logo

Хабарҳо

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

 
Дар “Кохи Наврӯз” таҳти номи “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Форуми ҷавонон ва кӯдакон оид ба масоили об  баргузор шуд.
 
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд, дар Форуми мазкур Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм, Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Виргиниюс Синкявичюс, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба муҳити зист, уқёнусҳо ва моҳидорӣ, Осама Маккавӣ, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва намояндагони ташкилоту идораҳо, инчунин, беш аз 200 ҷавонони фаъол аз 30 давлати дунё иштирок доштанд. 
Раҳим Саидзода иброз дошт, ки мутобиқ ба қонунгузории умумибашарӣ ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба таҳсили босифат, аз ҷумла ҳуқуқи дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ санитарӣ ва беҳдошт ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таълимиро соҳиб мебошад. Дастрасии мувофиқ ба оби тоза, санитарӣ ва беҳдошт дар муассисаҳои таълимӣ ҷузъи калидии муҳити бехатар, орӣ аз хушунату зӯроварӣ, фарогир ва самаранокии таълим барои ҳар як кӯдак ва наврас ба шумор меравад. 
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2022-2026 – солҳои рушди саноат эълон гардидааст, ки ин тадбири муҳими сиёсӣ ва дорои аҳамияти муҳими иқтисодӣ шароит фароҳам меорад, ки имкониятҳои инноватсионии ҷавононро дар соҳаи об тавассути пешниҳоди малакаҳои соҳибкорӣ ва омӯзиши онҳо васеъ гардонда, аз дидгоҳҳои тозаи онон дар самти дастгирӣ ба об ва аз миён бардоштани мушкилоти мавҷуда дар сайёра дар ин ҷода босамар истифода барем, - афзуд вазир. 
Абдулло Раҳмонзода зикр кард, ки ҷавонон ҳамчун идомадиҳандаи сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар бояд дар ҳалли мушкилиҳои пешистода бетараф набошанд. Онҳо бояд дар ҳалли мушкилоти марбут ба об нақши муҳим бозанд. Насли ҷавон бояд бо тамоми малакаҳои зарурӣ барои бунёди ояндаи устувор муҷаҳҳаз бошад. Бахусус, сафарбар намудани ҷавонони кишварҳои олам барои амалҳои марбут ба об ва, ба ин васила, саҳм гузоштан барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030, мусоидат ва ҷалби насли наврас ба идоракунии самараноки захираҳои об, омода намудани мутахассисони ҷавон дар самти рушди технологияи нав, тарбияи дипломатҳои ҷавон барои пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаи об, шароит фароҳам овардан барои олимони ҷавон ва гузарондани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи об аз масъалаҳое мебошанд, ки мо бояд дар ин самт фаъолият намоем.
Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон гуфт, ки ҷавонон метавонанд барои ноил шудан ба ҳадафҳои бунёдии устувории об ва самаранокии захираҳо мусоидат кунанд. Аз ин рӯ, дар сурати рушди малака ва имкониятҳо, ҷавонон метавонанд дар пешбурди ҳуқуқи инсон ба об ва санитария барои ҳама неруи пешбаранда бошанд.
Дар охири Форум ҷавонон таъкид карданд, ки ин гуна воситаҳо бояд тавассути механизмҳои такмили иқтидори ҷавонон барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои техникии онҳо дар бораи ин манбаи ҳаётан муҳим дастгирӣ карда шаванд. 
 
З. РАҶАБ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4859
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед