logo

сиёсат

МАРЗ. ИҒВОИ НАВБАТӢ Ё АМАЛИ ҲАДАФМАНДОНА? ТОҶИКИСТОН ҚИРҒИЗИСТОНРО БА РИОЯИ МУВОФИҚАҲОИ ҲОСИЛШУДА ДАЪВАТ НАМУД

 
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон  изҳорот пахш намуда, аз такрор ёфтани таҷрибаи аз ҷониби Қирғизистон сарфи назар кардани мувофиқаҳои ҳосилшуда ибрози нигаронӣ кард. 
 Дар изҳорот гуфта мешавад, ки 3 июни соли 2022, соати 10:40 бо вақти маҳаллӣ дар минтақаи таҳти масъулияти дидбонгоҳи сарҳадии “Кех”-и Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар натиҷаи марзшикании ҳадафмандонаи ҳарбиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни сарҳадбонони тоҷик ва ниҳодҳои ҳарбии кишвари ҳамсоя муноқишаи мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст.
Муноқиша бинобар аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон беэътиноӣ намудани талаби қонунии марзбонони тоҷик ҷиҳати тарки ҳудуди Тоҷикистон рух дод. Дар ҷавоб ба талаби сарҳадбонони Тоҷикистон ҳарбиёни қирғиз мавқеи ҷангӣ гирифта, нахуст ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии «Кех» оташ кушоданд. Пас аз ҷалби неру ва техникаи иловагӣ аз ҷониби ҳарбиёни Қирғизистон вазъият мураккаб гардид: «Дар натиҷаи оташи ҷавобии сарҳадбонони тоҷик аз яроқи оташфишон, ҳарбиёни қирғиз аслиҳаи маҷмуӣ ва миномётҳоро ба самти мавзеъҳои аҳолинишини Тоҷикистон истифода бурданд. Сарҳадбонони Қирғизистон изҳор доштанд, ки дар муноқишаи сарҳадӣ қувваҳои ниҳодҳои алоҳидаи мақомоти қудратии Қирғизистон, ки ба ҳайати Хадамоти сарҳадии он ҷониб шомил нестанд, истифода мешаванд.  
Дар натиҷаи гуфтушунидҳои фаврии бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон доиршуда, соати 13:15 бо вақти маҳаллӣ оташбас муяссар гардид. Гузашта аз ин, соати 14:15 бо мақсади муайян намудани ҳолати муноқишаи мусаллаҳона ҷониби Тоҷикистон интиқоли намояндагони Қирғизистонро ба маҳали ҳодиса, воқеъ дар ҳудуди Тоҷикистон ташкил намуд». 
Дар баёния таъкид мегардад, ки аз тарафи Қирғизистон истифода гардидани ниҳодҳои мақомоти қудратии ба ҳайати Хадамоти сарҳадии кишвари ҳамсоя шомилнабуда, чораи ғайриқобили қабул ва боиси мураккаб гардидани вазъият дар хатти сарҳади давлатӣ мебошад.  Илова бар ин, ҳолати мазкур хилофи мувофиқаҳои байни  мақомоти сарҳадии ҷонибҳо, ки 12 март ва 13 апрели соли 2022 ҳосил шудаанд, дониста мешавад.
- Тоҷикистон амали иғвоангезонаву ҳадафноки ҷониби Қирғизистонро маҳкум намуда, аз риояи қатъии ҳамаи мувофиқаҳои бадастомада ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо дар оянда, даъват ба амал меорад, - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ.
 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2022    №: 108    Мутолиа карданд: 1142
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед