logo

маориф

МАОРИФ. МУШКИЛЕ НЕСТ, КИ ОСОН НАШАВАД...

Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад. Ба ин хотир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Тамоми чораҳоро меандешанд, то маориф пеш равад, ҳамқадами замон гардад ва ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардад.
Натиҷаи ҳамин талошҳои хастанопазир буд, ки соҳа дар  даҳсолаи охир хеле рушд намуда, ба низоми муайян даромад. Ин муддат дар шаҳру навоҳии кишвар муассисаҳои ҷавобгӯ ба талаботи давр сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта ба истифода супурда шавад.
Ҳоло ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисоси омӯзгорони ҷавони баландихтисос эътибори махсус зоҳир мешавад. Имрӯз Ҳукумати кишвар барои дастрасии хонандагон ба таҳсилоти босифат чораҳои зиёде андешидаву роҳандозӣ менамояд, ки ин боиси боло рафтани дониши хонандагон мегардад. Вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои  иттилоотӣ  бояд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсилоти рақамӣ  гузаранд. Ин тасмим бо назардошти рушди ҷомеа ва навсозии системаи таҳсилот гирифта шудааст ва боиси дастгирӣ мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳақиқат рушди технологияҳои ҷадид раванди фаъолияти соҳаҳои мухталифро тағйир додаанд. Ин бори дигар собит месозад, ки пешрафтро бе истифода аз  технологияҳои ҷадид наметавон ба даст овард. Ҳоло дар ҷаҳон соҳаҳои гуногун ба фаъолияти рақамӣ гузаштаанд. Дар ин сурат, пеш аз ҳама, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шабакаи интернет пайваст мегарданд. Имкон пайдо мешавад, ки мутахассисони ояндаро бо истифодаи дурусти техникаву технологияҳои ҷадид, дастрасӣ пайдо намудан ба манбаъҳои гуногуни илмӣ ва ба ин роҳ васеъ намудани донишу ҷаҳонбинии онҳо тарбият намоем. 
Бо ин роҳ шароит фароҳам меояд, ки ба китобхонаҳои электронӣ дастрасӣ дошта бошем. Хонандагон имкон пайдо мекунанд, ки китобҳоро тавассути телефони мобилӣ ва планшет истифода намоянд. Омӯзгороне, ки таҷрибаи хуб доранд, раванди дарси онҳо ба навор гирифта шуда, пешкаши хонандагон мегардад. Хонандагон метавонанд тавассути технологияҳои нав дарсҳоро тамошо намоянд. Наворҳо дар шакли диск низ ба хонандагон пешниҳод мегарданд. 
Масъалаи дигаре, ки ҳоло ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешавад, ин омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, таббиӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ мебошад. Ба ин хотир, ҳоло дар соҳа барномаҳои гуногун амал менамоянд, ки тибқи онҳо муассисаҳои таълимӣ давра ба давра  бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ таъмин мегарданд. Натиҷаи ин ва дигар ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар  аст, ки шумораи хонандагони дар олимпиадаҳои байналмилалӣ  иштироккунанда сол ба сол зиёд мегардад. Итминон дорем, ки ҷавонони мо оянда ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар ноил мегарданд.
 
Таҳмина ЗАМОНОВА, омӯзгори МТМУ № 14, ноҳияи Масчоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2022    №: 111    Мутолиа карданд: 3573
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед