иҷтимоиёт
САФАР ДАР ВАТАН
Одатан вақте калимаи «сафар»-ро мешунавем, ҳатман ба зеҳнамон сайру саёҳат ба кишварҳои дур мерасад, аммо дар дохили кишвари худ низ метавон сафар кард. Тоҷикистон бо ин ҳама табиати нотакрор, кӯҳсорону обшорони беназир, ёдгориҳои таърихӣ ҳазорон гӯшаву канори нодидаву тамошоӣ дорад.
Масалан, навад дарсади мардумро мепурсем, ки оё Бадахшонро дидаед, ҳатман мешунавем, не. Ё мақбараҳои устод Рӯдакӣ, Муҳаммади Башоро, Саразм, ҳазрати Амирҷон – Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, қалъаҳои Ҳулбук ва Ҳисорро дидаед, аксарият ҷавоби рад медиҳанд. Ин гувоҳ бар он аст, ки мо сафар дар Ватан накардаем.
Яке аз руҳониёни донишёру даррок, имоми масҷиди ба номи ҳазрати Алии ноҳияи Зафаробод Бафохон Эшонхонов ҳамроҳи се дӯсти дигар: Ибодулло, Абдувоҳид ва Неъмат ба сафар баромаданд. Ин чор нафарро ният зиёрати хокҷои бузургону орифони Тоҷикистон буд.
Ҳамин тавр, онҳо тавассути шоҳроҳи Хуҷанд – Чаноқ – Душанбе ба сӯйи пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе рафтанд. Нахуст, аз дараи зебоманзари Варзоб дидан карда, ба Ҳисори бостон расиданд.
Дар Ҳисор, ки чандин зиёратгоҳҳо, мадраса ва қалъаи Ҳисор он ҷост, сафар хушу хотирмон гузашт. Дар баробари дидан, ҳамчунин аз таъриху тамаддуни ин шаҳр, урфу одатҳои мардум огоҳ шуданд. Минбаъд роҳи сафарашон ба самти ноҳияи Данғара идома ёфт. Он ҷо ба зиёрати мақбараи Хоҷа Шақиқи Балхӣ, яке аз пайравону шогирдони Имоми Аъзам мушарраф шуданд.
Кӯлоб низ аз бостоншаҳрҳои мо буда, таърихи қадима дорад. Минтақаи мазкур зодгоҳи абармардони шуҷоъ, қаҳрамонҳо, шоирону орифон аст. Бидуни шубҳа, яке аз бахшҳои хотирмони сафари бародарон зиёрати мақбараи шоир ва орифи маъруфи Осиёи Марказӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буд.
Баъди сафар бо фаъолону пирони рӯзгордидаи шаҳраки Меҳнатобод вохӯрда, аз кӯлбори хотираву саргузаштҳои хеш нақл карданд. Сокинон бо шавқу рағбати афзун ба ҳикояти мусофирон гӯш ниҳоданд.
Онҳо бори дигар ба ҳақиқати гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расиданд. Яъне, барои дидани рӯи олам дидани мамлакати худ аҳамияти махсус дорад. Бо ин роҳ на танҳо бо таърихи куҳнадиёри хеш аз наздик ошно мешавем, балки дар рушди сайёҳии дохилӣ низ ҳисса мегузорем.
Сайидмурод ШАРИФОВ,
раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи шаҳраки Меҳнатободи
ноҳияи Зафаробод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.06.2022 №: 108 Мутолиа карданд: 508