logo

Хабарҳо

САМАРҚАНД. ГИРОМИДОШТИ ТӮРАҚУЛ ЗЕҲНӢ

 
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии "Роҳи абрешим"-и Самарқанд бахшида  ба 130 - солагии гиромидошти адабиётшинос Тӯрақул Зеҳнӣ маҳфили хотирмоне баргузор гардид. Дар ин маҳфил аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гурӯҳи олимон ширкат карданд.
- Роҳи тайкардаи Тӯрақул Зеҳнӣ бо Самарқанди бостонӣ ва донишгоҳи он робитаи наздик дорад, зеро ӯ чанд сол дар ин маскани маърифат ба наслҳои наврас таълиму тарбия додааст. Аз ин ҷост, ки дар ташаккули мактабу маориф, фарҳангу адаб, матбуоти тоҷик Тӯрақул Зеҳнӣ саҳми шоистаеро касб намудааст, - гуфт ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Навоӣ Рустам Холмуродов. Мавсуф ёдовар шуд, ки Зеҳнӣ аз шогирдони бовафои устод Садриддин Айнӣ буда, дар кори таҳияву нашри “Намунаи адабиёти тоҷик” саҳми арзанда гузоштааст. Қиссаи рӯзгори ошуфта ва парешони ӯ бо талоши нависандаи хушсалиқа Додоҷон Раҷабӣ таҳти унвони "Як нахли Боғи майдон'" бозтоби худро ёфтааст.
 - Тӯрақул Зеҳнӣ чун таҷрибаи зиёди омӯзгорӣ, ноширӣ, муаллифии китобҳои дарсӣ, шоирӣ, тарҷумонӣ ва муҳаққиқиро дошт, дар Институти забон ва адабиёт асарҳои зиёди ҷолиби диққат навишт, - гуфт доктори илмҳои филология Абдунабӣ Сатторзода. - Аммо хизмати бузурги Зеҳнӣ бо таълифи муҳимтарин китоби худ "Санъати сухан" дар он аст, ки як насли бузурги адибон ва олимони тоҷикро бо илми бадеъ ошно намуд. Устод тарафдори мазмуни баланду зебо ва ороста буд ва дар ин ҷода барои адибони ҷавон низ ба ҳайси мураббӣ хидмати босазо анҷом додааст.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон,  профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев, декани факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Сироҷиддини Эмомалӣ, доктори илмҳои филология Матлубаи Мирзоюнус, сармуҳаррири рӯзномаи "Овози Самарқанд" Баҳодури Раҳмон, раиси Маркази миллӣ - фарҳангии тоҷикон ва форсизабонони вилояти Самарқанд Акбари Маҳмуд ва дигарон доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ин ҷоннисори илму фарҳанг ва адабиёт, луғатшиноси маъруф ибрози андеша намуданд.
 - Мо устод Зеҳниро ҳамчун мунаққиди тавонои шеър низ мешиносем. Он кас ҳанӯз дар оғози солҳои бистуми қарни гузашта ба таҳлилу тадқиқи шеър камар баста буданд. Таносуби шакл ва мазмуни шеърро дар як қатор мақолаҳои худ ба риштаи таҳқиқ кашидаанд. Солҳои шастуму ҳафтодум маҳз ҳамин масъалаҳо дар меҳвари андешаҳои устод радду бадал мешуданд, - изҳор намуд Матлубаи Мирзоюнус. 
Сипас, иштирокчиёни анҷумани мазкур дар маросими ботантанаи кушодани лавҳаи ёдгории устод Тӯрақул Зеҳнӣ дар зодгоҳаш - деҳаи хушҳавои Боғи майдон  ширкат варзиданд.  Дар он ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Хуршед Очилов, профессорон Аслиддин Қамарзода ва Ҷумъа Ҳамроҳ, омӯзгор Раъно Камолова, раиси ҷамоати шаҳрвандони деҳа Тошпӯлод Раҳматуллоев, шоири зуллисонайни самарқандӣ Нормурод Каримзода ва дигарон суханронӣ карданд. Аз рӯи муҷассамаи Тӯрақул Зеҳнӣ парда бардошта шуд. 
 Ногуфта намонад, ки Тӯрақул Зеҳнӣ дар радифи устодон Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Абдуқаюми Қурбӣ, Ҳоҷӣ Мӯин ва дигарон барои зуҳур ва ривоҷи матбуоти тоҷик нақши муассир бозидааст. Барои ҳамин ному кори ӯ ҳамеша дар дили мардум боқӣ хоҳад монд.
 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
Мирасрор АҲРОРОВ,
шаҳри Самарқанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5415
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед