қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 616; с. 2016, №3, мод. 147; с. 2018, №5, мод. 283; с. 2019, №4-5, мод. 222) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 8:
- сархати дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва маърифати экологии фарзанд чораҳо андешанд;»;
- сархати нуздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ба фарзанд барои рондани воситаҳои нақлиёт бе гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин барои омадан ба муассисаи таълимӣ бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ иҷозат надиҳанд;»;
- ба сархати бисту якум пеш аз калимаи «асосҳои» калимаҳои «ба фарзанд» илова карда шаванд.
2. Дар номи моддаи 14 ва қисми 1 моддаи 15 калимаи «тариқи» ба калимаи «таври» иваз карда шавад.
3. Дар қисми 3 моддаи 15 калимаҳои «мекунанд», «тариқи», «падару модар» ва «мебошанд» мувофиқан ба калимаҳои «мекунад», «таври», «худ» ва «мебошад» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 июни соли 2022, № 1885
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 27 апрели соли 2022, №713
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 30 майи соли 2022, №272
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.06.2022 №: 112 - 114 Мутолиа карданд: 2891