logo

ҳуқуқ

ҚАЛЛОБӢ. НИГАРОНӢ АЗ АФЗОИШИ ҶИНОЯТКОРӢ ВА ҲУШДОРЕ БА ШАҲРВАНДОН

Яке аз зуҳуроти номатлуби солҳои охир дар соҳаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ин қаллобӣ мебошад, ки тавассути баъзе ашхоси маккору манфиатҷӯй ба вуҷуд омада, ба муносибат ва боварии байниҳамдигарӣ дар ҷомеа таъсири манфӣ мегузорад. Ҷои таассуф аст, ки ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҷумҳурӣ солҳои охир тамоюли зиёдшавӣ дошта, афзоиши онҳо дар соли 2021 нисбат ба соли 2020-ум 16,4 фоизро ташкил кардааст.
Вобаста ба хусусиятҳои содиршавии ҷиноятҳои қаллобӣ пешгирии онҳо дар марҳилаҳои аввал душвор мебошад, зеро дар бисёр маврид ҷабрдидаҳо муҳлатҳои тулонӣ аз дучори макру фиреб гардиданашон бехабар мемонанд. Чунин ноогоҳӣ ба ҷинояткорон имкон медиҳад, ки амалҳои худро идома дода, доираи боз ҳам бештари шаҳрвандонро ба доми худ кашанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари ҷиноятҳои қаллобӣ ба муносибатҳои ҳуқуқии алоқаманд ба харидуфурӯши манзил, замин, воситаҳои нақлиёт, додану гирифтани қарз ва амсоли он марбут мебошанд. Дар баъзе мавридҳо ҳангоми бастани аҳдҳо оид ба харидуфурӯши манзили истиқоматӣ шахсони алоҳида бо роҳи фиреб як манзили истиқоматиро ба чанд нафар мефурӯшанд. 
Масалан, шаҳрвандон Ф. М. Авғонов ва С. А.Ҳалимов аз моҳи январи соли 2021 то моҳи июни соли 2021 ба боварии теъдоде аз шаҳрвандон даромада, худро ба сифати тиҷораткор ва сохтмончии биноҳои баландошёна муаррифӣ намуда, аз 11 нафар, дар маҷмуъ, 1 197 000 сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки ба онҳо дар бинои баландошёнаи сохташаванда манзилҳои истиқоматӣ ҷудо хоҳанд намуд. Онҳо пас аз гирифтани маблағҳо амалеро иҷро накарда, ба ҷабрдидагон (11 нафар) зарари махсусан калони моддӣ расондаанд.
Ё худ, роҳбари ҶДММ “Самад – 2000” Саидҷаъфари Мирзораҷаб соли 2017 ба боварии 28 шаҳрванд даромада, бо роҳи фиреб аз онҳо, дар маҷмуъ, беш аз 3 миллион сомонӣ гирифта, тибқи шартнома уҳдадорӣ гирифтааст, ки аз бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Ваҳдат барояшон манзили истиқоматӣ медиҳад. Аммо, аз уҳдадориҳои шартномавӣ сарпечӣ намуда, ба онҳо манзили истиқоматӣ надода, зарари махсусан калони моддӣ расондааст, ки дар ҳар ду ҳолат нисбат ба ин қаллобон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол шудаанд.
Чунин мисолҳоро бисёр овардан мумкин аст, ки шаҳрвандон, бахусус дар мавриди саҳмгузорӣ дар бунёди манзилҳои истиқоматии бисёрошёна ба доми макри қаллобон афтида, зарари калони моддӣ мебинанд. Ба назар мерасад, ки қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ дар ин самт ба такмил ниёз дошта, зарурати пурзӯр намудани кафолатҳои ҳуқуқии устувории муносибатҳои шартномавӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои ба сифати саҳм супоридаи шаҳрвандон ва сари вақт ба анҷом расондани сохтмони биноҳо тариқи ба роҳ мондани назорати махсусгардонидашудаи давлатӣ дар ин самт ба миён омадааст. 
Солҳои охир вобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар омилҳо ҳодисаҳои фиреб додани шаҳрвандон дар масъалаи қарзгирӣ ва қарздиҳӣ бо фоиз зиёд ба миён меояд. Гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки шаҳрвандонро ба доми худ афтонда, бо ваъдаи додани фоизи баланд маблағҳои онҳоро ба даст дароварда, минбаъд аз баргардондани ин маблағҳо саркашӣ менамоянд. Чунончи, шаҳрванд Қ. А. Нуруллоев ба боварии шаҳрванд У. Ғ. Султонов даромада, аз ӯ 37000 доллари ИМА гирифта, бовар кунондааст, ки ин маблағро бо фоизаш бармегардонад. Аммо, қаллоб пулро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ба У. Ғ. Султонов ҳеҷ маблағе надодааст, ки нисбат ба ӯ чораи дахлдори қонунӣ андешида шудааст. Чунин мисолҳоро дар таҷрибаи тафтишотиву судӣ бисёр вохӯрдан мумкин аст. Қаллобон роҳҳои фиребу макрро хуб омӯхта, ашхоси содаву зудбоварро осон ба ҳадаф мегиранд ва шаҳрвандон бояд аз фиреби чунин нафарони беинсоф эҳтиёт бошанд. Ҳамзамон, таҳлили ҷиноятҳои қаллобии алоқаманд ба қарзгирии шаҳрвандон нишон дод, ки он дар баъзе ҳолатҳо бо айби худи ҷабрдидагон ба амал меояд. Зеро аксарият бо мақсади гирифтани фоизи баланд, яъне даромади муфт ба доми мардумфиребон меафтанд. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандон низ бояд аз доми фиреби қаллобон дурӣ ҷуста, аз қарзгирӣ ва қарздиҳӣ бо фоиз худдорӣ намуда, ҳавову ҳаваси гирифтани фоизи баландро дар сар напарваранд.
Зимнан, дар бисёр ҳолатҳо қаллобон гирифтани қарз барои тиҷорат ва ба ғайринақдӣ гирифтани воситаҳои нақлиётро ҳамчун воситаи фиреб истифода бурда, шумораи зиёди шаҳрвандонро ба доми худ мекашанд. Чунончи, шаҳрванд Ф. Ҷ. Бебудов моҳи октябри соли 2015 ба боварии шаҳрванд Б. А. Абдуллоев даромада, бо ҳадафи амалӣ намудани мақсади ғаразноки худ аз ӯ автомашинаи тамғаи “Порше-панамера”-ро ба маблағи 43 ҳазор долари ИМА гирифта, ваъда додааст, ки онро пас аз се рӯз пардохт менамояд. Баъдан, автомашинаро ба шахси дигар 40 000 (чил ҳазор) доллари ИМА фурӯхта, маблағро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст. Ё ин ки Ҳ. Р. Амирраҳтамов моҳи майи соли 2021 ба телефони мобилии С. Х. Искандарзода занг зада, ӯро бовар кунондааст, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дошта, аз он ҷо мошини тамғаи “Тайота Камри”-ро бо нархи арзон ва бидуни барасмиятдарории гумрукӣ бар ивази 7500 доллари ИМА дарёфт кардааст. Дар як вақт барои ба боварии С. Х. Искандарзода даромадан, тавассути телефони мобилӣ аксҳои нақлиётеро равон кардааст. С. Х. Искандарзода баъд аз дидани аксҳои мошин ба Ҳ. Р. Амирраҳтамов бовар карда, ҷиҳати харидани он ба номбурда 7500 доллари ИМА фиристодааст. Пас аз гирифтани маблағ Ҳ. Р. Амирраҳтамов ғайб задааст.
Ба ҳамин монанд, М. Ҳ. Таваров моҳи октябри соли 2019 ба боварии шаҳрванд М. У. Саибов даромада, аз номбурда 16 800 доллари ИМА гирифта, ваъда додааст, ки аз Аврупо барои ӯ мошини тамғаи «Ауди-8» меорад. Аммо, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсии худ истифода намуда, ба М. У. Саибов зарари махсусан калони моддӣ расондааст, ки бо ҳукми суд маҳкум шуд.
Мутаассифона, то ба имрӯз ҷиноятҳои қаллобӣ, дар мавриди ҷудокунии қитъаҳои замин бо истифодаи ҳолатҳои зиёди тасарруфи маблағҳои пулии шаҳрвандон ҷой дорад. Мақомоти прокуратура барои ғайриқонунӣ додани қитъаҳои замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳои баръало қалбакӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, пас аз тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намуда, шахсони гунаҳгор бо ҳукмҳои суд маҳкум шудаанд. Омилҳои асосии ба осонӣ фирефта шудани шаҳрвандон дар ин маврид ноогоҳӣ аз қонунгузории вобаста ба замин, истифодаи қитъаи замин, боварӣ ба баъзе кормандони кумитаҳои замин, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул мебошад, ки бо суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ амал намуда, бо қарору санадҳои ғайриқонунӣ қитъаҳои заминро ба шаҳрвандон вобаста карда, ба ин восита боиси зарари калони моддӣ дидани онҳо мегарданд.
Дигар шаклҳои нисбатан паҳншудаи қаллобӣ ин бидуни нияти баргардонидани қарз, аз тариқи ғайринақдӣ гирифтани маблағҳои пулӣ ё молу маҳсулот аз шаҳрвандон, бо фиреб ба гарав гузоштани манзилҳои истиқоматии дигарон ва бо ин васила гирифтани қарзҳои бонкӣ, дидаву дониста мавриди харидуфурӯш қарор додани манзилҳои истиқоматӣ ва дигар молу мулки баҳснок мебошад. Аз омӯзиши муроҷиатҳо оид ба масъалаи мазкур бармеояд, ки ҳар як муроҷиати даҳуми шаҳрвандон, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ворид мегардад, қарзгирӣ ва қарздиҳӣ бо фоиз мебошад. 
Чунончи, шаҳрванд Абубакр Азизхоҷаев бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд О. Суробшоева даромада, манзили истиқоматии ӯро дар бонки «Фононбонк» ба гарав гузошта, 9000 доллари амрикоӣ қарз гирифта, ваъда додааст, тиҷорат карда маблағҳои бонкро бо фоизҳояш дар муддати 1 сол ба пуррагӣ пардохт намуда, ҳуҷҷатҳои хонаи мазкурро бармегардонад. Вале маблағҳои бо ин роҳ бадастовардаашро ба манфиати шахсияш сарф намуда, барои боварӣ ҳосил намудани шаҳрванд О. Суробшоева дар аввал дар бонки мазкур қисман фоизҳои бонкро супорида, баъдан ғайб задааст. Дар ҳамин ҳол, бинобар дар муҳлати тулонӣ ба бонки мазкур насупоридани маблағ «Фононбонк» гарави гузошташуда, яъне хонаи истиқоматии зикршударо дар асоси таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 3 марти соли 2021 ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридааст, ки дар натиҷа ба шаҳрванд О. Суробшоева зарари махсусан калони моддӣ расидааст.
Вобаста ба ин ҳолат, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, А. Азизхоҷаев ба ҷавобагарӣ кашида шуд.
Мавриди зикр аст, ки бо парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба қаллобӣ барқарор намудани зарари расондашуда душвориҳои худро дорад. Аксари айбдоршавандагон чун қоида дар номи худ молу мулк надошта, дар рафти тафтишот муайян кардани молу мулки ба номи дигар кас номнависшуда, ҳамчунин, дар куҷо сарф шудани маблағҳои тасарруфнамудаи онҳо ба мақомоти тафтишотӣ мушкилӣ эҷод менамоянд. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандон бояд дар мавриди бастани аҳдҳои тиҷоратӣ эҳтиёткорӣ намуда, танҳо ҳангоми эътимоднок будани аҳд ва мавҷуд будани кафолатҳои нарасидани зиён ба манфиатҳои худ ба чунин иқдом даст зананд.
Мақомоти прокуратура ҳамеша баҳри пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла қаллобӣ чораву тадбирҳои имконпазирро меандешад. 
 
А. ҲИКМАТУЛЛОЗОДА, муовини якуми Прокурори генералии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2022    №: 111    Мутолиа карданд: 2476
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед