logo

иҷтимоиёт

ҚОСИДОНИ СУЛҲ

 
“Ваҳдату ҳамдастӣ ва ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми ҳамдигар пояи боэътимоди истиқлолият, тавоноӣ ва шикастнопазирии давлатро ташкил медиҳанд ва риояи онҳо хусусан, дар шароити кунунӣ, амри зарурӣ ба ҳисоб мераванд”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки ба таври огоҳона муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи ғояи “Тоҷикистони соҳибихтиёр - Ватани ягонаи мо” мебошад. Зеро, маҳз ҳамин ғоя нуқтаи пайванд ва марказии иттиҳоди тамоми мардуми Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, забон, дин, мазҳаб ва мавқеи сиёсӣ мебошад.
 
Баҳри амалӣ кардани ин мақсади наҷиб ниҳодҳои ҷамъиятӣ саҳми арзанда доранд. Зеро дар ҷомеаи демократӣ афзудани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва кӯшиши иштирок дар дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеа аз воситаҳои ноил шудан ба пешрафт, суботу амният мебошад. Ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаҳои мадании  Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ баҳри татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Баҳори соли 1996 бо ташаббуси  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ҷамъиятиву ташкилотҳои фарҳангӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ “Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон” таҳия гардид ва ба имзо расид. Дар қатори 200 намояндаи ҳизбу ҳаракатҳо намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаҳои мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ аз аввалинҳо шуда, зери ин ҳуҷҷати муҳим имзо гузошт. Самтҳои асосии фаъолияти Ҷамъияти мазкур ба устувор гардидани сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, тарғиби идея ва ғояҳои давлати соҳибистиқлол, шинос намудани кишварҳои хориҷӣ бо анъана ва фарҳанги волои мардуми тоҷик равона гардидааст.
 Раиси вақти Ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаҳои мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ Майсара Калонова доир ба фаъолияти Ҷамъият, бахусус саҳми он дар баргузории чорабиниҳо вобаста ба солгарди Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон иброз дошт, ки бо ташаббус ва роҳбарии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаҳои мадании Тоҷикистон ва Фонди миллии  «Шоҳроҳи абрешим» бахшида ба сулҳу ваҳдат, Соли байналмилалии сулҳ чаҳор маротиба ҳаракати «Корвони сулҳу ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат» баргузор шуд. Корвони якум моҳи июни соли 1999 ба роҳ баромад. Ҳаракати Корвони дуюм аз 23 то 27 июни соли 2000-ум доир гардид, ки дар он намояндаи 57 шаҳру ноҳияи кишвар иштирок дошт. Дар суҳбат Майсара Калонова гуфт, ки ин маротиба Корвони дуюми сулҳу ваҳдат аз ду самт-23 июн аз Кулма ва 24 июн аз шаҳри Исфара оғоз гардида, аз масири Мурғоб-Хоруғ-Дарвоз-Кӯлоб-Кофарниҳон ва Хуҷанд-Истаравшан-Айнӣ-Варзоб ҳаракат дошт. Намояндагони водиҳои Ҳисору Вахш низ ҳамроҳ буданд. Ҳангоми аз шаҳру ноҳияҳо гузаштан, мардуми маҳал  аҳли корвонро бо дили гарму оғӯши кушода истиқбол мегирифтанд, аз дидори якдигар изҳори шодмонӣ мекарданд. Иштирокдорони ҳамоиш 27-уми июни соли 2000 аз чаҳор дарвозаи шаҳр вориди пойтахт шуданд. Дар назди маҷмааи Ваҳдат  гулгузорӣ намуда, дар чорабиниҳои ҷашнии шаҳр иштирок карданд. Дар пойтахти ҷумҳурӣ гузарондани чорабиниҳои асосии ҳаракати «Корвони сулҳу ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат» хеле рамзист, зеро шаҳри Душанбе маркази фарҳангии Тоҷикистон мебошад. Ба ҳамин монанд, Корвони сеюм (14-25 июни соли 2002) ва чаҳорум (15-26 июни соли 2006) доир  гардиданд. Ҳамчун қосидони сулҳу ваҳдат иштирокчиёни корвон мардумро ба дӯстиву ҳамгироӣ, бунёдкориву посдории якпорчагии Тоҷикистон даъват мекарданд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон (Маскав, 27 июни соли 1997) вазъ ва зиндагии мардум рӯ ба беҳбудиву оромӣ ниҳод ва он рӯзи саидро Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон карданд. Ба хотири баҳамоию дӯстии мардуми Тоҷикистон баргузории чунин чорабиниҳои сиёсӣ, чун «Корвони сулҳу ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат» дар он марҳила, ки авзои ҷомеа  орому осуда мегардид, аҳамияти бағоят калон дошт. Ба сулҳу ваҳдати комил расидани халқи тоҷик ба саъю кӯшиш ва иродаи қавии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут мебошад. Вобаста ба сулҳи тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ (16 ноябри соли 2012)  бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор доштанд: “Хушбахтона, мо сулҳро ҳамчун падидаи ҳуқуқиву сиёсӣ ва воқеияти ҷамъиятӣ ба даст овардем ва имрӯз шукргузорем, ки дар фазои ин неъмати бузург кору зиндагӣ дорем.”
 
Аъзам МӮСОЕВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2022    №: 109    Мутолиа карданд: 470
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед