logo

иқтисод

РУШДИ САНОАТ. ПОЯҲОИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

Дар ҳар давру замон се омил - тараққиёти саноат, тиҷорат ва истифодаи хуби замин боиси ободӣ ва пешрафти кишвар маҳсуб мешуд. Имрӯз низ чунин мафҳум маънои худро гум накардааст. 
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки маҳаки асосии рушди иқтисодии кишварҳои дунёро маҳз соҳаи саноат пеш мебарад.
 
 Хушбахтона, имрӯзҳо маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии кишвар рақобатпазиру воридотивазкунанда буда,  ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам аз ҷиҳати нарх дастраси харидор гаштааст.
 Хурсандиовар аст, ки дар кишварамон бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсул тадриҷан амалӣ мешаванд.
Дар кишварамон ба рушди соҳаи саноат сол ба сол таваҷҷуҳ  меафзояд. Истеҳсолоти саноатӣ яке аз омилҳои пешбарандаи иқтисоди миллӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва яке аз муҳимтарин ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ – иқтисодии кишвар ба шумор меравад. 
Дар ҳамин радиф дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои саноатӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, ҷойҳои нави кор муҳайё ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинон сол ба сол хубтару беҳтар  мегардад.
Дар ин росто, шаҳри Истаравшан яке аз шаҳрҳои саноатӣ маҳсуб меёбад. Тибқи маълумоти оморӣ дар шаҳр 50 корхонаи саноатии хурду калон фаъолият менамояд, ки дар онҳо зиёда аз 1169 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин мебошанд. 
Бахшида ба истиқболи 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатчиёни шаҳри Истаравшан сарфи назар аз таъсири мушкилиҳои пешомада бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 - Солҳои рушди саноат тадбирҳои мушаххас андешиданд. Дар давраи ҳисоботии соли 2021 аз рӯи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати шаҳр ба 577 миллиону 880,6 ҳазор сомонӣ ва суръати афзоиш ба 104 дарсад расид. Ҳамзамон, шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда зиёд гашта, дар ин давра танҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда 427 миллиону 250 ҳазор сомониро ташкил намуд. Дар 4 моҳи соли 2022 тибқи маълумоти оморӣ саноатчиёни шаҳри Истаравшан  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро афзуда, бар ивази 167 696,8 ҳазор сомонии пешбинишуда, 208 904,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки суръати афзоиш 124,6 дарсадро ташкил дод. Дар ин нишондод ҳиссаи ҶСП «Оби Зулол» назаррас буда, нисбат ба чор моҳи соли гузашта суръати афзоишро 160,5 дарсад таъмин намуд. 
Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани мониторинг барои фаъолияти соҳибкорон, аз ҷумла коргоҳҳои истеҳсолӣ, пайомади нек буда, имкон фароҳам меорад, то соҳибкорони мо тавонанд фаъолияти рақобатпазирии худро густариш диҳанд.
Имрӯзҳо вобаста аз имкониятҳое, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар қувваи корӣ бартарӣ дораду захираҳои табиӣ зиёданд, моро зарур аст, ки бо назардошти талаботи бозори дохилӣ ва беруна  корхонаву коргоҳҳои навро новобаста аз шаклҳои моликият ва ҳаҷми онҳо бо ҷалби маблағгузориҳои дохила ва беруна бунёд созем, то ба  амалигардонии ҳадафи стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намоем.  
 
Саъдулло САЙФУЛЛОЗОДА, 
рӯзноманигор аз шаҳри Истаравшан


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2022    №: 110    Мутолиа карданд: 1045
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед