logo

иҷтимоиёт

ДОДАРАКИ ФАРИШТАҲО". СУҲБАТИ ИХТИСОСИИ КОМРОН САФАР БО УМЕДШО МИРЗОШИРИНОВ

 Умедшо Мирзоширинов баъди офаридани филми «Муҷассамаи ишқ» миёни ҳаводорони олами кино чун коргардони муваффақ шинохтаву эътироф шуд. Ҳарчанд то ин замон чандин филми дигарро низ коргардонӣ намуда буд, аммо ба назари тамошогарон «Муҷассамаи ишқ» тамоман чизи дигар менамуд. Ҳунари коргардонии ӯ аз кино то кино рушд мекунаду пеш меравад. Филми навбатиаш «Додараки фариштаҳо», ки аз рӯи ҳикояи ҳамноми равоншод Сайф Раҳимзоди Афардӣ рӯи  навор омад, далели ин гуфтаҳо шуда метавонад. Ин бор низ тамошогарон, хосса мутахассисону ҳунармандони олами кино натиҷаи заҳматашро хуб пазируфтанд. Дар маросими супурдани нахустин Синамоҷоизаи миллӣ - «Тоҷи Сомон» «Додараки фариштаҳо» ҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳметраро соҳиб гардид.  
- Образҳои бадеии офаридаи Сайф Раҳимзоди Афардӣ бозгӯи зиндагии воқеии мардуманд, аммо, дар баробари ин, пурасроранд. Чӣ сабаб шуд, ки барои офаридани филм ба эҷодиёти ӯ рӯ овардед. Умуман, идеяи офаридани филм аз куҷо ва чӣ гуна пайдо шуд?  
- Осори устоди равоншод дар баробари ин, ки зиндагии воқеии мардумро  бозгӯ менамоянду пурасроранд, кинозеб низ ҳастанд. Ҳар нафари аз олами филмофарӣ огоҳ баробари  мутолиаи осораш ин ҳақиқатро зуд дармеёбад. Ман ба эҷодиёти ӯ аз соли 1997 ошно шудам. Он сол  Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия доир шуд. Сайф Раҳимзод, ки он замон раиси Кумитаи телевизион ва радио буд, ҳайатро роҳбарӣ мекард. Ман он замон дар курси коргардонии Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. В. Герасимов, (ВГИК)  таҳсил мекардам ва барои наворгирии чорабиниҳое, ки доир мешуданд, даъватӣ будам. Бо Сайф Раҳимзоди Афардӣ бори аввал ҳамин ҷо вохӯрдам. Вақте кӣ буданамро фаҳмид, маро наздаш хонда, ба оғӯш кашид. Гуфт: "Бачам, ба Душанбе баргард. Ту ба мо лозимӣ". Ҳамин тавр, ба ӯву эҷоди зебояш, ки дар  бисёр маврид дар мағз - мағзи он анъанаҳои хоси миллатамон  нуҳуфтаанд, пайвастам.
Баъди хатми Донишгоҳ ба Душанбе омадам. Вале Сайф қурбони тири ҳадафмандонаи душман гашта буд. Дар телевизион ба кор оғоз кардам. Андешаи аз рӯи ҳикояи «Додараки фариштаҳо» филм офариданро ҳамкорам пешниҳод намуд. Ва боз таъкид ҳам кард, ки Сайф сабки эҷоди ба худ хос ва фарқкунанда дорад, ки дарк намуданаш мушкил аст. Аммо ман, ки осори ӯро то ин дам мутолиа намуда будам, фалсафаи ҳикояро дарк кардам. Ба ман писанд омад, мехостам ҳарчи зудтар аз рӯи ҳикоя филме ба навор гирам. Баъдан фаҳмидам, ки бисёре аз коргардонҳо низ аз рӯи ҳикоя филм сохтанианд. Аз ин сабаб, кор ба таъхир уфтод. Бо гузашти солҳо,  филм аз ҷониби касе рӯи навор наомад, идеяи сохтанаш боз дар дили ман ҷӯш зад. 
- Ва билохира филм рӯи пардаи синамо омад…
Бале. Баъди он, ки Муҳаммадсаид Шоҳиён директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таъин шуд, маро барои ҳамкорӣ даъват кард. Ҳамин тавр, бо дастгирии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» «Додараки фариштаҳо» бо коргардонии ману наворбардории Шуҳрат Қурбонов рӯи пардаи синамо омад. Он ибтидои сол дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» рӯнамоӣ шуд.
Филм дар бораи писарбачаи хурдсоли 6 - 7-солае қисса мекунад, ки падару модараш банди хурофотанд. Онҳо ба ин андешаанд, ки сабаби марги ҳама кӯдаконашон аз қадами шуми писарашон аст ва ӯро гунаҳкор медонанд.  Писарбача тасмим мегирад, ки  пои худро сӯзонад, ва ба ин васила, хоҳараконашро аз марг наҷот диҳад. Аммо ин кори ӯ фоидае намеорад ва боз ҳам хоҳараш мефавтад. Бо вуҷуди ин ҳама дарду ранҷ писарбача ноумед нест ва руҳи шикастнопазир дорад. Ӯ ҳодисаи мотамро ба суру шодӣ табдил дода, ба ин васила, модар ва атрофи худро аз дарду ранҷ наҷот медиҳад.
- Дар филмофарӣ интихоби дурусти макони сабт нақши муҳим мебозад. 
Дар ин маврид зарур аст маконе  интихоб гардад, ки ба муҳтаво ё воқеияти асар мутобиқат намояд. Ба ин хотир, бисёр маврид филмофарон дар интихоби макон ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд.
- Мо низ атрофи интихоби натураи филм зиёд андеша кардем. Ба ҳайси коргардони филм, албатта, мехостам чизеро, ки устод дар ҳикоя тасвир намудааст, рӯи навор орам. Ба назари ман ҳамеша чунин менамояд, ки  Сайф Раҳимзод воқеаҳои даврони кӯдакии худро дар ҳикоя тасвир кардааст. Андешидам, ки агар кӯдакии адиб дар ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг ва сипас дар Фархор гузашта бошад, пас месазад нахуст он ҷоҳоро бинам. Нахуст, суроғи хонаи устод, ҷойе, ки кӯдакиаш паси сар шудааст, рафтам. Аммо он ҷо нишонае аз тасвирҳои ҳикояро пайдо накардам. Бо гузашти солҳо ҳама тағйир ёфтааст. Аз рӯи тасвири ҳикоя ба мо деҳае лозим буд, ки хонаҳояш кам ва ҳам аз ҳамдигар дур бошанд. Ба назарам чунин намуд, ки деҳаи Гулафшони ноҳияи Восеъ шабеҳи деҳаи дар ҳикоя тасвирёфта буд. Филмро пурра дар ҳамин ҷо ба навор гирифтем.
- Алиҷон Бобобеков аз уҳдаи иҷрои нақши писарбача хуб баромадааст. Рӯзи рӯнамоии филм дидам, ки дар толор ҳатто баъзе тамошогарон баробари ӯ ранҷ мекашиданду ашк мерехтанд.
- Ҷустуҷӯи писарак - иҷроку-нандаи нақши асосӣ зиёд тул кашид. Кӯдакеро меҷустем, ки дар олами рангини пурафсонаи хаёлоти худ парвоз кунад ва ҳам чеҳрааш шабеҳи қаҳрамони тасвиркардаи Сайф Раҳимзод бошад. Дар ҷустуҷӯ ва пайдо кардани ӯ  коргардони дуюм Манзаралӣ Шералӣ заҳмати зиёд кашид. Баъди  ҷустуҷӯи зиёд қаҳрамони асосӣ - писаракро аз Хона-интернати шаҳри Ваҳдат пайдо кардем. Ӯ тақрибан 5 - 6-сола аст.  Фаромӯш накунед, ки ин аввалин нақши офаридаи ӯ мебошад. 
Тавассути филм ҳунари ӯро кашф намудем. Ба андешаи ман оянда аз ӯ метавон ҳунарманди хубе тарбия намуд. 
 
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2022    №: 110    Мутолиа карданд: 484
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед