logo

сиёсат

ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР. ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САРХАТИ РАСОНАҲОИ МАЪРУФИ ХОРИҶӢ

 
Маҷаллаи маъруфи англисзабони “Trends”- и Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об пешсаф аст» матлаби фарогиреро ба нашр расонд, ки дар он аҳамияти ҷаҳонии ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозтоб шудаанд. 
Дар ин бора сомонаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод. Бино ба гузориши манбаъ, дар мақола чаҳор ташаббуси байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба об, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005 – 2015», «Соли байналмиалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» шарҳу тавзеҳ ёфта, аҳамияти бузурги ин иқдомҳои башардӯстона дар ҳали мушкилоти ҷаҳонии об таъкид шудааст. 
Дар матлаб хулоса мешавад, ки «Ташаббусҳои Президенти муҳтарами Тоҷикистон вобаста ба об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронда шуда, назари навро дар истифодаи захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон талқин менамоянд ва барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор заминаи пойдор мегузоранд».
Ин дар ҳолест, ки феълан ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати татбиқи ташаббуси чаҳоруми Тоҷикистон вориди амал шудаву кишвари мо дар меҳвари таваҷҷуҳи бештар қарор дорад. Ин далелро баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», ки 6 – 9 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, тақвият мебахшад.
Ин нишасти дорои аҳамияти ҷаҳонӣ зери таваҷҷуҳи расонаҳои сершумор қарор гирифта, беш аз 500 хабарнигори воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ онро мустақиман пӯшиш доданд. Ҳудуди 2000 меҳмони хориҷӣ дар суханрониҳои расмиву ғайрирасмӣ аз ибтикороти башардӯстонаву амалгароёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоиш намуда, ба корҳои тадорукотӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ созмон додани чунин як ҳамоиши бонуфуз баҳои баланд доданд. 
Фирӯз РАҲМОНИЁН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2022    №: 110    Мутолиа карданд: 1286
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед