logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

 
КОРРУПСИЯ
Қаллобӣ корманди комиссариати ҳарбиро ба толори суд бурд
Сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав Сайёдҷон Нарзуллоев барои кӯшиши тайёр карда додани шаҳодатномаи хизмати ҳарбии корношоям ба курсии айбдорӣ нишаст.
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ин бора иттилоъ дод, ки номбурда барои тайёр карда додани шаҳодатномаи хизмати ҳарбии корношоям аз шаҳрванд “А” 10000 сомонӣ талаб намудааст. Аз ин миқдор 5000 сомониро қаблан гирифта, ҳангоми гирифтани боз 2000 сомонии дигар дар ҷойи ҳодиса дастгир шуд.
Дар ин робита, нисбат ба Сайёдҷон Нарзуллоев бо моддаи 247, қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ бо расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҳоло бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст.
 
 
МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНӢ
Нусратулло бо доллар савдо карду 25600 сомонӣ ҷарима шуд
Суди ноҳияи Ёвон соҳибкор Нусратулло Карликовро барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ 25600 сомонӣ ҷарима кард.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод, номбурда ҳамчун фурӯшанда дар мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, воқеъ дар бозори Панҷшанбеи ноҳияи Ёвон фаъолият намуда, 3 марти соли ҷорӣ ба харидори шартӣ Баҳовиддин Вайсиддинов як миқдор масолеҳи сохтмониро ба маблағи 3000 доллари амрикоӣ фурӯхтааст, ки хилофи талаботи моддаи 286, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
Вобаста ба ин ҳолат, прокуратураи ноҳияи Ёвон нисбат ба Н. Карликов парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намуд.
 
 
ДУЗДӢ
Бо ин ҷурм нисбат ба ноболиғе парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд 
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд алайҳи ноболиғи 17 - сола парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, ноболиғ сокини ҳамин ноҳия буда, шаби 16 майи соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи марбут ба марди 52-солаи сокини ноҳия даромада, аз хазинааш 8 ҳазор сомонӣ ва 1 адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро дуздидааст. Зарари расондашуда ба соҳибмулк 10 ҳазору 220 сомониро ташкил дода, феълан вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дорад. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2022    №: 109    Мутолиа карданд: 2324
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед