logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТ БО МУОВИНИ ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ХОНУМ АМИНА МУҲАММАД

 
7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои он, инчунин, аз дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба обу иқлим изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки татбиқи ҳадафҳои Даҳсола барои ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об ва пешбарии Ҳадафи 6-уми рушди устувор дар сатҳҳои гуногун мусоидат хоҳад кард.
Зимни мулоқот масъалаҳои амалисозии ҳадафҳои барномаву стратегияҳо, аз ҷумла “Рӯзномаи 2030”-и Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, баргузории Саммит оид ба дигаргунсозии маориф, Саммити ҷаҳонии иҷтимоӣ, Саммити ояндаи мо ва дигар тадбирҳои муштарак, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ саҳми бузург мегузоранд, муҳокима гардиданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо алоқамандии худро барои идомаи ҳамкориҳо дар самти дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, инчунин, барқароршавии пас аз ҳамагири COVID-19 изҳор намуданд.
Ҷонибҳо дар робита ба таҳдиду буҳронҳои ҷаҳонӣ, аз қабили  афзоиши нобаробарӣ, камбизоатӣ, гуруснагӣ, муноқишаҳои мусаллаҳона, терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамагири COVID-19 вокуниши муштаракро зарур шумурданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2022    №: 109    Мутолиа карданд: 3128
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед