logo

Хабарҳо

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

 
Вазирони тандурустии кишварҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Тошкент дар Форуми байналмилалии “Ҳамгироии тибби анъанавӣ ба системаҳои муосири тандурустӣ” ширкат карданд. Дар Форум ҳузури намояндагони муассисаҳои таълимии давлативу ғайридавлатӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, мутахассисони клиникаҳо, марказҳои тиббӣ ва солимгардонӣ, тавлидкунандагони воситаҳои дорувор ва асбобу таҷҳизоти тиббӣ, вакилони ташкилотҳо ва ширкатҳои гуногуни марбут ба соҳа низ таъмин гардид.
Тавре вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба “Ҷумҳурият” гуфт, масъалаи ворид намудани табобати анъанавӣ ё халқӣ ба системаи тандурустии муосир хеле муҳим мебошад.
-Чунин бархӯрд имкон медиҳад, ки як қатор бемориҳои ғайрисироятӣ, мисли бемориҳои дилу саратон, диабет ва музмини шуш аз роҳи истифодаи табобати анъанавӣ муолиҷа карда шаванд. Мо дар шароите ба сар мебарем, ки сол аз сол бемориҳои онкологӣ рӯ ба афзоиш овардаанд. Масъалаи асосӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани бемориҳои онкологӣ ташхиси саривақтӣ мебошад. Мо талош мекунем, ки  таҷрибаи кишварҳои ҳамкори худро дар ин самт корбаст кунем ва ҳарчи бештар аз доман фарох намудани ин бемориҳо ҷилавгирӣ ба амал ояд. Ҳадафи асосӣ ноилшавӣ ба коҳиши фавти беморон мебошад. Барои ҳамин пизишкони тоҷик низ бар ин ақидаанд, ки истифодаи табобати анъанавӣ аллакай боиси эътироф гаштааст ва дар таҷриба истифода аз он ҳаргиз аз манфиат холӣ нест, - изҳор намуд Ҷамолиддин Абдуллозода.
- Мо зимни мулоқот бо вазири тандурустии Ӯзбекистон Беҳзод Мӯсоев масъалаҳои рушди сайёҳии тиббӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар як қатор соҳаҳо, аз қабили вирусология, микробиология, иммунология, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ин соҳа, омодасозии мутахассисонро гуфтугӯ кардем. Бо эътимоди қавӣ мешавад гуфт, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сифати ду кишвари дӯст, хосатан шарикони стратегӣ дар соҳаи тандурустӣ низ ҳамкориҳояшонро беш аз пеш тавсеа медиҳанд, - гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.
Рӯзи дуввуми Форум вазирони тандурустии кишварҳои аъзои СҲШ ҷамъомади панҷуми худро баргузор карданд. 
Ҳар як намояндаи давлатҳои аъзои ин созмони бонуфуз зимни суханронӣ дар мавриди он табодули назар кард, ки сохтори тандурустии кишвараш то чи андоза ислоҳ мехоҳад. Гузашта аз ин, барои ҳамгироии табобати халқӣ ё анъанавӣ бо тибби муосир бояд ҳамаашон муштаракан талош ба харҷ диҳанд. Дар он сурат натиҷаҳои босамар ба бор хоҳанд омад.  
Яке аз масъалаҳои мубрами ҷамъомад коҳиши хавфи бемориҳои сироятнашаванда ва мубориза барои ҷилавгирӣ аз пахши ин бемориҳо арзёбӣ гардид. Инчунин, истиқболи тавсеаи ҳамкории миёни марказҳои пешрафта, эътирофи сертификатҳои эмкунии ҳамдигар, профилактикаи пахши коронавирус, татбиқи диагностика ва усулҳои варзидаи муолиҷа, такмили касб дар кишвари ҳамдигар ва амсоли он  муайян карда шуд.
Ҷамъомад лоиҳаи “Харитаи роҳ”-ро баъди муҳокима қабул кард.  Дар фарҷом вазирон ва шахсони масъул ба протоколи ҷаласа имзо гузоштанд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7435
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед