logo

Хабарҳо

"ЗАН ВА ОБ". БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

 
Дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028»,  дар Муассисаи давлатии “Кохи ваҳдат” Форуми  байналмилалии  «Зан ва об» баргузор шуд.
 
Ҳамоиш, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари минтақавии  занон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Бунёди байналмилалии Шоҳигарии  Академияи илмҳо (RASIT)  ва дафтари ҳамоҳангсози фаъолияти иқтисодӣ ва экологии  САҲА баргузор шуд, ки намояндагони 49 кишвари олам, аз ҷумла Алия - Эл - Ясир – директори минтақавии дафтари СММ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Нисрон Эл –Хашимит - муассиси Лигаи байналмилалии занон дар илм ва директори иҷроияи Бунёди байналмилалии Шоҳигарии  Академияи илмҳо (RASIT), Терхи Хакала - намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, намояндагони муколамаи занони Осиёи Миёна аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистонро ба ҳам овард. Дар кори Форум, ҳамчунин, Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири кишвар, Дилрабо Сайдулло, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони доираи  васеи коршиносони соҳаҳои гуногун, кормандони соҳаи илм ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар Форум аслан масъалаҳои Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм ва идоракунии захираҳои об ва сарфакорона истифода намудани он аз ҷониби занон дар оила, ҳамчунин, нақши занон дар омӯзиши манбаъҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Матлубахон Сатториён зимни суханронӣ, аз ҷумла гуфт: “Захираҳои об дар саросари олам неъмати  бебаҳо, воситаи таъмини зиндагонии шоиста, омили таъмини ҳастии инсоният ба шумор меравад. Тоҷикистон чун  кишваре, ки дар ҳудуди он наздики 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ ҷой гирифтааст,  мушкилоти  таъминоти об дар сайёраро масъалаи муҳим арзёбӣ менамояд, зеро ҳалли мушкилоти алоқаманд ба об ва дастрасӣ ба он барои рушди устувори иқтисодӣ ва бартараф намудани садҳо муаммоҳои дигар, аз ҷумла ҳифзи саломатӣ, нақши созгор дорад. Ин аст, ки Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар ҳамкорӣ бо СММ  барои расидан ба ҳадафҳои  бузурги марбут  ба ҳалли мушкилоти об дар сайёра  талошу кӯшишҳои  шоиста анҷом медиҳанд”.
Хелга Шмид, котиби генералии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, зимни суханронӣ барои ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти оби ошомиданӣ ба Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд. Ӯ, аз ҷумла гуфт, ки ҳанӯз ҳам бисёр мардумони сайёра аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ азият мекашанду ба он ниёз доранд. Аз ин рӯ ташаббусҳое, ки Тоҷикистон дар ин самт рӯйи даст гирифт, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии хуб ёфт. Моро зарур аст, ки масъалаи сарфакорона истифода намудани об, идоракунии таъминот бо об ва дастраси ҳамагон намудани онро пайваста мавриди баррасӣ  қарор бидиҳем.
Дар Ҳамоиш, инчунин, таъкид гардид, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таъсири камшавии захираи об маҳз ба сифати зиндагии занону духтарон таъсир мерасонад. Тибқи маълумоти оморӣ дар 80 дарсади хонаводаҳои саросари ҷаҳон, ки норасоии оби ошомиданӣ ба назар мерасад, масъули ҷамъоварӣ ва интиқоли он ба хонаводаро занону духтарон ба зимма доранд. Ин омил вақти пурқимати онҳоро мегирад. Дар сурати дастрасии пурра ба об занону духтарон имкон пайдо менамоянд, ки ба таҳсил ва омӯхтани касбу кори даромаднок машғул шаванд. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6183
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед