар ду кишварҳоямонро ба ин солгард самимона табрик намуда, орзумандам, ки муносибатҳои дӯстонаи Чехия ва Тоҷикистон минбаъд низ дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн рушду тавсеа ёбанд.
Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва ба мардуми кишваратон муваффақият ва шукуфоӣ таманно дорам».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2022    №: 108    Мутолиа карданд: 3381
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед