Хабарҳо
РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ, ки он дар баробари аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии он яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумат буда, дар ин замина дараҷаи зисту зиндагии мардум беҳтар мегардад, диққати аввалиндараҷа медиҳанд.
Аҳли заҳмати ноҳияи Рашт дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат ба хотири саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат тамоми саъю талошҳои худро равона месозанд.
Абдураззоқ Саломов, сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» иброз дошт, ки заҳматкашони ноҳия ҳамасола барои афзун гардондани маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо он, ва дар ин замина, саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар корҳои муайянеро ба иҷро мерасонанд.
- Тибқи нақша дар майдони 3 284 гектар кишт гузаронда, кишти зироатҳои техникӣ 437 ва сабзавот 226 гектари онро ташкил медиҳад, - гуфт А. Саломов ва афзуд, ки имсол меҳнаткашони ноҳия уҳдадор шудаанд, кишти “нони дуюм” - картошкаро ба 1600 гектар расонанд. Мутобиқи ҳисоботҳои оморӣ дар ҳудуди ноҳия ҳамарӯза дар майдони беш аз 27 гектар кишти картошка гузаронда шуд.
Кишоварзони ноҳия дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешвои миллат ба соҳаи боғдорӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза ва содироти меваҳои хушсифати гуногун пайваста заҳмат мекашанд. Ҳоло дар ноҳия 5 150 гектар боғ (24 гектар боғи интенсивӣ) мавҷуд аст. Имсол боғдорони ноҳия дар майдони 17 гектар боғҳои нав бунёд намуда, 150 гектар боғҳои куҳнаи мавҷударо барқарор карданд.
- Ҳамин тавр, кишоварзони ноҳия аз ҳамаи имкониятҳои доштаи худ самаранок истифода бурда, кӯшиш менамоянд, ки дар ҳама самтҳои кишоварзӣ нақшаҳои ба уҳда гирифтаашонро иҷро намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ ва дастархони мардум саҳмгузор бошанд, - гуфт дар хотимаи суҳбат А. Саломов.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5371