logo

иҷтимоиёт

ТУТАК. ЧАРО ЧАНД МУШКИЛИ ЯК ҶАМОАТИ КАЛОН КАСЕРО НИГАРОН НАМЕКУНАД?!

Набудани оби нӯшоӣ, роҳ ва бунгоҳи тиббӣ мушкили асосии сокинони маҳаллаи Тутаки Ҷамоати шаҳраки Ховалинг ба ҳисоб меравад. Истиқоматкунандагони маҳаллаи мазкур (дар канори фурудгоҳ ҷойгир аст) мегӯянд, ки чанд сол аст, на об доранду на барқ. Иддаи онҳо аз идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия барқ мегиранд.  Ба гуфтаи сокинон, онҳо борҳо ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат карданд, вале касе ба додашон намерасад.
 
Як сокини маҳаллаи мазкур дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома гуфт:
- Наздики се моҳ буд барқ надоштем, вале ду рӯз пеш муваққатан барқ гирифтем. Обро бошад, гоҳ бо аробаю гоҳ бо мошин  меорем. Дуруст, ки бе об зиндагӣ кардан мушкил аст, вале чӣ илоҷ. 
Масъалаи дигари ҳалталаби маҳаллаи мазкур бартараф намудани симчӯбҳои фарсуда мебошад. Зеро пояҳо тамоман ба талабот ҷавобгӯ набуда, ҳоли ҳузнангез доранд. Баъзеи онҳо  аз шохаи дарахт сохта шуда, хавфи чаппа шуданашон аз эҳтимол дур нест. 
 Ҳусайнзода Файзулло, роҳбари дастгоҳи ноҳияи Ховалинг дар суҳбат афзуд:
- 40 дарсади истиқоматкунандагони маҳаллаи болозикр аз оби нӯшокӣ танқисӣ доранд. Аз барзиёдии буҷети маҳаллӣ барои маҳаллаи мазкур, то кунун маблағ пешбинӣ ва ҷудо нагардидааст.  
Номбурда иттилоъ дод, ки аз филиали шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Кӯлоб барои таъмини трансформатор ва поя дархост кардаанд. Вале то кунун ҳеҷ натиҷае нест.
Судурзода Сайвалӣ, сардори шабакаҳои барқи ноҳия, дар суҳбат иброз намуд, ки маҳаллаи мазкур беш аз 2000 хоҷагӣ дорад. Ӯ гуфт, ки як   трансформатор насб мекунанд. Вале нагуфт, ки кай? 
Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2010 дар маҳаллаи Тутак тақсимоти замини наздиҳавлигӣ оғоз гардида, то соли 2015 идома ёфтааст. Маҳаллаи фавқуззикр аз маркази ноҳия ҳамагӣ 2 – 3 километр дуртар ҷойгир мебошад. 
Суоли матраҳ  ин аст, ки оё Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тавони харидории як трансформатор ва чанд дона симчӯбро надорад? Бемасъулиятии масъулон то ба кай кашол меёфта бошад? 
“Ҷумҳурият” мавзуъро пайгирӣ хоҳад кард.
 
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2022    №: 111    Мутолиа карданд: 890
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед