logo

Хабарҳо

30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

 
Хобгоҳи №1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар кӯчаи Нахимова 64/10-и ноҳияи Сино ҷойгир аст, баъд аз таъмири асосӣ ба 30 омӯзгор ва кормандони ҷавони Донишгоҳ ҳамчун манзили истиқоматии хизматӣ супурда шуд. Иқдоми мазкур дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид. 
Тавре аз маркази иттилоотӣ – таҳлилии Донишгоҳ хабар доданд, дар маросими супурдани хонаҳо муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд. 
Хобгоҳ, ки дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт воқеъ аст, аз соли 1976 то оғози соли равон хобгоҳи донишҷӯён буд. Баъди бунёди хобгоҳи 12- ошёна барои беш аз 1000 донишҷӯ, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак, донишҷӯёни хобгоҳи № 1 ба хобгоҳи нав кӯчонда шуданд. 
 
 
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ 
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар вохӯрии сеюми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ-Чин», ки дар шаҳри Нур - Султон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора  Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
Дар нишаст ҷонибҳо роҳҳои татбиқи минбаъдаи ташаббусҳоеро, ки 25 январи соли равон дар Саммити маҷозии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ-Чин бахшида ба 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ пешниҳод шуданд, баррасӣ карданд.
Дар натиҷаи ҷаласа Изҳороти муштараки вохӯрии сеюми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ-Чин», «Харитаи роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2022-2025» ва ташаббусҳо роҷеъ ба амнияти махзанҳои иттилоотӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамгироӣ қабул гардид.
 
 
Аз қабули Қонуни зиндагисоз 15 сол сипарӣ гардид
Бо ташаббуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва бо иштироки  кормандони масъули ин мақоми олии қонунбарор бахшида ба 15-умин солгарди қабули Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.
Раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани зуҳуроти манфии ҷомеа соли 2007 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳияи санади меъёрии танзимкунандаи масъалаи мазкур ба масъулин дастур дода шуд. Бо ин мақсад, дар баробари олимони соҳаи ҳуқуқ, доираи васеи уламои дин, аъзои фаъоли ҷомеа ҷалб гардида, зиёда аз 20 ҳазор дархосту пешниҳодҳо барои ба танзим даровардани ин муносибати ҷамъиятӣ манзур гардиданд. Дар натиҷа, консепсияи ягонаи танзими анъана ва ҷашну маросим таҳия шуда, бо ташаббуси Президенти мамлакат бори нахуст дар таърихи қонунгузории мамлакат 8  июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
 
 
Мулоқоти сафир бо ректори Донишгоҳи Анқара
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо ректори Донишгоҳи Анқара профессор, доктор Неҷдет Унувар мулоқот кард, - хабар дод Вазорати корҳои хориҷӣ. 
Ҷонибҳо оид ба масоили таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаи мазкур, алалхсус вазъи таълим ва шароити зисти онҳо, зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи мазкур суҳбат карданд.
Донишгоҳи Анқара бо 19 факултет, 14 институт, 12 техникум, 1 Консерваторияи давлатӣ, 44 Маркази тадқиқотӣ, 1 Коллеҷи забонҳои хориҷӣ ва 4 000 муаллиму 70 000 донишҷӯ фаъолият менамояд. 
 
 
Бизнес-форум миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва Россия баргузор мегардад
14 июни соли равон дар шаҳри Душанбе Бизнес - форум ва вохӯрии дуҷониба (B2B) миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Кирови Федератсияи Россия баргузор мегардад. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ,  Бизнес - форум аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «ЭКСКОН Групп»- и Россия  гузаронда мешавад.
Ҳайати тиҷоратии вилояти Киров, ки ширкату корхонаҳои миёна ва бонуфузро дар бар мегирад, бо мақсади аз наздик шинос шудан  бо  имкониятҳои соҳибкориву сармоягузорӣ ва пайдо намудани шарикони тиҷоратии  худ ба Тоҷикистон меоянд.
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4330
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед