мулоқотҳо
МУЛОҚОТ БО НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД МАРК БОУМАН
6 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуманро, ки барои иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки дар тули 30 соли робитаҳои Тоҷикистон бо Бонк ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳ рушд ёфта, имрӯз дар сатҳи баланди шарикӣ қарор доранд.
То имрӯз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон 150 лоиҳаро дар ҳаҷми зиёда аз 850 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардааст, ки амалисозии ин лоиҳаҳо дар рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар нақши назаррас дорад.
Дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷалби бештари маблағҳо барои рушди бахши хусусӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ва инкишофи бозори молиявии мамлакат, зарур дониста шуд.
Зимни мулоқот татбиқи чорабиниҳо оид ба бартарафсозии таъсири оқибатҳои манфии пандемия ба иқтисодиёти кишвар, ҷалби маблағҳо ва сармоя баҳри амалисозии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон муҳокима гардид.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.06.2022 №: 108 Мутолиа карданд: 3295