logo

иҷтимоиёт

«ҶУМҲУРИЯТ» ПАЙИ АРЗИШҲОИ МИЛЛИСТ

Миллати тоҷик дар таърихи тамаддуни башар ҳамчун миллати фарҳангсолору фарҳангсоз муаррифӣ гардида, на танҳо бо забону адабиёт, расму оин ва анъанаҳои некаш, балки бо пироҳан ва сарпӯшҳои махсуси худ шинохта шудааст. Либос, аз ҷумла кулоҳи тоқӣ ҳамеша яке аз арзишҳои асосии таҷассумгари фарҳанги миллӣ ва ҳувияти миллӣ ба шумор мерафт. Банда аз муаллифони фаъоли рӯзномаи маъруфи «Ҷумҳурият» ҳастам. Чанд сол пеш маҳз барои мақолаи «Тоқии миллӣ – рамзи тоҷикон», «Аллома Ғафуров ва хотираҳои неки Ливендра Каушник» яке аз ғолибони озмуни ҷумҳуриявии ин ҷаридаи таърихӣ гардида, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо туҳфаву дипломи таъсисдодаи муассисони озмун қадр шуда будам. 
 
Мақолаи ходими навқалами рӯзномаи «Ҷумҳурият» Бузургмеҳри Баҳодурро бо унвони «Тоқӣ ҷузъи либоси миллии тоҷикон аст» (аз 4-уми майи соли ҷорӣ) мутолиа кардам. Ин матлаби хубро шоир ва рӯзноманигор Раънои Зоирдухт дар нашрияи «Ганҷи ороста» бознашр намуд, ки ҷомеаи мадании шаҳри Истаравшан аз аҳамияти ин унсури миллии тоҷикон огоҳии бештар ёфтанд.
Муаллиф дуруст менависад, ки миллати тоҷик аз қадимулайём тоқибасар буд ва пӯшидани ҳар навъ сарпӯш маъниву мазмунҳои хос дошт. Агар онро ба мафҳуми бадеиву китобӣ рамз ё намоди миллат унвон диҳем, бо истилоҳи дигар онро метавон бренди тоҷикон гуфт. Воқеан ҳам, устод Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва даҳҳо шахсиятҳои номвар тоқиро на танҳо ба рамзи миллати мо, балки ба намоди халқиятҳои гуногуни Осиёи Марказӣ табдил дода буданд.
Дар замони шуравӣ вақте Шарқ мегуфтанд, ҳатман мардумони тоқибасар, нонҳои даврашаклу офтобӣ, занони атласбабар ба зеҳни хориҷиён мерасид. Чи шуд, ки ҳоло ҷавонон ба осонӣ «шайдо»-и либоспӯшиву кулоҳпӯшиҳои хориҷиён гардидаанд. Ҳатто мебинем, ки дар маъракаҳои мотамдорӣ низ ҷавонони мо бо тоқиҳои истеҳсоли давлатҳои ғайр меоянд.
Имрӯз, чи тавре дар мақола низ ишора мешавад, тоқӣ, махсусан тоқиҳои чустӣ ба доираҳои маҳдуди аҳолӣ гӯё дахл дошта, чунин ба назар мерасад, ки онро танҳо дар мотаму маъракаҳои азодорӣ мепӯшанд. Аммо ҳаргиз чунин нест ва агар чунин буд, мардуми дурандешу ҳикматпарвари мо ҳаргиз ба сари кӯдаку навраси ба тӯйи суннатӣ расида ва домод бо ният тоқии чустӣ намепӯшонданд. Ҳамин анъанаи дерин, ки имрӯз побарҷост, собит мекунад: тоқӣ барои ҳамаи рӯзҳои рӯзгорони мувофиқу шинам ва зебанда аст.
Тазаккур додан зарур аст, ки тоқидӯзӣ ва донандагони асрори ин пеша дар Истаравшан ҳанӯз ҳам пайи коранд. Ҳарчанд ки шумораи онҳо низ хеле кам аст, аммо медӯзанд ва бозори бузургу фарогири шаҳрро бо тоқиҳои гуногуншаклу гуногуннақши чустӣ таъмин мекунанд.
Бисёр хуб шуд, ки бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор сол ба ҳунарҳои мардумӣ арҷ гузошта, тоқидӯзони мо низ дар озмуну фестивалҳои гуногун иштирок карда, ба касби бобоии хеш завқу шавқи бештар пайдо карданд.
Иқдоми «Ҷумҳурият» дар мавриди тарғиби тоқии миллӣ қобили таҳсин аст. Ин рӯзнома боз ҳам собит кард, ки матлабу мақолаҳояш дар меҳвари арзишҳои миллӣ мечархад ва аз тақвиятбахшандагони сиёсати фарҳангии Пешвои миллат мебошад.
 
Сайфулло МАХКАМОВ,
собиқадори матбуот, шаҳри Истаравшан
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2022    №: 111    Мутолиа карданд: 471
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед