logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТ БО ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ АМНИЯТ ВА ҲАМКОРӢ ДАР АВРУПО (САҲА) ҲЕЛГА ШМИД

 
7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ҳелга Шмидро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистону Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон нақши САҲА - ро дар таъмини сулҳу субот, амният ва рафоҳати фарогир дар паҳнои он муҳим арзёбӣ менамояд.
Таъкид гардид, ки иштироки САҲА дар Конфронси дуюми байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” гувоҳи таваҷҷуҳи пайвастаи Созмон ба ин масъалаҳои мубрами минтақавӣ мебошад.
Ҷонибҳо масоили густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва инсонӣ муҳокима карданд.
Дар ченаки иқтисодиву муҳитзистӣ таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати рафъи пайомадҳои ҳамагири коронавирус,  инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромарзии муташаккил ва истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон табодули андеша намуданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯ сурат гирифт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2022    №: 109    Мутолиа карданд: 3174
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед