logo

иқтисод

ДЕҲҚОНИ НАВОВАР

 
- Наход, кишти картошка дар халта бошад?, -  гуфтам ботааҷҷуб пас аз шунидани таҷрибаи сокини маҳаллаи Саримазор, шаҳраки Ғончӣ Ғафур  Воҳидов.
Ба манзили зисти Ғ. Воҳидов рафтем. Ҳавлӣ он қадар калон набуд, назар ба гуфтаи соҳибхона бо ҷои хона ҳамагӣ се садяк. Аммо сарсабз. Аз диданаш ба қавле баҳри дили кас кушода мешавад. Сирпиёз, помидор, шалғам, турб, сабзӣ ва дигар намуди сабзавот  мавҷуд аст.  
Чун аз  мақсади ташрифи мо огоҳ шуд,  халтаҳои картошкаро, ки дар пояи девор гул кардааст, нишон дод. Шумурдем, ҳамагӣ 14 халта. Назар ба гуфтаи Ғафур дар ҳар халта ду донагӣ картошкаи тухмӣ ҳаст. Ба ҳар  яки он 1,5 сатил хоки омехтаи поруи маҳаллӣ, аррамайда (апилка) ва як чумча амофос андохтааст. Дар даҳ рӯз яксатилӣ об медиҳад.  
- Медонед, аррамайда боиси нарм доштани хок ва асоси нашъунамои  хуби решаю  ҳосилбандии картошка мегардад. Вақте гул мекунад, барои он ки  реша пурқуввату   ҳосил бисёр шавад, ҳатман гулро мебурам. Соли  рафта картошка чунон  ҳосил дод, ки як донааш аз ним  кило ҳам зиёд буд. Агар ба 14 халта 28 дона тухмӣ партофта бошам, бояд 140 килограмм ҳосил гирам. Мумкин аз вай ҳам зиёд шавад. Мо  бояд аз озуқаи маҳаллӣ ва обёрии саривақтӣ  истифода барему аз як гектар ҳосили ду гектарро гирем. Боз як таҷрибаи дигар, ки  аз деҳқони асил бобои Хидир омӯхта будам. Ин ҳам бошад ба танаи картошка пайванд кардани  помидор. Бисёриҳо бовар надоранд, аммо дар таҷриба дидам. Вақте ки дар  боғчаи «Дӯстӣ»-и шаҳри Истаравшан боғбон будам, дар чор-панҷ бех картошка помидорро пайванд кардам,  ҳосил дод, ҳама ангушти ҳайрат газиданд. Дар як вақт картошка халтаро сӯрох карда баромад. Сабаб он ки помидор нармии решаи картошкаро боло бурд.  Телевизиони маҳаллӣ хабар ёфту  ба навор гирифтанд…     
Ғафур боз қатораи халтаи  бодирингро нишон дод. Бодиринг, аллакай, дубарга шудааст. Дар чор халтаи  дигар тухмии чанд намуд ангур ва анор, ки  неш задаанд, нишони меҳнатдӯстии сарвари хонадон аст.
- Ҳамааш аз  меҳнат. Хоҳед, ки  рӯзгор ободу зиндагӣ хуб бошад, имкон ҳаст. Фақат дилгармӣ ба замин бояд бошад. Солиёни зиёд дар хоҷагии  имрӯзаи ба номи Абдусамад Қодиров ронанда будам. Пас аз  он ки хоҷагии қаблӣ пароканда шуд, чун саҳм 50 садяк токзори банестирасидаро ба ихтиёрам доданд. Ба  решаи ҳар бех  чуқурча кофта помидор шинондам. Шабона ҳамроҳи ҳамсарам бо сатил об кашонда ба решаи помидор мерезем. Ҳам аз помидор ҳосил рӯёндему ва ҳам натиҷа ин шуд, ки соли сеюм аз токи навъи чиллагӣ  то  400 кило ҳосил гирифтем. Меҳнат кардан мебояд. Пешвои миллат ҳар бор дар ин бобат мегӯянд. Тамоми имкониятро додаанд. Дасти деҳқон кушода, мадоме ки  чунин аст, бояд кор кунему заҳмат кашем. Наход, ки ба  чор хат замин  об наёбем. Фақат дилгармӣ ба замин лозим асту бас, - мегӯяд Ғафур Воҳидов.
 
Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ, 
рӯзноманигор аз ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2022    №: 110    Мутолиа карданд: 1350
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед