logo

сиёсат

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – САРЧАШМАИ САОДАТИ МИЛЛАТ

Имсол мардуми шарафманди тоҷик 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил ва бо шукргузорӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомати баланд таҷлил менамоянд. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 27 июни соли 1997 бо талошҳои бесобиқаи фарзанди фарзонаи миллат, дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. 
Масири тайнамудаи Тоҷикистони тоза ба истиқлолият расида, дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд. Замоне, ки кишвари соҳибистиқлоли мо ҳанӯз аввалин қадамҳои худро мегузошт, хоинони миллати тоҷик ва душманони давлат бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ кишварро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Даҳшати ин ҷанг ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум ва саҳифаҳои таърихи навини кишвар фаромӯш намешавад.
Аз ин нуқтаи назар, ваҳдати миллӣ заминаи саодати мардум ва пояи пешрафту ободии Ватан мебошад. Басо рамзист, ки соли ҷорӣ 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олиро таҷлил менамоем. Маҳз дар натиҷаи амалӣ гардидани қарорҳои иҷлосия дар мамлакат барои барқарорсозии сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ризоияти миллӣ, бунёди аркони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғози барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи устувор гузошта шуд.
Ҳаводиси солҳои ахир дар як қатор кишварҳо нишон дод, ки бо сабаби муноқишаҳои дохилӣ ва дахолати доираҳои манфиатдор одамон ба мушкилоти сангин, ихтилофҳои мазҳабиву мафкуравӣ гирифтор шуда, ин раванди ҳалокатбор боиси фавти садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта, тарки Ватан кардани миллионҳо нафар, аз рушду инкишоф бозмондани давлатҳо ва, ҳатто аз байн рафтани аркони давлатдорӣ гардидааст. Дар чунин вазъ давлати мо, ки оқибатҳои фоҷиабори чунин зуҳуротро аз сар гузарондааст, зери роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар тамоми сайёра мебошад. 
Бинобар ин, ғояи ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, ки падидаи муттаҳидсози миллат аст, дар байни сокинони мамлакат, аз ҷумла наврасону ҷавонон ба сифати воситаи муҳими таҳкими худшиносӣ ва тафаккури миллӣ бояд ҳарчи бештар тарғибу ташвиқ шавад.
Чунки ҳоло ҳам душманони давлату миллат зери пуштибонии хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд рӯзгори осудаи халқи ваҳдатшиори моро рахна намоянд. Воқеоти Бадахшон нишон дод, ки аъзои собиқ ҳизби террористии наҳзат мехоҳанд Тоҷикистонро ба вартаи ҷанг кашанд. Аз ин рӯ, ҷиҳати ҳифзи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти манфиатҳои милливу давлатӣ, шаъну шараф ва ғурури ватандорӣ бисёр муҳим мебошад. Хусусан, дар шароити ниҳоят мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба дасисаву фиреби ҳар гуна неруҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем ва ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз шаҳрванди Тоҷикистон будан ба ҳайси омили меҳварии муттаҳидсози ҷомеаро дар зеҳну шуури ҳар як шахс тақвият диҳем. 
 
Сайфиддин КАМОЛЗОДА, раиси суди шаҳри Ваҳдат, 
Алишер АНВАРЗОДА, корманди дастгоҳи суд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2022    №: 111    Мутолиа карданд: 1326
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед