logo

Хабарҳо

Тоҷикистону Ӯзбекистон Бунёди минтақаи тиҷоративу саноатӣ дар марз

CentrAsia. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нақша доранд, ки ояндаи наздик дар минтақаи гузаргоҳҳои «Ойбек» ва «Фотеҳ-обод» минтақаи наздисарҳадии тиҷоративу саноатӣ бунёд намоянд, - хабар медиҳад Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон.
Гуфта мешавад, ки дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ду кишвар, ки ҳафтаи гузашта дар остонаи сафари Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон дар Тошкент баргузор гардид, байни ҷонибҳо тавофуқоти муқаддамотӣ ҳосил шуд. 
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки «бо мақсади фаъолсозии тиҷорати мутақобила ва ҳавасмандгардонии рушди ҳамкориҳои саноатӣ» дар марз як минтақаи тиҷоратӣ ва саноатӣ таъсис дода мешавад.
Интизор меравад, ки дар ҳудуди минтақаи бунёдшуда иншооти истеҳсолӣ, марказҳои логистикӣ ва инфрасохтори зарурӣ ҷойгир  мегарданд.
 
 
Токаев нияти густариши шарикии стратегӣ бо Чинро эълом дошт
Мир24. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Чин Ван И иброз дошт, ки  Нур-Султон ният дорад, бо Пекин шарикии стратегиро густариш диҳад.  
 «Имсол 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии Қазоқистону Чин хоҳад буд. Дар миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ Қазоқистон ба баландтарин сатҳи ҳамкориҳо бо Чин расидааст. Сухан дар бораи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ меравад, ки барои солҳои зиёд пешбинӣ шудааст. Ман бовар дорам, ки дар байни мамлакатҳои мо ихтилофҳо нестанд. Баръакс, мо аз рӯи проблемаҳои тезутундтарини замони ҳозира мавқеъҳои якхеларо ишғол менамоем», - гуфт Қосим - Жомарт Токаев.
«Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дӯстии шахсӣ ва муносибатҳои боэътимоди моро бо шумо хеле қадр мекунад. Ташаббуси сохтани Қазоқистони нав нишондиҳандаи хирад ва иродаи шумост. Мо шуморо комилан дастгирӣ мекунем ва иҷрои бомуваффақияти ин вазифаро бароятон таманно дорем», - гуфт Ван И.
 
 
 
Вакили Аврупо: «Таҳримҳо алайҳи Россия Иттиҳоди Аврупоро ба фалокати иқтисодӣ мекашанд»
ТАСС. Сиёсати таҳримии Иттиҳоди Аврупо алайҳи Федератсияи Россия ба иқтисоди кишварҳои аврупоӣ таъсири манфӣ мерасонад ва аз ҷониби кишварҳои берун аз блоки Ғарб пуштибонӣ намеёбад. Дар ин бора вакили парлумони Аврупо ва собиқ вазири нақлиёти Фаронса Терри Мариани дар ҷаласаи умумии парлумони Аврупо изҳор дошт. 
«Ман фикр мекунам, шумо бо истифодаи он сиёсати таҳримотие, ки берун аз Ғарб ҳеҷ кадоме хоҳиши бо мо пайвастанро надоранд, моро ба як фоҷиаи иқтисодӣ ва геополитикӣ мекашед. Шумо пайваста муносибати бисёрҷонибаро талаб мекунед, аммо системае эҷод месозед, ки моро тақрибан танҳо бо равобит бо ИМА маҳдуд менамояд», - гуфт вакил ҳангоми баррасии лоиҳаи қатънома дар бораи сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар заминаи муносибатҳои байналмилалӣ ва амният дар пасманзари низоъ дар Украина. Ӯ таъкид кард, ки таҳримҳо алайҳи Россия бо сокинони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мувофиқа нашудаанд.  
 
 
 
Вазорати молияи ИМА сатҳи баланди таваррумро дар кишвар эълон кард
Р.Т. Вазири молияи ИМА Ҷанет Йеллен гуфт, ки таваррум дар Амрико бо вуҷуди чораҳои андешидаи маъмурияти ИМА дар сатҳи ғайриқобили қабул боқӣ мемонад. Вай афзуд, ки кишвар бо мушкилоти дигар низ мувоҷеҳ аст. Ба гуфтаи вай, онҳо ба таъсири пандемияи COVID-19 ба занҷирҳои таъминот ва, инчунин, "таконҳои таъминот дар бозорҳои нафту ғизо" дар шароити буҳрони Украина марбутанд.
Қаблан маълум шуд, ки қимати бензин дар ИМА ба ҳадди рекордӣ расидааст. Узви Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико Рик Аллен изҳор дошт, ки болоравии қимати маводи сӯзишворӣ дар кишвар на ба амалкарди мақомоти Россия, балки ба сиёсати Президент Ҷо Байден ва маъмурияти ӯ рабт дорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5877
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед