logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ

 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян карда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) мораторий ба санҷишҳо – муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси Қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ;
2) субъектҳои соҳибкорӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд;
3) санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ – намуди фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои  соҳибкорӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) мақоми ваколатдори давлатӣ – мақоми давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки барои мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳо масъул мебошад;
5) давраи мораторий ба санҷишҳо – муҳлате, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, дар давоми он санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ манъ карда шудаанд;
6) мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ – мақомоти давлатие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколати гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мебошанд;
7) Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ – мақоми машваратии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиширо таъмин менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ вобаста ба мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро мегузаронад.
Моддаи 4. Боздоштани амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 5 Қонуни мазкур, боздошта мешавад.
Моддаи 5. Истисно аз татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ
1. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ оид ба иҷро намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба муқаррароти моддаи 4 Қонуни мазкур, дар ҳолатҳои зерин таъин ва бо огоҳонидани Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ гузаронида мешавад:
1) агар оид ба таъмин нагардидани сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи доруворӣ нисбат ба фаъолияти субъекти соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (истеъмолкунандаи маҳсулот) ба мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ аризаи хаттӣ ва ё дархост ворид гардад, санҷиш дар доираи муроҷиати пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад;
2) бо мақсади танзими давлатии дурустии ташаккулёбӣ ва татбиқи нархҳои мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ;
3) дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ ҳангоми азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ;
5) дар асоси дархости расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ.
2. Санҷишҳое, ки тибқи қисми 1 моддаи мазкур гузаронида мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо қайд карда мешаванд.
Моддаи 6. Ҳалли баҳсҳо
Баҳсҳо вобаста ба татбиқи мораторий ба санҷишҳо аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 7. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 8. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» аз 21 феврали соли 2018 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2018, № 2, мод. 64; с. 2019, № 4-5, мод. 229) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 9. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 июни соли 2022, № 1874
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти 
субъектҳои соҳибкорӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси   намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон            қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2018, №994 «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2018, №2, мод. 96; с. 2019, №2-3, мод.110)  аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                 М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 27 апрели соли 2022, № 700
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 30 майи соли 2022, № 273


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2022    №: 112 - 114    Мутолиа карданд: 1225
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед