logo

туризм

САЙЁҲӢ. РУШДИ ЧАШМРАСИ СОҲАРО АЗ СОЛИ 2024 МЕТАВОН ИНТИЗОР ШУД

Бо барқароршавии сайёҳӣ тамоюлҳои басо ҷолиб мушоҳида мешаванд, ки рушди соҳаро дар солҳои наздик муайян мекунанд. Ин дар ҳолест, ки сайёҳӣ соли сеюми давраи буҳрониро мегузаронад. Аз як тараф афзоиши талабот ба сафар, аз ҷониби дигар маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19 ҳанӯз ҳам мушоҳида мешаванд. Ин ҳолат аз ҳамаи иштирокчиёни саноати сайёҳӣ маҳорат, иттиҳод ва навҷӯиро талаб менамояд.
 
ТАДБИРҲОИ МУАССИР БАРОИ  РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ НИҲОӢ
- Мо ин давраро барои таҳияи хатсайрҳои нав, барномаҳои ҷолиб истифода бурдем. Анъанаҳои қадимӣ эҳё гаштанд, ҷолибияти минтақаҳо ҳам барои истироҳат ва ҳам барои гузарондани чорабиниҳо беҳтар гашт, - иброз медорад Абдукарим Қурбонзода, мудири бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, нақшаи рушди устувори сайёҳии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2022-2030 аз ҷониби коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ таҳия гардид, ки панҷ самти асосии фаъолиятро барои табдил додани бахш аз мавқеи кунунии худ ба муҳаррики дараҷаи дуюми иқтисодӣ, қувваи пешбарандаи рушди иқтисодӣ, эҷоди шуғл ва ҷалби сармоягузорӣ муайян менамояд. Ин самтҳо таҷдиди сохтори Кумитаи рушди сайёҳӣ, ҳалли масъалаҳои омори сайёҳӣ, қабули стратегияи мутамаркази маркетинг ва брендинг, баланд бардоштани малакаҳои бахши сайёҳӣ ва беҳтар намудани маҳсулоти сайёҳиро дар бар мегирад. Ҳоло дар ин самт аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Мувофиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ, дар натиҷаи пешрафти соҳа, Тоҷикистон аз кишвари саёҳати саргузаштиву экологӣ ва пиёдагардӣ ба кишвари саёҳати таърихӣ, фарҳангӣ, табобатӣ - фароғатӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ ва корӣ табдил  меёбад. Ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар самти эълон намудани солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат, боиси рушди навъҳои гуногун ва ташаккули саноати сайёҳӣ дар кишвар гашта, дар маҷмуъ, ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ таъсири назаррас мерасонад.
 
САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ  ВА ТАМОЮЛҲОИ НАВ 
Паҳншавии бемории COVID-19 дар як муддати кӯтоҳ ба гардиши сайёҳон дар ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонд.   
Имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки аксари кишварҳои ҷаҳон оҳиста - оҳиста маҳдудиятҳои бинобар пандемия ҷоришударо лағв карда истодаанд. Аз ҷумла, чанде пеш дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳдудиятҳои коронавирусӣ бардошта шуд. Ин ба барқароршавии сайёҳии байниминтақавӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, давлатҳои гуногуни ҷаҳон риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарии паҳншавии бемориро низ бекор намуда истодаанд. Дар ҳамин ҳол, дар тамоми минтақаҳои сайёҳии кишварҳои ҷаҳон барои пешвози меҳмонон омодагӣ ба мавсими нави сайёҳӣ фаъолона идома дорад. Барои сайёҳии байналмилалӣ дар Тоҷикистон тибқи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар амал  татбиқ гардида, нуқтаҳои қабули сайёҳон, аз ҷумла фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллӣ, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиётӣ ба таври муосир ба роҳ монда шуда, имконоту бартариятҳои кишвар ҳамчун бренди сайёҳии ҷумҳурӣ васеъ тарғибу ташвиқ мегардад. Гурӯҳи корӣ дар ин самт кор бурда истодааст. 
Тибқи арзёбиҳои марказҳои омӯзишӣ ва тадқиқотии байналмилалӣ сафарҳои гурӯҳӣ, оилавӣ, автомобилӣ, экологии фаъол, корӣ аз тамоюлҳои соли 2022 дониста шудаанд. Дар баробари ин, рақамикунонӣ, ки бар асари пандемия мавқеи бештар пайдо намуд, сафарҳои ҷаҳонгардонро бамаротиб осон мегардонад. Вале, тибқи арзёбиҳои коршиносон бо вуҷуди ҳамаи ин пешравиҳо, барқароршавии фаъоли сайёҳии байналмилалиро метавон аз соли 2024 интизор шуд.  
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2022    №: 109    Мутолиа карданд: 3460
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед