logo

иҷтимоиёт

ВИҶДОНИ БЕДОР

 
Ходими намоёни сиёсиву ҷамъиятӣ, собиқадори соҳаи ҳарбӣ Муъминҷон Абдусамадов соли 1940 дар ноҳияи Деваштич таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми дабистони зодгоҳаш, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби маълумоти олӣ гардид. Нахуст дар кони Консойи вилояти Суғд оби ҷабин рехт, пасон се сол дар хизмати ҳарбӣ буд, чанд сол дар корҳои ҳизбии ноҳияи Деваштич фаъолият дошт. Ба ҳар коре камари ҳиммат бандад, ҳатман онро бо виҷдони пок ва дасту дили пок сомон медод. Ҳамин ҷиддият ва масъулиятшиносӣ дар кор ӯро ба Кумитаи давлатии бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯза КДАМ овард.
Муддате гузашту Муъминҷон Абдусамадовро бо бовари комил сардори шуъбаи бехатарии давлатии шаҳри Конибодом таъин карданд. Солҳои 1979-1982 айнан ҳамин вазифаро дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иҷро мекард.
Дар Мурғоб, ки иқлими вазнин дорад, борҳо гирифтори бемориҳо шуд, вале аз роҳбарият пайваста хоҳиш мекард, ки ҷойи корашро иваз накунанд. Садоқат ба Ватан ва обу хоки муқаддас намегузошт, то ранҷ набурда ганҷ дарёбад.
Азбаски дар Бадахшон фаъолияти чашмрасу пурсамар дошт, ӯро ҷонишини сардори шуъбаи амнияти давлатии шаҳри Душанбе таъ-ин намуданд. Дар солҳои бозсозӣ ва тағйир ёфтани вазъи иҷтимоиву сиёсӣ дар кишвар аз нотавонбинону қонуншиканон борҳо шиканҷа ва осеб дид, вале даст аз мубориза ва пойдории адолат нашуст. То соли 1990 сардори мақомоти ёдшуда дар шаҳри Панҷакент буд.
Аҳли оила гумон доштанд, ки дар панҷоҳсолагӣ Муъминҷон Абдусамадовро ба нафақа гусел мекунанд ва ниҳоят падар дар канори гарми фарзандон мешавад. Вале дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта  Тоҷикистонро оташи ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт. Меҳан ва миллат ба мардони шуҷоъ, кордида ва санҷидашуда шадидан ниёз дошт. Аз ӯ хоҳиш шуд, ки барои рафъи бенизомии иқтисодӣ дар шаҳри Истаравшан ва ташкили шуъбаи махсуси гумрук дар ин минтақа дасту остин барзанад. 
Албатта, ин даъвати давлату Ҳукуматро фарзанди содиқи Ватан бепосух нагузошт ва дар радифи чандин мутахассиси соҳа аз аввалинҳо шуда шуъбаи гумруки шаҳри Ӯротеппа (имрӯза Истаравшан)-ро таъсис дод. То соли 1997 нозири калони ҳамин шуъба буд. 
Бовар дорам, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич барои пос-дории ном ва хизматҳояш амали хайре сомон дода, кӯча, хиёбон ё муассисаи таълимиеро ба номаш мегузоранд. Ҳамзамон, аз чор фарзандаш умедворем, ки ёду ёдгори падар, китобу дастхатҳо, ифтихорномаву медалҳо ва ҳуҷҷатҳояшро эҳтиёт карда, ба насли оянда мерасонанд.
 
Муҳаммадшарифи САЛИМ,
собиқадори матбуот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2022    №: 109    Мутолиа карданд: 518