logo

иҷтимоиёт

«ҶАҲОНЕ ГАНҶ». МЕҲРУБОНӢ ДУНЁРО ЗЕБОТАР МЕНАМОЯД

 
Ростӣ, дар бораи «Ҷаҳоне ганҷ» қабл аз он, ки ба дастамон бирасад, иттиллоъ доштем. Ин паёмро муаллифи китоб, адиб ва рӯзноманигори шинохта Абдулқодири Раҳим дар маҳфили шеърашон, ки чанде пеш доир гардид, ба ҳаводорони каломи бадеъ расонд. Ӯ гуфт, ки «Ҷаҳоне ганҷ»  суханони пурарзиши ҳакимонаи  шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон аз қадим то ба имрӯз, инчунин, байтҳои нобу зебову дилраси шоирони тоҷику форсро дар бар мегирад, ки рӯзҳои наздик ба дасти хонандагон ҳоҳад расид».
Он рӯз чанде аз суханони ҳикматомези бузургонро чун муште аз хирвор манзур ҳам дошт. Ҳоло, ки китоб нашр шудаву дастрасамон гашт, аз  хондани ин суханҳо бештар лаззат мебарем ва агар тибқи ин гуфтаҳо амал намоем, ҳатман ҳаётро зеботар хоҳем дарёфт. Ҷойгоҳи худро дар  зиндагӣ хубтар пайдо намудаву аз он лаззати бештар хоҳем бурд. Нобарориҳо низ моро дигар навмед нахоҳанд кард. Муроди муаллиф ҳам аз ҷамъ овардану дар шакли китоб манзури хонандагон намудан, ҳамин аст. Дар ин бора худи устод дар қисмати аввали китоб, ки «Аз сӯхтанҳо то сохтанҳо» унвон гирифтааст, чунин нигошта: «Суханони арзишмандро ба гурӯҳи дӯстон ва шарикдарсон мефиристодам. Бо паёмакҳо посух медоданд, ки аз хонданаш лаззат бурдем. Аммо муроди ин ҷониб дигар буд. Мехостам, ки дар зиндагӣ кор ва муносибаташон тағйироти мусбат рух бидиҳад».  
Воқеан, агар ба интихоби мавзуъҳое, ки дар суханҳои созандаву ҳакимонаи шахсиятҳои маъруф зикр шудаанд, таваҷҷуҳ намоем, дармеёбем, ки  устод аз миёни садҳо суханҳои арзишманде, ки ба дарди ҷомеа мехӯранд, беҳтаринҳоро интихоб намудааст. Ва ҳам ин суханҳо дар ҳеҷ давру замоне арзиши худро аз даст нахоҳанд дод. Аз ин нуктаи назар метавон гуфт, ки барои ҳамеша мондагоранд ин суханҳо ва то ҷаҳон боқист метавонанд сарнавишти инсонҳоро ба роҳи нек бибаранд. Таваҷҷуҳ фармоед: 
Бадбахт миллате, ки таърихи худро надонад, тирабахттар аз он миллатест, ки алоқаманд ба донистани таърихи худ набошад, шӯрбахттар аз ҳама миллате аст, ки таърихи худро ба ришханд бингарад.
* * *
Агар айб меҷӯӣ дар миёни онҳо гум мешавӣ ва дигар ҳеҷ гоҳ ҳунарро дида наметавонӣ.
* * *
То ба дунболи муваффақият наравед, бо шумо ҳамроҳ нахоҳад шуд.
* * *
Ё роҳро биёбед ё роҳро бисозед.
* * *
Хушбахттарин шахс касест, ки қаноат дошта бошад, варна бе қаноат шоҳ ҳам гадо аст.
* * *
Меҳрубонӣ дунёро зеботар менамояд.
 
Дар ҳақиқат, хондан ва дуруст дарк намудани ин  суханон дар ҳар нафар одамгарӣ, хушрафториву хушгуфторӣ ва, умуман, муносибати лоиқи инсонӣ ба ҳар касу ҳар чизеро тарбия менамояд. 
Миёни ин суханон «Се фармони Куруши Кабир» - асосгузор ва шоҳи сулолаи Ҳахоманишиён низ басо ҷолиб ва қобили таваҷҷуҳ мебошад:
1. Муҳаббат ба ҳама
2. Эътимод ба чанд нафар
3. Хиёнат ба ҳеҷ кас
 
Муаллифи асар, ки худ ин ҳақиқатро дарёфтааст, ба хонандагон низ онро талқин мекунад. Талқин менамояд, то ин ҳақиқат абадан рамзи зиндагии онҳо гардад. Ҷамъ овардани ин ва дигар суханони арзишманд, дар як китоб шукӯҳи онро афзудааст.
Дар қисмати дувуми китоб муаллиф гулчини баъзе аз  байтҳои шоирони тоҷику форсро ҷой додааст, ки хеле арзишманданд.  Вале на дар қисмати аввал «Суханони арзишманд» ва на дар қисмати дуюм «Пардаи роз» муаллифон зикр нашудаанд. Ҳарчанд дар ин сурат шукӯҳи суханони арзишмандашон ба зикри номашон меафзуд. Ин, албатта, сабаб дорад ва адиб дар пешгуфтор онро чунин тавзеҳ дода: «Суханони арзишманди бузургони ҷаҳон, аз ҷумла сиёсатмадорон, ҳакимон, адибон ва дигар мутахассисони соҳаҳои гуногунро гирд овардам, чанде онҳоро тарҷума ва аксарро аз хатти арабиасоси тоҷикӣ ба хатти кирилӣ баргардон кардам. Чанде аз муаллифон аз қабили Афлотун, Арасту, Суқрот, Ситсерон, Зардушт, Будо, Куруши Кабир, Сенека, Ибни Сино, Наполеон, Антон Чехов, Михаил Шолохов, Пабло Неруда, Габриел Гарсиа Маркес, Чарли Чаплин, Гёте, Марк Твен, Робиндранат Такур, Иммануил Кант, Алберт Эйнштейн, Кафка, Модар Терезо, ба хонандагон ошно буданд. Номи бештари муаллифон ношинос буд ва талаффузи навишти онҳо дар ин хат мушкил эҷод мекард. Аз ин рӯ, номи ҳеҷ муаллиферо зикр нанамудам».
Дар ҳар сурат фикр мекунам, ки ин омил боиси коста шудани маънии онҳо нагардидааст. Муҳим ин аст, ки суханон арзиши худро нигоҳ доштаанд ва дар руҳияи инсонҳо таъсири нек дошта метавонанд. Воқеан, месазад аз абёт ва суханони ҳакимонаи маҷмуа дар тарбияи фарзандон низ истифода намуд, то дар зиндагии минбаъдаашон тағйироти мусбат рух бидиҳад. Охир, мақсади муаллиф ҳам ҳамин аст.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2022    №: 108    Мутолиа карданд: 659
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед